Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 нафарро дар шоҳроҳи Дон кӣ кушт? "Ҷамоат"? Ё..?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вакили мудофеи парвандаи "бандаи ГТА" бар ин бовар аст, ки зодагони Осиёи Марказиро дар Русия бидуни ягон далели қотеъ ба қатли 14 нафар айбдор мекунанд.

Марк Федин - вакили мудофеи парвандаи «бандаи ГТА» дар Маскав мегӯяд, вай бовар надорад, ки дар куштори 14 нафар ронандагон ва афроди дигар дар роҳҳои атрофи Маскав шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ даст дошта бошанд. Ба гуфтаи вай, дар ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Русия талошҳое мушоҳида мешавад, ки ин ҳодисаҳоро ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва ба ягон гурӯҳи тундрави исломӣ иртибот диҳанд. “бандаи ГТА” бештар бофтаи худи нируҳои амниятӣ ба назар мерасад.

Ниҳодҳои интизомии Русия ахиран аз тариқи матбуот эълон карданд, як гурӯҳи ҷиноии маъруф ба “бандаи ГТА”-ро ошкор кардаанд ва дар амалиёти густардае дар атрофи Маскав бештар аз 10 нафарро бозошт карданд, ки узви “бандаи ГТА” будаанд ва бо куштор машғул будаанд. Дар феҳристи ин афрод номи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дида мешуд. Ин боздоштшудагонро раҳо кардаанд ва танҳо Абдумуқим Мамадҷонов - шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт қарор дорад. Вайро додгоҳи Коптеви Маскав то 5 декабри соли ҷорӣ ба ҳабс маҳкум кардааст.

Вакили "бандаи ГТА" мегӯяд, ба иттиҳомот бовар надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00
Линки мустақим

Марк Федин - вакили мудофеъ мегӯяд, ҳоло расидагӣ ба ин қазияро ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия ба дасти худ гирифтааст ва ин бад-он маъност, ки мехоҳанд ба ин ҳодисаҳо ҷомаи сиёсӣ пӯшонанд ва бигӯянд, ки дар куштори ронандаҳо гӯё гурӯҳи исломие, ки дар матбуот алакай “Ҷамоат” номаш додааст, даст дорад.

Марк Федин
Марк Федин

Оқои Федин мегӯяд, агар воқеият чунин аст, пас ин нуктаро низ набояд фаромӯш кард, ки чунин гурӯҳҳову созмонҳо ва ҳатто одамони шубҳабарангез ҳамеша зери назари хадамоти вижа, ба хусус ФСБ, Раёсати ҳифзи низоми конститсионии Русия ва амсоли он қарор доранд ва онҳо ҳамаи маълумотро дар бораи чунин гурӯҳҳо доранд, агар сӯҳбат дар бораи ягон гурӯҳи мусаллаҳ ё созмони тундрави исломӣ дар миён бошад.

Вале худи ҳамин ниҳодҳо то ҳол бардошти дақиқ ё таъбири расмии худро дар бораи ин кушторҳо надоранд ва дар ҷое ҳам эълон накардаанд.

Дар мавриди раҳоии ин “қотилон” оқои Федин мегӯяд, дар таҷрибаи кории фаъолияти худ ба унвони вакили мудофеъ надидааст, ки қотилони 14 нафарро боздошт ва ба зудӣ раҳо кунанд. Ба гуфтаи вай, агар ин афрод дастикам ғайримустақим, на мустақим, дар ин кушторҳо, ки ҷинояти хеле сангин дониста мешавад, даст медоштанд, онҳоро ҳеҷ гоҳ раҳо намекарданд. Ҳеҷ истисно вуҷуд надорад ва қонунҳои Русия дар чунин мавридҳо раҳоии истисноиро пешбинӣ намекунад.

Оқои Федин мегӯяд: “Расидагӣ ба ин кор амалан зери назари раҳбарони аввали кишвар ва мақомоти аввали ниҳодҳои амниятӣ қарор дорад. Агар ин “қотилон”- и боздоштшуда шахсони муҳим мебуданд ва маълумоте медоштанд, онҳоро раҳо намекарданд. Ман тахмин мезанам, ки ин афрод ё қотилони аслӣ аз сӯе бо ҷангҳо дар шарқи Украина иртибот доранд. Барои он, ки бештари афродро дар роҳи М-4 куштаанд ва ин роҳест, ки ба Воронеж ба самти Украина мебарад. Воронеж бо вилояти Луҳански Украина ҳаммарз аст. Ман ба унвони вакили мудофеъ аз маҳали ҳодиса дар роҳи М-4 боздид кардам ва ҳадс мезанам, ки дар ин ҳодиса гурӯҳи мусаллаҳе даст дорад, ки шояд дар шарқи Украина дар Донбас фаъолият мекунад.”

Бо вуҷуди ин ки шумораи муҳоҷирони корӣ дар Маскав ва вилояти Маскав хеле зиёд аст, ҳамаи онҳо бидуни огаҳии худи муҳоҷирон ё гурӯҳҳову созмонҳои мухталифи муҳоҷирон дар феҳристҳои гуногуни хадамоти амниятӣ сабт шудаанд.

Марк Федин меафзояд, “ба ҳамин далел мо гуфта метавонем, ки афроди бидуни контрол вуҷуд надоранд. Барои як муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ пинҳон шудан ё пинҳон мондан хеле мушкил аст.”

Бо назардошти ҳамаи ин суоле пеш меояд, ки чӣ тавр шаҳрвандони Осиёи Марказӣ аз Узбакистону Тоҷикистон ё Қирғизистон бидуни ҳеҷ далел ё сабаб 14 нафарро дар вақтҳои гуногун ба қатл расондаанд ва хадамоти амниятӣ гӯё дар ин бора маълумот надоштаанд?

Ҳайдар Ҷамол
Ҳайдар Ҷамол

Ҳайдар Ҷамол - раиси Кумитаи исломии Русия низ бовар надорад, ки дар ин кушторҳо мусулмонон, яъне шаҳрвандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даст дошта бошанд. Ба гуфтаи вай, дар аввали моҳи октябр Кумитаи тафтишоти Русия эълон кард, ки гӯё изи ин кушторҳо ба Украина меравад ва ин гурӯҳи тахрибкорро Киев фиристодааст.

Вале бо гузашти як моҳ ин иддо исбот нашуд ва ин гурӯҳ гӯё ба гурӯҳи мусулмонони тундрави Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Ба дунболи он як гурӯҳ одамонро чун қотил боздошт карданд ва онро гурӯҳи “Ҷамоат”муаррифӣ карданд. Мақомот бо ин боздоштҳо, ба ақидаи ин исломшиноси рус, мехостанд, нотавониҳову нокомиҳои худро дар иҷрои вазифаҳояшон бипӯшонанд.

Вале оё ин парванда ба додгоҳ хоҳад расид? Ҳайдар Ҷамол мегӯяд, шояд тадриҷан ин парвандаро банданд ва гӯё фаромӯш кунанд. Вале барои аз миён бардоштани масъала шояд эълон кунанд, ки қотилон як гурӯҳи муҳоҷирони бадбахт ва раҳгумзада буданд, ки бо созмони тундрави “Давлати исломӣ” иртибот доштанд ва ҳангоми боздошт, чун Рустам Усмонов, ки ҳоло раҳбари “бандаи ГТА” муаррифӣ мешавад, кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол...

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манобеаш хабар дод, ки аз 10 нафари дар чорчӯби парвандаи "бандаи ГТА" боздоштшуда танҳо алайҳи Абдумуқим Мамадҷонов айбномаи расмӣ ва он ҳам бо иттиҳоми нигоҳ доштани тир эълон шуда, 6 нафари дигар бо иттиҳоми будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия дар боздоштгоҳи махсус қарор доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, "ба зудӣ онҳоро ба кишварҳояшон ихроҷ мекунанд. Се нафари дигар аз ин гурӯҳро алакай озод кардаанд."

XS
SM
MD
LG