Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии "Равшан" баъди 11 пирӯзӣ


Тими “Равшан”-и Кӯлоб
Тими “Равшан”-и Кӯлоб

Рӯзи якшанбеи 20-уми октябр ду бозии дигари даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар сафар бозиро бо тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 1-1 анҷом дод. Голҳоро Валерий Андроник дар дақиқаи 34 – ум аз дастаи мизбон ва Ҳасан Рустамов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 55-ум аз ҷаримаи 11- метра ба хадаф расонданд. Дар ин бозӣ сардовар Раҳмон Муртазоев ( Душанбе) ба бозигари “Хуҷанд” Бенҷамин Аманкуву корти сурх нишон дод.

Аммо бо вуҷуди он ки “Равшан” баъди 11 ғалабаи пайдарпай барои нахустин бор дар чемпионати имсола бозияшро мусовӣ анҷом дод ва ду имтиёзро гум кард, боз ҳам тавонист мақоми аввалро дар ҷадвали мусобиқа аз “Истиқлол”-и Душанбе пас бигирад. “Истиқлол” пас аз пирӯзии дирӯзааш баъди қариб ним сол тавонист “Равшан”-ро аз ҷои якум танг кунад, вале ҳамагӣ барои як рӯз.

Дар бозии дигари рӯзи 20-уми октябр тими ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар ин рақобат Ҷеймс Аддӣ дар дақиқаи 60-ум зад. Дар воқеъ ин аввалин ғалабаи ССКА "Помир" дар мусобиқоти имсола мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии аввали даври 17-ум рӯзи шанбеи 20-уми октябр барпо гардид. “Истиқлол”-и Душанбе бар тими мизбон - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Ҳарду голро беҳтарин нишонзани мусобиқот Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии «Истиқлол», дар дақиқаҳои 29-ум ва 63-юм ба самар расонд.

Дар ин бозӣ сардовар Насрулло Кабиров (аз шаҳри Норак) дар дақиқаи 66-ум ба ҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» Бахтиёр Азизов барои бозии дағалонааш корти сурх нишон дод ва ӯро аз майдон хориҷ кард.

Дар бозии дигари рӯзи шанбе дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар майдони худ аз тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 77-ум Саид Ломеирамандӣ, легионери эронии «Хайр», ба дарвозаи «Энергетик» зад.

Сардовар Баҳром Сайдуллоев (аз шаҳри Қӯрғонтеппа) дар дақиқи 82-юм бозигарони ҳарду даста – Фирдавсӣ Қурбоновро аз «Энергетик» ва Саид Ломеирамандиро аз «Хайр» барои занозании якдигар аз майдон пеш кард.


Ба ин тартиб, "Равшан" баъди мусовӣ бо «Хуҷанд» бо 34 имтиёз дар ҷадвал боз дар мақоми якум ҷой гирифтааст. "Истиқлол" бо 33 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. "Равшан" нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ - "Истиқлол" як бозӣ камтар гузарондааст. «Хайр» бо 26 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Даври 17-ум
19-уми октябр

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – 0-2.Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 29, 63.

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ХАЙР» (Ваҳдат) – 0:1. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор». Сардовар: Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Гол: Саид Ломеирамандӣ, 77.

20-уми октябр

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РАВШАН» (Кӯлоб) – 1:1. Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Голҳо: Валерий Андроник, 34 (1:0), Ҳасан Рустамов, 55 - аз пеналтӣ.


ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - 1:0. Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Гол: Ҷеймс Аддӣ, 60.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 12 11 1 0 18-3 34
2. «Истиқлол» 13 11 0 2 37-6 33
3. «Хайр» 14 7 5 2 22-13 26
4. «Регар-ТадАЗ» 12 6 2 4 14-13 20
5. «Энергетик» 13 4 3 6 12-15 15
6. «Хуҷанд» 13 3 5 5 11-15 14
7. «Парвоз» 12 3 4 5 10-19 13
8. «Вахш» 11 2 2 7 4-11 8
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 11тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 15-ум
23-юми октябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»
«Истаравшан» - «Вахш»

Даври 18-ум
26-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Истаравшан» - «Хуҷанд»
«Равшан» - ССКА «Помир»
«Вахш» - «Парвоз»
«Истиқлол» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG