Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изи "худӣ" дар дуздӣ ва оташ задани хонаи Сурайёи Қосим


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, 4 нафари дастгиршуда бо гумони қасдан оташ задани манзили овозхони маъруф Сурайёи Қосим наздикони ӯ, аз ҷумла духтари бародари ин овозхон ва се ҳамсояаш мебошанд.

Сурайёи Қосим, сарояндаи маъруфи тоҷик рӯзи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гумон надошт, ки дар дуздии ҷавоҳирот ва оташ задани хонааш яке аз наздиконаш даст дорад. Ин сарояндаи маъруф зимни як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, “ҳеҷ тасаввур намекардам, ки инҳо дар дуздӣ ва оташ задани хонаам даст доранд.”

Сурайёи Қосим – овозхони шинохта ва модари ду ситораи дигари эстрадаи тоҷик - Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед - гуфт, аз чунин ранг гирифтани кор ва нашри ҷузъиёташ аз сӯи вазорати умури дохила хеле дар хиҷолат уфтодааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулони шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб Муҳайё Қосимова, духтари Файз Қосимов, бародари фавтидаи Сурайёи Қосимро дар дуздӣ ва оташ задани хонаи ин сароянда гумонбари асосӣ медонанд.

Феълан, алайҳи Муҳайё Қосимова бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон - моддаи 244, қисми 2 (дуздии молу мулк бо маслиҳати пешакӣ) ва моддаи 255, яъне қасдан нобуд кардани молу мулк бо роҳи оташ задан, парванда боз шудааст. Аҳророва Матлуба, яке аз дигар дӯстони наздики Муҳайё низ ҳамчун шарики ҷиноят бо моддаи 244 қисми 2, дуздии молу мулк бо маслиҳати пешакӣ ва моддаи 254, соҳибият ба моликияте, ки бо роҳи содир кардани ҷиноят ба даст омадааст, гумонбар дониста мешавад. Аҳроров Ҷумъахон ва Бегназарова Музайян бар асоси моддаи 347-Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне хабар надодан аз ҷиноят ва пинҳон доштани он, гумонбар дониста мешаванд.

Ин ҷиноят дар ҳоле ошкор шудааст, ки Муҳайё тасмим доштааст, миқдоре аз тиловориро дар ҳамдастӣ бо дигар шариконаш ба фурӯш гузорад.

Тибқи иттилои ба дастомада, Муҳайё Қосимова бо ду фарзанд аз шавҳар ҷудо шуда, дар хонаи ин сароянда зиндагӣ ва дар корҳои рӯзгор ба онҳо кӯмак мекардааст. Ба гуфтаи мақомот, ду сол пеш Муҳайё аз Аҳророва Матлуба ба миқдори 8 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифта, аммо дар баргардонидани он ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Сурайёи Қосим бо овозхони дигари маъруф Гулчеҳра Содиқова
Сурайёи Қосим бо овозхони дигари маъруф Гулчеҳра Содиқова

Дар ниҳоят бо Матлуба, ки аз дӯстони наздикаш будааст, машварат мекунад, ки аз хонаи сароянда миқдоре аз ҷавоҳиротро дуздида, якҷо ба фурӯш гузоранд. Муҳайё, ки ба калиди қулфи сандуқи оҳанин дастрасӣ доштааст, субҳ миқдоре аз тилловориро дуздида, дар хонаи Бегназарова Музайян, яки дигар аз шиносонаш пинҳон мекунад ва шабона ба хотири ошкор нашудани ҷиноят манзили зистро оташ мезанад.

Бо гузашти як моҳ аз ҳодиса ва хомӯш шудани овозаҳо атрофи дуздӣ ва сӯхтани хонаи Сурайёи Қосим, Муҳайё ҳамроҳ бо Матлуба Аҳророва ва Ҷумъахон Аҳроров тиловориро аз ҷое, ки пинҳон намуда буданд, гирифта, нахуст миқдоре аз онро ба як тоҷири бозори марказии Кӯлоб ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 1000 доллар, фурӯхтаанд. Ҳангоми талоши дуввум барои фурӯши тилловорӣ ин гурӯҳ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб боздошт шуда, миқдори боқимондаи маҳсулоти заргарӣ ҳамчун далели шайъӣ аз онҳо мусодира шудаанд.

Мо бо Муҳайё Қосимова, ки то ҳол дар озодӣ ба сар мебарад, ҳангоми берун шуданаш аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб вохӯрдем, ки бо ду тифли ноболиғаш ба самти хиёбони Исмоилии Сомонии шаҳр мерафт. Чашмони ӯ зоҳиран аз гиря варамида буд ва гуфт, барояш сӯҳбат бо рӯзноманигоронро комилан манъ кардаанд, вагарна ҳарфи гуфтанӣ дорад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 2 сентябр хабар дод, ки бо гумони даст доштан дар сӯзондани манзили овозхони шинохта Сурайёи Қосим дар шаҳри Кӯлоб 4 сокини ин шаҳр, бо шумули 3 занро дастгир кардаанд. Вазорати умури дохила дар сомонаи интернетиаш бо нашри матлабе бо номи "Ошкор шудани дуздии ҷавоҳирот ва оташзании хона" хабар дод, ки “зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса бо гумони даст доштан дар ҳодисаи мазкур чор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб: Қосимова Муҳайё, соли таваллудаш 1985, Аҳророва Матлуба, соли таваллудаш 1982, Аҳроров Ҷумъахон, соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970 дастгир карда шуданд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.»

Шабнаму Фарзона дар Ҳаҷ
Шабнаму Фарзона дар Ҳаҷ

Манзили Сурайёи Қосим шаби 24 ба 25 июли соли равон, вақте духтаронаш – Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Бибирӯзигул - ва духтари Шабнам – Шарифамоҳ – дар Арабистони Саудӣ Ҳаҷҷи умра мекарданд, оташ зада шуд.

Мақомоти пулис билофосила гуфта буданд, ки фарзияи асосӣ – қасдан оташ задани ин биност.

Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, «шаби 24 ба 25-уми июли соли 2014 дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Қосимова Сурайё соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Кӯлоб, роҳбари ансамбли "Фалак" дар вилояти Хатлон, аз ҷониби шахсони номаълум, аз дохили ҷевони оҳанин ҷавоҳиротҳои тиллоӣ ва нуқрагин, 1 адад планшети тамғаи «Самсунг», ҷамъ ба маблағи 24000 доллари амрикоӣ дуздида шудаанд. Ҳамзамон хонаи истиқоматии мазкур оташ гирифта, ки ҳадаф аз он нест намудани изи ҷиноят буд. Мошинҳои сӯхторнишонӣ сари вақт расида кӯшиш намуданд, молу амволи хонаро аз коми оташ наҷот диҳанд.»

XS
SM
MD
LG