Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати HRW ба раҳоии журналисти тоҷик аз зиндон


Аминҷон Гулмуродзода
Аминҷон Гулмуродзода

Human Rights Watch(HRW) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ҳукми зиндони журналист Аминҷон Гулмуродзодаро лағв ва ӯро билофосила озод кунад.

Human Rights Watch (HRW), ё Дидбони ҳуқуқи башар, як созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ҳукми хабарнигори 33-солаи Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон Аминҷон Гулмуродзодаро, ки бо ҷурми тақаллуби аснод ба 2 соли зиндон маҳкум шудааст, лағв карда, ин журналисти мустақилро билофосила озод кунад.

Ҳю Виллямсон, раҳбари барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Human Rights Watch рӯзи 1 сентябр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт:

“Ба назари мо, мурофиа ва ҳукми Гулмуродзода ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ӯро барои шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаи тақаллубӣ ба 2 соли зиндон маҳкум карданд. Вале ӯ ин ду санадро замоне гирифтааст, ки ҳанӯз ноболиғ буд. Ва рӯшан аст, ки мақомоти Тоҷикистон ин қазияро барои муҷозоти як гузоришгари мустақил истифода кардаанд. Маълум аст, ки ҳукумат мехоҳад аз тариқи мурофиаҳои додгоҳии бидуни далелҳои шайъӣ ва шавоҳиди мушаххас даҳони журналистони мустақилро бубандад.”

Ҳю Виллиамсон
Ҳю Виллиамсон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 18 август Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва писари марҳум Пайванди Гулмурод, декани собиқи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллиро ба ҷурми сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Гулмуродзода дарҳол баъд аз эълони ҳукмаш дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Хуршед Исозода, додраси парванда гуфт, ки вай ин муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш умумӣ паси сар хоҳад кард. Оқои Исозода гуфт, Аминҷон Гулмуродзода бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, такроран" гунаҳкор дониста шудааст.

Тафтиши парвандаи Аминҷон Гулмуродзодаро раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе анҷом додааст. Аминҷон Гулмуродзода ба он айбдор мешавад, ки гӯё соли 1989, вақте ҳамагӣ 7 сол дошт, бо ёрии падараш Пайванди Гулмурод аз бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС-и ноҳияи Рӯдакӣ шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст, ки ба бовари тафтишот, қалбакӣ мебошад. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шудааст. Мақомот дар ин аъмол марҳум Пайванди Гулмурод, падари Аминҷони Гулмуродзодаро, ки ду сол пеш вафот кард, низ шарик медонанд.

Аммо Аминҷон Гулмуродзода иддаои мақомотро рад карда, мегӯяд, шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳуввияташро бо роҳҳои қонунӣ гирифтааст. Ҳю Виллямсон, раҳбари барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Human Rights Watch дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, қазияи Гулмуродзода танҳо мавриди талоши мақомоти Тоҷикистон барои хомӯш кардани садоҳои интиқодӣ нест: “Маҳдудиятҳои ҷадид дар роҳи фаъолияти матбуоти мустақил, ба зиндон кашондани журналистони дигар ва намояндагони мухолифин, дархости истирдоди фаъолон аз кишварҳои дигар – ин ҳама барои мо манзараи нохушояндеро мекашанд, ки чигуна ҳукумат талош дорад садоҳои мустақили интиқодиро хомӯш кунад.”

Виллямсон ин ҳамаро дар роҳи озодии матбуот ва озодии баён ба қафо қадам андохтани Душанбе меномад ва мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ба тааҳҳудоташ дар масъалаи эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ амал кунад. Ба ақидаи ин ҳомии ҳуқуқ, ҳукумати Тоҷикистон бояд ба обрӯи байналмилалии худ бияндешад. Ҳю Виллямсон мутмаин аст, ки раҳоии билофосилаи Аминҷон Гулмуродзода ва лағви иттиҳомоти, ба таъбири ӯ, “машкук” алайҳи ин журналист метавонист паёми мусбати Душанбе ба нигарониҳои афзояндаи ҷомиаи байналмилалӣ нисбат ба хатти машши феълии ҳукумати Тоҷикистон шавад. Аминҷон Гулмуродзода соли 2003 риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, дар нашрияҳои “Қалам”, “Факты и комментарии”, “Маърифати омӯзгор” ва ҳам дар сомонаи Радиои Озодӣ кор кардааст. Солҳои охир корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон буд ва сомонаи русии ҳафтаномаи «Фараж»-ро мечархонд.

Рӯзи 18 август Гулмуродзода ба 2 соли зиндон маҳкум шуд. Видео аз рӯзи ҳукми додгоҳ:

Аминҷон Гулмуродзода ду сол зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

XS
SM
MD
LG