Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афсонаҳои Аура" дар формати 3D (ВИДЕО)


Рӯзи 21 сентябр дар Душанбе нахустнамоиши нахустин филми тасвирӣ бо забони тоҷикӣ дар формати 3D доир шуд. "Афсонаҳои Аура" ба масоили экологӣ ва муносибати инсон ба табиат ихтисос ёфтааст.

Барои таҳияи нахустин филми аниматсионии тоҷикӣ дар шакли 3D, яъне бо истифода аз фанновариҳои себуъдӣ, 2 сол ва 60 ҳазор доллар харҷ шудааст. Ин филми тасвирӣ, ки рӯзи 21 сентябр дар Душанбе ба намоиш гузошта шуд, «Афсонаи Аура» ном дорад.

«Афсонаи Аура» 50 дақиқа буда, аз саргузашти се ҷонвараке қисса мекунад, ки дар сар задани ҳама мушкилоти худ ва умуман табиат,ба мисли беобӣ, ҷамъ шудани партовҳо ва нобуд кардани дарахтону ҷангалзорҳо одамонро гунаҳкор медонанд. Инсонҳо дар назари ин 3 сағури хурдсол, ки Танбал, Бабу ва Гулӣ ном доранд, махлуқҳои даҳшатовару хеле худхоҳанд.

Аммо ғайриинтизори худ ин ҷонварон бо писарбачае вомехӯранд, ки хеле нисбаташон меҳрубон аст. Хулоса дар охир ин ҷонварон бо одамон созиш мекунанд ва инсонҳо ҳам дарк мекунанд, ки бояд нисбат ба табиат меҳрубон бошанд, вагарна посухи ногувор хоҳанд гирифт.

Таҳиягарони филм - масъулини созмони “Ҷавонони асри 21”, ки дар масоили муҳитзистӣ кор мебаранд,мегӯянд, онҳо ибтидо мехостанд фақат як мавод дар мавзӯи боло бурдани огоҳии экологии ҷавонону наврасон омода кунанд, ва ба ин хулоса омаданд, ки танҳо филме дар шакли 3D метавонад диққати насли навро ба ин мавзӯъ ҷалб кунад.

Порае аз ин филмро инҷо тамошо кунед:

Умед Улуғов
Умед Улуғов

Умед Улуғов, муаллифи филми «Афсонаҳои Аура» мегӯяд: «Мақсади асосии мо нишон додани мушкилоти мухталифи биологӣ, кам шудани растаниву ҷонварон ва таъсири одам ба ин мушкилот буд. Бо истифода аз ин роҳи ҷолиб ва боло бурдани огоҳӣ метавон назари одамонро нисбат ба табиат дигар ва мушкилотро кам кард. Маблағе ки тавассути ин филм ҷамъоварӣ мешавад, мо онро барои харидану дарахту растаниҳо барои шаҳру навоҳии кишвар сарф мекунем.»

Филми «Афсонаи Аура» дар маҷмӯъ аз ҷониби 3 нафар - наққош, коргардон ва тарроҳ - омода шудааст.

Алексей Румянцев
Алексей Румянцев

Алексей Румянцев, коргардони филм мегӯяд, онҳо дар ҳоле ба таҳияи филми аниматсионӣ дар шакли 3D дасту остин бар заданд, ки дар бораи ин навъи филмбардорӣ маълумоту таҷрибае надоштанд. Бо истифода аз маводи дарёфтӣ аз Интернет онҳо ба ин кор шурӯъ кардаву ним соли аввалро фақат барои корҳои омодагӣ сарф кардаанд: ”Таҷриба надоштем, камбуди муттахассисон доштем ва бо истифода аз оддитарин имконият ва ҷалби рассом, ки ӯ ҳам фақат маълумоти оддии рассомӣ дошту бо компютер аслан кор намекард, ва 4 ҳунарманди театр, ки дар либоси ҷонварон нақш офариданд, мо ба сабту таҳияи филм сар кардем.”

Барои тамошои нахустин филми аниматсионӣ дар формати 3D бо забони тоҷикӣ дар қатори хурдсолону ҷавонон, муттахассисони соҳаи синамо ҳам омада буданд.

Бахтиёр Қаҳҳоров
Бахтиёр Қаҳҳоров

Бахтиёр Қаҳҳоров, таҳиягари филмҳои тасвирӣ баъд аз тамошои “Афсонаҳои Аура” нахустин таҷрибаи таҳиягарони ҷавони филмро дар жанри мушкили муваффақ хонд, аммо чанд эрод ҳам гирифт: “Дар ин филм аз лиҳози фаннӣ хеле муваффақ шудаанд. Филми аниматсионӣ заҳмати зиёди техникӣ талаб мекунад ва маълум аст, ки таваҷҷӯҳи ин бачаҳо ҳам дар ҷараёни кор бештар ба ин самт равона шудааст. Ва ин ҷо каме кори аниматор намерасад. Ҳамчунин ин филм, ки дар мавзӯи барои кӯдакон мушкили экологӣ аст, беҳтар мебуд, агар кӯтоҳтар мешуд, чунки ҳазми филми тӯлонӣ дар ин мавзӯъ барои хурдсолон мушкил аст. 10 дақиқа кофӣ буд. ”

Як тамошобини дигар ҳам аз такрор омадани чанд саҳнаи ин филм ёдовар шуд: “Филм барои кӯдакон воқеан соддаву ҷолиб буд, тасвирҳои ҷолиб дошт, аммо баъзе саҳнаҳои он барои кӯдакон нофаҳмо буд ва бештар равона шуда буд барои афроди бузургсол, ки дар мавзӯъҳои экологӣ маълумоти зиёд доранд.”

Сафар Ҳақдодов
Сафар Ҳақдодов

Таҳияи филми тасвирӣ ё аниматсиони дар шакли 3D дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки муттахассисони соҳаи синамои тоҷик сабту таҳияи филми тасвирӣ ё кортуниро мушкилтарин кор дар синамо арзёбӣ мекунанд. Сафар Ҳақдодов, филмсози тоҷик мегӯяд, ҳатто дар замони шӯравӣ ҳам сохтани филмҳои тасвирӣ мушкил буд ва дар як сол ҳамагӣ то 2 филми кӯтоҳмуддат рӯи парда оварда мешуд: “15-16 нафар рассомону наққошон кор мекарданд дар ин самт ва барои таҳияи ҳар дақиқаи филми тасвирӣ даҳҳо ҳазор саҳфа расм мекашиданду ба ҳаракат медароварданд. Ҳоло технология пеш рафтааст, кори синамогаронро ҳам осон кардааст.”

Акс аз филми "Афсонаҳои Аура"
Акс аз филми "Афсонаҳои Аура"

Синамогарони тоҷик ҳоло як омили кам будани филмҳои тасвирӣ ё аниматсионӣ бо забони тоҷикиро дар камбуди дастгирии ин соҳа ва шароити молӣ марбут медонанд. Аммо таҳиягарони нахустин филми тоҷикӣ дар формати 3D тасмим доранд бо дарёфти иҷозати вазорати маориф ин филмро дар тамоми муассисаҳои таълимии кившар намоиш диҳанд. То кӯдакон бо ин роҳ ҳам аз як филми тасвирии замонавие бо забони тоҷикӣ баҳра бубараннд ва ҳам нисбат ба табиату ҷонварон меҳрубонтар шаванд.

XS
SM
MD
LG