Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамос ба оташбас бо Исроил ризоият дод


Мусаллаҳони гурӯҳи ҲАМОС ба оташбаси 24-соата бо Исроил дар навори Ғазза розӣ шуданд.

Намояндаи ин гурӯҳ Самӣ Абу Зуҳрӣ рӯзи 27 июл гуфт, ки “дар посух ба дахолати СММ, вазъи мардуми мо ва ба шарафи Иди Фитр гурӯҳҳои муқовимат барои оташбаси 24-соата шурӯъ аз соати 2-и баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе ризоят доданд. Аз ин пеш Исроил баъд аз мушакборони навбатии қаламрави кишвар аз сӯи ҲАМОС амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро аз сар гирифт. Исроил қаблан барои тамдиди оташбас то шоми якшанбе розӣ шуда буд.

Намояндаи ҳукумати Исроил гуфт, ки онҳо тавсияи СММ барои тамдиди оташбас ба хотири ҳалли масъалаҳои башариро пазируфтанд. Ҳамзамон ӯ таъкид дошт, ки низомиёни исроилӣ дар соатҳои оташбаси муваққат нобудсозии нақбҳо дар Ғаззаро идома медиҳанд. Аммо гурӯҳи ҲАМОС ин пешниҳодро рад карда ва эълом дошт, оташбасеро, ки дар он сарбозони исроилӣ аз хоки Ғаза хориҷ нашаванд ва мардуми оддӣ натавонанд ба манзилҳояшон баргарданду маҷрӯҳон ба ҷойи амн интиқол ёбанд, қабул надорад. Акнун маълум нест, ки Исроил ба ризояти ахири ҲАМОС барои оташбаси 24-соата чӣ гуна вокуниш мекунад.

Дар 19 рӯзи амалиёти низомии Исроил дар Ғаза беш аз ҳазор фаластинӣ, асосан мардуми осоишта ва занону кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Дар задухӯрдҳо 43 сарбози исроилӣ ҳам кушта шуданд. Гурӯҳҳои дидбони ҳуқуи башар мегӯянд, ки тақрибан 80 дар сади қурбониёни фаластинӣ – сокинони осоиштаанд. ЮНИСЕФ, Бунёди атфоли СММ, хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти низомии Исроил 192 тан аз кӯдакони фаластинӣ кушта шудаанд.

Як рӯз пеш Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, баъд аз сафар ба Ховари Миёна дар музокирот бо чанд тан аз ҳамтои худ аз кишварҳои гуногун дар Порис мавзӯи оташбаси тулонӣ дар навори Ғаззаро ба миён гузошт. Вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус баъд аз мулоқот бо Керрӣ ва вазирони умури хориҷии Бритониё, Олмон, Италия, Қатар, Туркия ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт:

"Ҳамаи мо мехоҳем мусолиҳаи зуд, тулонӣ ва дар пояи созиш ҳосил шавад, ки ҳам ба манфиатҳои Исроил барои таъмини амният ва ҳам манфиатҳои фаластиниҳо барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар навори Ғазза аст. Мо мувофиқа кардем, ки дар ин миён манфиатҳои давлати худгардони Фаластин ҳам ба инобат гирифта шаванд."

Ба думболи ин вазирони умури хориҷии Миср ва Испания ҳам рӯзи шанбе масоили марбут ба оташбас дар навори Ғаззаро баррасӣ карданд. Самеъ Шукрӣ, вазири умури хориҷии Миср дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои испанияш Жозе Гарсиа-Маргалло дар Қоҳира гуфт:

"Албатта, бисёр кишварҳо, ба шумули Қатар, Туркия ва дигар давлатҳои минтақа бо ҳам дар мавриди боздоштани амалиёти низомӣ гуфтугӯ ва ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамаи ин талошҳо як ҳадаф доранд – ҷилавгирии ба таври хатарнок боло рафтани низоъ, ҷилавгирӣ аз талафот миёни фаластиниҳои бегуноҳ ва берун рафтан аз бӯҳрон бо кафолати он ки ин гуна ҳодиса дигар такрор намешавад ва эътидол дар минтақаро ба ҳам намезанад."

Намояндаи Бан Ки Мун рӯзи якшанбе изҳор намуд, Дабири кулли СММ бори дигар аз ҷонибҳои даргир хост, ки онҳо дар навори Ғазза мусолиҳаи башарии ҳафтрӯза эълон кунанд. Дар ҳамин ҳол рӯзи якшанбе ҳазорон исроилиҳо дар Тел-Авив ҷамъ омада, алайҳи амалиёти артиш дар навори Ғазза ва куштори мардуми осоиштаи Фаластин эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG