Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Вокуниш ба натиҷаҳои нишасти Шанхай дар Душанбе


Бисёре аз коршиносон дидори рӯбарӯи раҳбарони Тоҷикистону Узбакистонро як дастовардаи муҳими нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе мешуморанд.

Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳизби аграрии Тоҷикистон, рӯзи 12 сентябр, баъди анҷоми нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе гуфт, як рӯйдоди хотирмон аз ин нишаст мулоқоти рӯбарӯи раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов буд, ки барои бори аввал дар 6 соли охир сурат гирифт.

Зайниддин Сафаров аз муносибати гарму самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар нишасти сарони СҲШ ҳам истиқбол кард. Ӯ гуфт, “ин муносибату суҳбатҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамсоядории мо як марҳилаи тоза расидааст”. Вақте ҳамсоя ором аст, ҳатман нафъаш ба мо ҳам мерасад. Аз ин рӯ, орзуи ҳамаи мост, ки ҳамсоядории мо ба марҳилаи нав ворид шавад, ки самарааш ёрӣ ба якдигару пуштибонӣ аз тарҳҳои муҳим бошад, на душманигариву бахилӣ.” - гуфт ӯ.

Ин намояндаи ҳизби аграрӣ дар порлумони Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, баъд аз ҳарфҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст дар бораи зарурати муборизаи саросарӣ алайҳи тундравони мазҳабӣ роҳҳои нави мубориза бо ифротгароӣ пайдо хоҳад шуд. “Бовар дорам, баъд аз ин хатари гурӯҳҳои ифротӣ ба Осиёи Миёна аз миён хоҳад рафт,” - таъкид дошт вакили парлумон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр дар ҳамоиши сарони кишварҳои узв ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе аз нооромиҳои Шарқи Наздик сухан гуфта, аз талоши гурӯҳе барои ташкили "хилофати исломӣ" нигаронӣ кард. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳ ба дини мубини Ислом ҳеч пайванде надорад, ҷаноби Раҳмон гуфт, зуҳури чунин гурӯҳҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамсояҳояш ҳам таъсир дошта, метавонад монеи рушди иқтисоду иҷтимоъ шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри ҷумъа бо гуруҳе аз ҷавонон дар бораи истиқлолият ва интихоботи соли 2015 суҳбат мекард, низ ба масъалаи баргузории нишасти раҳбарони СҲШ дахл кард. Ӯ дар суҳбаташ, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ ҷараён дорад, гуфт, “ин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар сатҳи бисёр баланд аст ва ҳамон тавре баргузор мешавад, ки боиси ифтихори мост. Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ, оромона ва дар ҳамкории ҳукумат бо миллат мегузарад. Саҳифаи наве дар китоби истиқлоли мо изофа хоҳад гашт.”

Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, “баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ҳам обрӯи кишварро боло мебарад, ҳам нишон медиҳад, ки Тоҷикистон табдил ба як кишвари пешрафта, мустақил ва дорои ҳама имкониятҳо гаштааст.”

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанберо қадами муҳим барои эътибори Тоҷикистон ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ арзёбӣ намуд. Ба қавли ӯ, сӯҳбатҳои сарони кишварҳои узв ва нозири ин созмон дар ҳошияи саммити Душанбе ба ҳамкорияшон дар бахши иқтисоду иҷтимоъ ва фарҳанг мусоидати бештар хоҳад кард.

Ҷаноби Сафаров аз он ки дар нишасти 12 сентябр раҳбарони Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистону Чин бештар ба масъалаи суботи Афғонистон таъкид карда, оромии ин кишварро барои кулли давлатҳои узви СҲШ муҳим донистаанд, истиқбол кард.

Аммо бар хилофи бисёре аз мусоҳибони мо, Раҳматилло Зоиров -- раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир аз Созмони ҳамкории Шанхай танҳо ду давлат – яке Русияву дигаре Чин - манфиат мебардоранду бас. Ба қавли ӯ, давлатҳои дигар дар ин созмон бештар нақши миёнарав ва ё иҷрокунандаро мебозанд. “Вақте Русияву Чин манфиати асосиро мегиранд, ба роҳбарияти давлатҳои дигар дар ин созмон аз ҷиҳати сиёсӣ барои нигаҳдории қудраташон кумак мекунанд. Дар ин сурат, манфиати созмон ба мардуми одӣ, бахусус дар масъалаи ҳуқуқу демократия, аслан намерасад”,-хулоса кард Зоиров.

Назари 3 коршиноси дигарро аз ин видео бубинед:

XS
SM
MD
LG