Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон - дар ҷойи 117-ум


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федеросиюни байналмилалии футбол), ки 12-уми сентябр нашр шуд, бо 281 имтиёз се зина пойин рафт ва дар мақоми 117-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Туркманистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Русия, Украина, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Эстония, Гурҷистон, Озарбойҷон, Литва ва Латвия пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави даста, рӯзи 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо мунтахаби Ҳиндустон, ки дар феҳристи FIFA 10 зина пойин рафт ва дар мақоми 155-ум қарор дорад, бозии дӯстона анҷом дод ва бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Аргентина дар ҷойи дувум ва Олмон дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия, Колумбия, Белгия, Уругвай, Бразилия, Ҳолланд ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

Рейтинги минбаъдаи FIFA 17-уми октябри соли 2013 нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG