Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чор сокини Бадахшон дар роҳ ба ҷанозаи модарашон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Се узви як хонавода ҳамроҳ бо ронандаи "Ниссан", ки барои азогирӣ дар марги модарашон аз Душанбе ба Рӯшон мерафтанд, дар пайи ба дарёи Панҷ сарозер шудани мошин ҳалок шудаанд.

Дар пайи ба дарёи Панҷ сарозер шудани мошини тамғаи "Нисан-Патрол" се узви як хонавода, ки аз Душанбе ба Рӯшон барои азогирӣ дар марги модар ва модаркалони худ мерафтанд, ҳамроҳ бо ронандаи мошин ҳалок шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса шаби 15 ба 16 майи соли ҷорӣ дар километри 369-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, воқеъ дар мавзеи "Новак"-и ноҳияи Дарвоз, рух додааст. Бино ба иттилои расмӣ, мошинро Алидод Ниҳолови 29-сола идора мекардааст ва онҳо баъд аз афтодани санги калон ба қисми болои худрав ба дарёи "Панҷ" ғарқ шудаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, мошин аз дарё берун оварда шуда, аз дохили он ҷасади Нилуфар Эмомназароваи 23-сола пайдо гардидааст. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон будааст, ки бояд рӯзи шашуми июни соли ҷорӣ кори дипломияшро ҳимоя мекардааст. Ҷустуҷӯи ҷасади се нафари дигар - Алидод Ниҳолов ва бародарон Саидқадам ва Худойбердӣ Худойбердиевҳо, ки тағои Нилуфар Эмомназарова будаанд, ҳанӯз идома дорад.

Яке аз наздикони Худойбердиевҳо рӯзи 17 май дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки Саидқадами 55-сола ҳамроҳ бо бародари 43-солааш Худойбердӣ ва ҷиянашон Нилуфар барои азогирӣ дар марги модари худ ба Рӯшон мерафтанд, ки чанд рӯз пеш фавтидааст.

"Саидқадам Худойбердиев дар ҳоспитали низомӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва чанд моҳ пештар барои кор ба Хуҷанд рафта буд. Баробари шунидани хабари марги модар ӯ аз Хуҷанд ва Худойбердӣ аз Маскав ба Душанбе расида омаданд ва аз он ҷо мошин киро карда, ба Рӯшон мерафтанд. Нилуфар ҳам ҷияни онҳо буд ва ҳалокати ҳарсеи онҳо моро дар ҳолати парешонӣ қарор додааст,"-- афзуд мусоҳиби мо.

Ин садама дар ҳоле рух додааст, ки рӯзи 15 майи соли ҷорӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ муваззаф шудаанд, муваққатан сафари сокинон ба Бадахшон тариқи ин роҳро манъ кунанд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфта буд, афтодани сангпораи бузург, ки 20 метр паҳноӣ ва 150 метр дарозӣ дорад, роҳро банд кардааст.

Ҳар сол дар роҳҳое, ки маркази Тоҷикистонро бо Бадахшону Суғд пайванд медиҳанд, даҳҳо садама рух дода, баъзе мошинҳо ба дарё сарозер мешаванд. Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз мошини устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Турсунов, Абдулҳақ Обев ва Облоқул Сангинов ба дарёи Варзоб афтода, ҷасади ду нафари онҳо зудтар ва ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов танҳо баъд аз чиҳил рӯз пайдо гардид.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса гуфта буд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи "ГАЗ-3102", ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд. Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, се устоди Донишгоҳи техникӣ ҳалок ва ду нафари дигар аз мусофирон - Умед Бақоев ва Кашуба Владимир - ҷон ба саломат бурдаанд.

XS
SM
MD
LG