Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Душанбе: касе осеб надид


Таркиши баллони газ дар як манзили истиқоматии баландошёнае дар Душанбе сабаби сар задани сӯхтор шуд.

Шоми 2 сентябр дар хонаи баландошёнае дар хиёбони Саъдии Шерозии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Сабаби сӯхтор таркиши баллони газ дар натиҷаи риоя накардани меъёрҳои эҳтиётӣ будааст. Рӯзи 3 сентябр сайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки сӯхтор тахминан соати 19:55 шоми дирӯз дар хонаи истиқоматии зани 48-солаи сокини ноҳияи Синои ш. Душанбе дар масоҳати 15 метри мураббаъ ба амал омад. Зарари расонидашуда муайян карда мешавад. Сабаби сар задани сӯхтор нодуруст истифода бурдани гази моеъ аст. Хабарнигори радиои Озодӣ, ки дар маҳалли ҳодиса буд, мегӯяд, баъди муддате алангаи оташ тавассути балкон аз ошёнаи 2 ба ошёнаҳои 3 ва 4-и ин бино гузашт.

Сӯхторнишонҳо сари вақт бо ду мошини оташхомӯшкунӣ омада, дар муддати 3 соат тавонистанд, ки алангаи оташро пурра хомӯш кунанд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ сокинони ин бино ва ҳам шоҳидон гуфтанд, ин ҳодиса, ки шомгоҳон рух додааст, хушбахтона, натавонист мардумро ғофилгир кунад. Сокинони бино сари вақт манзили худро тарк карданд. Ба иттилои табибон ва ҳам ходимони ёрии таъҷилӣ, ки дар маҳалли сӯхтор кор мекарданд, ҳеҷ нафаре барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат накардааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

Сӯхтор дар баландошёнаи Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

XS
SM
MD
LG