Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 муовини раиси "Фононбонк" ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим


Ду муовини раиси "Фононбонк" ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ боздошт шудаанд.

Ду муовини раиси "Фононбонк" аз тарафи мақомоти интизомӣ боздошт шудаанд - онҳо барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи собиқ муовини вазири дифоъ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва раиси ҳизби ҳамакнун мамнӯъшудаи наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ айбдор мешаванд.

Як манбаъ аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 9 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар авоили ҳамин ҳафта, баъди ду рӯзи боздошти раиси бонки тиҷоратии "Фононбонк" Самихон Қурбонов, ду муовини ӯ низ бо пешниҳоди Додситонии кулл аз тарафи маъмурони ВКД боздошт шудаанд ва феълан дар робита ба амалиётҳои бонкӣ дар сесоли гузашта мавриди пурсиш қарор доранд.

Ин манбаъ афзуд, ному насаби афроди боздоштшуда бино ба идомаи тафтишот махфӣ мемонад. Муфаттишон мехоҳанд дар масъалаи маблағҳое, ки ба Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ доштанд ва дар ин бонк гузошта мешуданд, маълумоти мушаххас ба даст оварад.

Ёдовар мешавем, ду рӯз пеш мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти Самихон Қурбонов, раиси барканоршудаи "Фононбонк" ва аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт шуд.

Як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид карда ва гуфт, боздошти Қурбонов пас аз тафтиши фаъолияти "Фононбонк" сурат гирифтааст.

Манбаъ афзуд, "пас аз маълумоти расида аз Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Самихон Қурбонов мавриди тафтиш қарор гирифт ва баъдан натиҷаи он ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод шуд". Ҳамсӯҳбати мо аз ин бештар иттилоъ надод ва гуфт, рӯзҳои наздик гузориши муфассали мақомот дар ин бора тариқи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон пахш хоҳад шуд.

Аммо манобеи Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, Самихон Қурбонов на дар ҷиноёти молиявӣ, балки дар робита бо гурӯҳи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва "ширкат дар фаъолияти ҷинояткоронаи Ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон" гумонбар мешавад.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва аз наздикони Самихон Қурбонов дар қатори 23 узви раҳбарият ва фаъолони ин ҳизб аз моҳи сентбяр ба ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Рӯзи 5 октябр Бонки Миллии Тоҷикистон "ба хотири беҳсозии вазъи молиявии" “Фононбонк” дар ин бонки тиҷоратӣ барои се моҳ раҳбарияти муваққатро таъин намуд.

“Фононбонк” моҳи майи соли 2007 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном ва 4 январи соли 2008 соҳиби муҷаввизи Бонки Миллӣ барои анҷоми амалиёти молиявӣ шуд. Дафтари марказии “Фононбонк” дар Душанбе буда, он дар сартосари кишвар 14 намояндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG