Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдуард Ауэр: "Ҳадафҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дигаранд"


Эдуард Ауэр
Эдуард Ауэр

Имрӯз, чоршанбеи 6 август, фаъолияти сафир Эдуард Ауэр, раҳбари дафтари намояндагии Иттиҳодия Аврупо дар Тоҷикистон ба поён расид.

Эдуард Ауэр, раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо муддати беш аз 4,5 сол дар ин мақом дар Тоҷикистон фаъолият карданд. Радиои Озодӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо ҷаноби Ауэр, нахуст аз ин пурсид, ки сафир фаъолияти дафтари намояндагии Иттиҳодия Аврупоро дар ин муддат чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Эдуард Ауэр: Оре, имрӯз охирон рӯзи кори ман ба унвони раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аст. Аз моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон ба унвони сафири ин созмони байналмилалӣ ба фаъолият шурӯъ кардам ва инҷониб 4, 5 сол боз дар Тоҷикистон кор кардам. Албатта, ин муддати хеле зиёд аст. Ҳама саъй ва кӯшиши ман ба он равона шуда буд, ки иқтидори Иттиҳодия Аврупо дар Тоҷикистон бештар шавад ва дар оғози фаъолият дар соли 2010, дафтари намояндагӣ ҳамагӣ 16 корманд дошт ва ҳамакнун ба беш аз 30 нафар расидааст. Буҷаи ёрӣ низ он ҳангом барои Тоҷикистон зиёд набуд ва ҳамакнун ин ду баробар бештар шуд. Бо вуҷуди бархе аз душвориҳо дар оғози кор, фаъолияти дафтари намояндагӣ дар ин муддат мусбат аст.

Радиои Озодӣ: Аз назари Шумо ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Тоҷикистон дар кадом поя аст? Ҳастанд масъалаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон хуб қабул намешаванд ва ё мавриди ихтилофи назар бо мақомоти аврупоӣ шудаанд?

Эдуард Ауэр: Сатҳи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Тоҷикистон баланд аст. Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон фаъолияти муассир дорад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2010 ба Бруссел сафари расмӣ дошт ва Кетрин Эштон, намояндаи олии умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ ба Тоҷикистон сафар карданд. Дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна соле як маротиба мулоқот анҷом дода мешавад, ки бар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ширкати фаъол дорад ва дар ин нишаст масоили муҳими ҳамкориро миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа баррасӣ мешавад. Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон низ бо вазоратҳои мухталиф, аз ҷумла бо вазорати молия, тандурустӣ, энергетика ва захираҳои об мулоқотҳо анҷом медиҳад. Албатта ҳар коре анҷом дода мешавад, мавориде пеш меояд, ки тарафҳо ба тавофуқ намерасанд. Аммо муҳимтарин коре, ки ахиран сурат гирифт, шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат буд, ки Иттиҳоди Аврупо аз он истиқбол кард. Умдатарин масъалае, ки мо бо ҳукумати Тоҷикистон мубоҳиса мекунем ва ҳатто баъзан ихтилоф дорем, ин мавзӯи таъмини ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст.

Эдуард Ауэр: "Ҳадафҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дигаранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:24 0:00

Радиои Озодӣ: Мавзӯи ҳуқуқи башаррро матраҳ кардед. Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва дар мавриди ихтилофе, ки гуфтед, сари чист?

Эдуард Ауэр: Умуман Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҳуқуқи башар барномаи вижаеро дар ҷаҳон амалӣ месозад ва агар дар кишваре усул ҳуқуқи башар нақз шавад, ҳатман бо он кишвар баҳс хоҳад кард. Созмони мо дар Тоҷикистон дар иртибот ба нақзи ҳуқуқи башар изҳороту баёнияҳое пахш кардааст ва ин рабт мегирад ба боздошти баъзе шахсон ва масдуд шудани сомонаҳои интернетӣ. Албатта, мавзеъгирии Иттиҳоди Аврупо дар ин масоил барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Баъзе фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки Тоҷикистон дар солҳои охир аз назари вазъи ҳуқуқи инсон хеле рукуд кардааст. Онҳо ба рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ва додгоҳҳои ширкатдорони он ҳодисаҳо, боздоштҳои пурсарусадои Зайд Саидов, Александр Содиқов, Шӯҳрат Қудратов, ба қазияи басташавии созмони “Ампаро” ва дигар масоил ишора мекунанд. Иттиҳоди Аврупо ҳам дар ин замина изҳорот додааст. Назари шумо дар ин робита?

Эдуард Ауэр: Албатта мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқи башар дар мадди назари Иттиҳоди Аврупо қарор дорад. Мушкиле дар ин робита пеш меояд, ҳатман ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон муроҷиат хоҳем кард ва аз онҳо посух хоҳем гирифт. Ҳамчунин ҳар сол муколамае дар робита ба ҳуқуқи башар сурат мегирад, ки ин иқдом барои пешбурди ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Аммо яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки дар ин авохир матраҳ шуд, ин буд, ки баъзе мақомдорони тоҷик фаъолияти дипломатҳои аврупоиро дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон зери суол бурданд, баъзе ҳатто ходимони сафорати шуморо дар кӯшиши ба ҳам задани суботи ин минтақа гунаҳгор карданд. Назари Шумо дар ин замина чӣ аст?

