Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Истиқлол» бар мунтахаби наврасони Тоҷикистон


Лаҳзае аз бозӣ
Лаҳзае аз бозӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии дӯстона бар мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо ҳисоби 7:3 пирӯз шуд.

Ин бозӣ рӯзи шанбеи 13-уми июл дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид. Дастаи «Истиқлол» бо ҳайати омехта бозӣ кард.

Голҳои «Истиқлол»-ро Нуриддин Давронов (18), Дилшод Восиев (14), Виллер Оливейра (30 ва 82), Толиб Султонов (43), Фирӯз Юсуфов (45) ва Арнолдо Родригес (53) заданд. Ду голи мунтахаби наврасонро Рустам Толибов (16 ва 66) ва як голро Собир Гуляков (64) ба ҳадаф расонданд.

Ба иттилоъи мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ин бозӣ барои футболбозони навраси тоҷик санҷише буд пеш аз иштироки даста дар мусобиқаи байналмилалии «Дӯстӣ», ки аз 3 то 8-уми август дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек - баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё (U-16) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Кувайт, Ҳиндустон, Лубнон ва Бутан рақобат хоҳад кард.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, имсол баъди давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонӣ бо 24 хол дар 9 бозӣ баъди "Равшан"-и Кӯлоб дар мақоми дувум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот баъди давраи аввал

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 9 9 0 0 15-2 27
2. «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 0 1 28-3 24
3. «Хайр» (Ваҳдат) 9 5 2 2 17-10 17
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 5 1 3 10-8 16
5. «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 9-11 11
6. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 2 3 4 7-9 9
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 9 0 3 6 3-12 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 9 0 2 7 4-24 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 7 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд»), Ғайрат АБДУРАЗЗОқОВ («Истаравшан») – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG