Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Симпсон: Бритониё "Хазинаи Омӯ"-ро ба Тоҷикистон пас нахоҳад дод (ВИДЕО)


Ҷон Симпсон
Ҷон Симпсон

Бостоншиносони осорхонаи Бритониё, ки бозёфтҳои “Хазинаи Омӯ” дар он ҷо нигаҳ дошта мешаванд, тасмим доранд, баъди бозгашт ба Лондон мавзӯи ба Тоҷикистон овардани чанд намунае аз нусхаҳои ин хазинаро матраҳ кунанд. Ин бостоншиносон, ки аз 18 то 24 сентябр бо ҳадафи ошноӣ бо шароити осорхонаҳои Тоҷикистон дар ин кишвар қарор доштанд, мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон барои баргардонидани “Хазинаи Омӯ” ягон бор расман ба Бритониё муроҷиат накардааст ва имкони ташкили намоиши нусхаҳои аслии ин бозёфтҳо ҳам дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

"Хазинаи Амӯдарё" ки аз ашёи тиллоӣ, оҷи фил, аз ҷумла ҳайкалчаҳои ҳайвонот ва тимсоли худоён иборат аст, дар охири қарни 19 аз ҷониби як гурӯҳ аз кишоварзони тоҷик аз мавзеи “Тахти Сангин”, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, ёфт ва ба бозаргонони ҳиндӣ фурӯхта шудааст. Ин бозаргонон дар навбати худ бозёфтҳои гаронарзиши таърихиро ба як афсари инглис, ки дар Ҳинд кору зиндагӣ мекард, мефурӯшанд ва бо дасти ин афсар “Хазинаи Омӯ” то Бритониё мерасад.

Ин хазина мутаалиқ ба асрҳои 3 ва 4-и пеш аз милод аст ва ҳоло аз осори гаронбаҳои осорхонаи Бритониёи Кабир дониста мешавад.

Ҷон Симпсон, масъули бахши ёдгориҳои шарқи осорхонаи Бритониё дар сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ ҳадафи сафари ин ҳайат ба Тоҷикистонро шарҳ дод.

Озодӣ: Оё дар ин боздидҳое, ки шумо бо масъулони осорхонаҳои Тоҷикистон доштед, мавзӯи намоиши бозёфтҳои “Хазинаи Омӯ” дар Тоҷикистон матраҳ шуд?

Намунае аз "Хазинаи Омӯ"
Намунае аз "Хазинаи Омӯ"

Ҷон Симпсон: Қаблан бигӯям, ки боздиди мо аз мавзеҳои таърихии Тоҷикистон ва сӯҳбат бо бостоншиносони тоҷик хеле хуш буд. Ман бо ҳамкорам Зейна Клинк аз дидани мавзеҳои таърихии Тоҷикистон ба ҳайрат афтодем. Ва ҳеҷ имкон надошт, ки мо дар бораи “Хазинаи Ому” сӯҳбат надошта бошем. Ин хазина, яке аз қисмҳои муҳими ёдгориҳои осорхонаи Бритониёи Кабир мебошад. Мо дар ин бора бо тафсил сӯҳбат доштем. “Хазинаи Омӯ” дар осорхонае нигаҳдорӣ мешавад, ки дар сол беш аз 6 милион тамошобин дорад. Чанде пеш якчанд нусхаи босифати ёдгориҳои Омӯ чун тӯҳфа ба осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим шуд. Дар оянда инчунин, нақша дорем, ки нусхаҳои босифати “Хазинаи Омӯ”-ро ба Тоҷикистон фиристем. Аммо мо ҳоло тасмим дорем, баъди бозгашт дар Лондон дар ҷаласаи вижае ирсоли баъзе аз нусхаҳои бо сфиати “Хазинаи Омӯ”-ро, ки дорои аҳамияти баланди илмӣ буда, барои пажӯҳишгарон барои таҳқиқ кӯмак карда метавонад, ирсол дорем.

Озодӣ: Оё дар ин сӯҳбатҳо бо масъулини осорхонаҳои Тоҷикистон масъалаи баргардонидани ин хазина матраҳ шуд ва оё аслан то имрӯз талошҳое аз ҷониби Тоҷикистон барои бозгардони ин хазина шудааст?

Намунае аз "Хазинаи Омӯ"
Намунае аз "Хазинаи Омӯ"

Ҷон Симпсон: Мо аз Тоҷикистон ягон дархости расмӣ барои баргардонидани хазинаи Омӯ нагирифтем, вале мо, албатта ҳар фикру пешниҳоди ҳамтоёни тоҷики худро ба инобат гирифта, онҳоро ба Лондон мебарем ва назари бостоншиносони Лондонро ҳам ба инҳо мерасонем. Мо кӯшиш дорем, то ҳамкориҳои осорхонаҳои Тоҷикистону Бритониё хуб ба роҳ монда шаванд. Мо бо осорхонаҳои шаҳрҳое, мисли Кобул, Бағдод ва Теҳрон робита ва ҳамкориҳои хубе дорем ва бовар дорем, ки ҳамкориҳои мо минбаъд бо осорхонаҳои Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Озодӣ: Хабаре ҳам нашр шуда буд, ки нусхаҳои “Хазинаи Амӯдарё” дар Порису Берлин ва инчунин, дар Тоҷикистон низ намоиш дода мешаванд. Аммо чаро ин намоиш баргузор нашуд?

Ҷон Симпсон: Мо аслан дар солҳои 2004 дар Париж ва 2006 дар Берлин махсус бозёфтҳои “Хазинаи Амударё”-ро намоиш надода будем. Ин бозёфтҳо танҳо қисме аз ёдгориҳои таърихӣ буданд, ки мо дар ин кишварҳо нусхаи онҳоро намоиш додем. Албатта, намоиши осорои таърихии осорхонаи Бритониё бо дархости ини кишварҳо сурат гирфита буд, вале мо аз ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ дархосте барои баргузории чунин як намоиш то кунун нагирифтаем.

Озодӣ: Оё чунин имконе вуҷуд дорад, ки нусхаҳои аслии бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” дар Тоҷикистон намоиш дода шаванд?

Ҷон Симпсон дар мусоҳиба бо Зарангези Наврӯзшоҳ
Ҷон Симпсон дар мусоҳиба бо Зарангези Наврӯзшоҳ

Ҷон Симпсон: Дар сурати дархосте аз ҷониби Тоҷикистон мо ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод, ки то куҷо намоиши нусхаҳои аслии “Хазинаи Амӯдарё” дар Тоҷикистон имконпазир аст. Аслан, мо таҷрибаи намоиш додани бархе аз осори таърихии худ дар дигар кишварҳои ҷаҳонро дорем, аммо мо аз ҷониби Тоҷикистон дархост нагирифтем ва то ҳанӯз дар ин маврид фикр накардаем. “Хазинаи Амӯдарё”, яке аз осорҳои гаронбаҳотарини осорхонаи Бритониё дониста мешавад ва рӯзе онҳоро садҳо нафар тамошо мекунанд. Пеш аз он ки мо онҳоро ба дигар кишварҳо мебарем, бояд биандешем, ки ба онҳое, ки ба Бритониё дар ҳамон маврид барои дидани ин осор омадаанд, чӣ посухе медиҳем? Аз тарафи дигар, овардани чунин як бозёфти нодир то Тоҷикистон шароити хосеро талаб мекунад, то беосеб ба ин ҷо бирасанд ва боз беосеб аз ин ҷо бурда шаванд. Сари мавзӯъи овардани нусхаҳои аслӣ баҳси зиёде мавҷуд аст, ки то ҳол мо дар ин бора фикр накардаем. Мо ба вақте барои намоиш осори осорхонаи худро ба ҷое мебарем шурӯъ аз манфиати молӣ то бехатари онҳо бо осорхонаҳои дигар кишварҳо мувофиқа мекунем. Албатта, осори таърихӣ хеле нозук аст ва дар соддатарин маврид метавонад осеб бубинад. Дар чунин ҳолат мо набояд таваккал, яъне риск кунем. Пеш аз он ки мо осрори худро барои намоиш ба дигар кишвар мебарем, бояд сад дарсад ба осеб нарасиданаш бовар ҳосил кунем.

Озодӣ: “Хазинаи Амӯдарё” аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯз пайдо шудааст ва агар ҷониби Тоҷикистон барои баргардонидани он талоше шавад, ин имконпазир ҳаст? Фарзи мисол, нархе барои ин хазина муқаррар шудааст?

Осорхонаи Бритониё дар Лондон
Осорхонаи Бритониё дар Лондон

Ҷон Симпсон: Ба ҳеҷ шарт ин хазина фурӯхта нахоҳад шуд. Мо ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳем, то осорҳои нодири осорхонаи мо кам шавад. Қонун дар бораи осорхонаҳои Бритониёи Кабир ҳам чунин иҷозаеро ба мо намедиҳад. Мо бояд миёни коллексияи осорхонаҳо ва коллексияи сокинон, ки гоҳо аз тариқи музояда ба фурӯш гузошта мешаванд, фарқ гузорем. Мо танҳо медонем, ки аз лиҳози таърихӣ ин осор хеле қимматбаҳоянд, аммо то кунун нархе барои онҳо нагузоштаем ва нахоҳем гузошт. Бубинед, вақте як инсон нафареро сидқан дӯст медорад, ӯ арзиши муҳаббаташро ҳисоб намекунад. Ин осор ҳам бебаҳоянд.

XS
SM
MD
LG