Эдуард Ауэр: Воқеан аз тариқи расонаҳо ин гуна изҳоротҳо алайҳи намояндагони Иттиҳоди Аврупо садо дод. Албатта мояи ҳайрат ва тааҷҷуби мо аст, ки чунин сару садоҳо ва изҳоротҳо дар нисбати намояндагони мо интишор ёфтанд. Ҳол он, ки ҳадафи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон тақвияти сулҳу субот ва рушди иқтисодии ин кишвар аст. Аммо вақте чунин маълумотро аз расонаҳо хондем, мо бо ҳукумати Тоҷикистон онро дар миён гузоштем ва онҳо бо мо якдил шуданд, ки ин маълумот нодуруст буд ва ҳадафҳои мо дар ин кишвар дигаранд.

Радиои Озодӣ: Зери мафҳуми "ҳадафҳои мо дигаранд" чиро дар назар доред?

Эдуард Ауэр: Иттиҳоди Аврупо дар нисбати Тоҷикистон ва рушди ин кишвар стратегияеро рӯи даст дорад, ки ин барнома аввал соли 2007 ба тасвиб расида ва баъдан ин стратегия соли 2012 бозбинӣ ва такмил шуд. Дар ин санад ҳадафҳои Иттиҳоди Аврупо -- таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва волоияти қонун арзёбӣ шудаанд.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Ауэр, бо поёни фаъолият дар Тоҷикистон кори худро дар оянда дар куҷо идома медиҳед?

Эдуард Ауэр: Ман ба Бруссел бармегардам. Фаъолиятамро дар бахши хориҷии Иттиҳоди Арупоӣ дар мақоми сардори шӯъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳо дар ғарби нимҷазираи Балкан идома медиҳам.

Радиои Озодӣ: Ҷойгузини шумо дар мақоми раҳбари дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон кӣ хоҳад шуд?

Эдуард Ауэр: Ба ҷои ман сафири нав - Ҳидоят Бишевич ба Тоҷикистон меояд, ки вай аз Хорватия ҳастанд. Он кас таҷрибаи зиёди фаъолияти дипломатӣ доранд. Чун қаблан дар Русия ва Туркия ба ҳайси сафири Иттиҳоди Аврупо фаъолият карданд. Ҳамчунин дар вазифаҳои гуногун дар вазорати корҳои хориҷии Хорватия ифои вазифа намудаанд. Ҳидоят Бишевич моҳи сентябр ба Тоҷикистон меояд.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Ауэер, шумо муддати 4,5 сол дар Тоҷикистон будед. Дар ин муддат зиндагиатон чӣ гуна буд, чӣ чизе бароятон ҷолибу мавриди таваҷҷӯҳ буд, шояд чизе шуморо дар ҳайрат гузошт? Шояд чизе ҳаст, ки ба унвони як падидаи манфӣ ё мавриди нигаронӣ дар хотиратон мемонад?

Эдуард Ауэр: Зиндагии шахсии ман дар Тоҷикистон хеле хуб буд ва фурсатро хеле олӣ истифода кардам. Ҳангоми рухсатӣ ба кӯҳистони Тоҷикистон, ба хусус кӯҳи Фон рафта истироҳат кардам. Аммо он чӣ дар хотири ман мемонад, сафарам ба Бадахшон аст, ки манзараҳои зебое дорад ва Тоҷикистон бо табиати беназираш хеле зебост. Меҳмоннавозии мардуми тоҷикро бисёр дидаам ва аз ин сипосгузорам. Дар маҷмӯъ, таассуроти хубе аз Тоҷикистон дорам ва ҳеҷ падидаи манфие дар хотири ман намемонад.

Радиои Озодӣ: Дар муддати фаъолият дар Тоҷикистон оё имкони сафар ба ҳама манотиқи Тоҷикистонро доштед?

Эдуард Ауэр: Бале, тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро зиёрат кардам. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғду Хатлон ва шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон будам. Роҳу шоҳроҳҳои Тоҷикистонро тамошо кардам.

Радиои Озодӣ: Дар ин сафарҳо зиндагии мардуми Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед? Ҳама рӯзгори яксон доранд?

Эдуард Ауэр: Хеле душвор аст, бигӯем, ки зиндагии мардуми ҳама манотиқ як хел аст. Чун ҳар минтақа, барномаи хоси рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии худро бояд дошта бошад.

Радиои Озодӣ: Манзур ин аст, ки аз назари шумо Тоҷикистон ҳамчунин ба кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ дорад ё хайр?

Эдуард Ауэр: Ҳатман Тоҷикистон дар шароити феълӣ ба кӯмаки берунӣ ниёз дорад ва бояд ба бахшҳои мухталиф ёрӣ расонида шавад. Дар навбати Иттиҳоди Аврупо дар муддати солҳои 2014 - 2020 барои Тоҷикистон маблағи 250 миллион евро ихтисос додааст, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар масраф хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Ташаккур.

XS
SM
MD
LG