Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони бозори “Сомон” гаравгони баҳси ду бародар шуданд


Дар бозори “Сомон” воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, миёни моликони он баҳсе сар задааст, ки даҳҳо тан аз фурӯшандагонро нигарон кардааст. Яке аз ду бародар, ки моликони ин бозор ҳастанд, мехоҳад, ки замин бозорро бифурӯшад.

Шурӯъи баҳси дубора дар бозори “Сомон” воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров ин дафъа дар робита ба фурӯши эҳтимолии замини бозор сар задааст, ки даҳҳо фурӯшандаҳои бозорро ба ташвиш гузоштааст. Соҳибкор нигаронанд, ки агар замини бозор фурӯхта шавад, беҷои кор хоҳад монд.

Уктамҷон Соҳибов, яке аз фурӯшандаҳои бозори “Сомон” рӯзи 5 март ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи се рӯз аст, ки дар маҷлисгоҳи бозор соҳибкорон ҷамъ шуда, бо раиси бозор дар мавриди фурӯхта шудани замини бозор баҳс доранд ва аз кори рӯзонаи худ дур мондаанд.

Ба гуфтаи вай, бародари раиси бозори “Сомон” Эргаш Даминов аз Душанбе омада ва даъво дорад, ки замини бозор ба номи ӯст ва се фурӯшанда пайдо кардаву мехоҳад замини бозорро фурӯшад. Аммо ба нақли фурӯшандаҳои бозор, раиси бозор Ута Даминов мегӯяд, ки замин расман ба номи ӯст ва ҳеҷ гоҳ фурӯхта намешавад. Соҳибкорони бозор мегӯянд, ки ҳоло дар миёни баҳси ду нафар мондаанд ва ҳайронанд, ки асли масъала чӣ аст ва оё замин бозор фурӯхта хоҳад шуд ё на.

Онҳо мегӯянд, фақат дар қисмати “Евроряд”-и бозор, ки замини он аслан мавриди баҳс қарор дорад, беш аз 200 соҳибкор соҳиби дӯкон буда, зиндагии худро аз ҳамин машғулият таъмин мекунанд.

Раиси бозори “Сомон” Ута Даминов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан чунин баҳсе ҷой дорад, вале ба ҳеҷ сурат замини бозор фурӯхта намешавад. Вай гуфт, овозаи фурӯхтани замин ба ҳадде соҳибкоронро ба воҳима андохтааст, ки се рӯзи ахир дар маҷлисгоҳ ҷамъ шуда, аз вай ҷавоби дақиқ ва қонеъкунанда талаб доранд.

Ута Даминов афзуд, “тақрибан 5 дақиқа пештар 10 зани соҳибкор омада боз пурсиданд, ки замин бозор фурӯхта мешавад ё на. Ба онҳо посух додам, ки замин фурӯхта намешавад, вале дар қисмати “Евроряд” як бинои бозори сеошёна сохта хоҳад шуд ва ҳамаи соҳибкорон соҳиби ҷой мешаванд.”

Вай гуфт, ки иҷозатномаи ҳукуматро се рӯз қабл гирифтааст ва дар рӯзҳои наздик ба сохтмони бино шурӯъ хоҳанд кард. Аз бахши меъмории ҳукумати шаҳри Чкаловск ба "Озодӣ" гуфтанд, ки чунин пешниҳод аз тарафи Ута Даминов ба даст онҳо расидааст ва ин тарҳ бояд баррасӣ ва тасдиқ шавад. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо барои бунёди бино чанд шарт гузоштаанд ва дар сурати амалӣ шудани он, эҳтимол дорад, ки чунин иҷозатнома ба соҳибони бозори "Сомон" дода шавад

Раиси бозори “Сомон” мегӯяд, ҳарчанд бо санаду ҳуҷҷатҳо ба соҳибкорони бозор асли масъаларо фаҳмонидааст, вале онҳо ончунон ба воҳима афтодаанд ва бовар намекунанд. Ута Даминов худро раиси қонунии бозор медонад ва мегӯяд, ки бидуни иҷозаи ӯ, замини бозор харидаву фурӯхта намешавад.

Бозори муштараки Тоҷикистону Хитой - "Сомон" бузургтарин бозори умда ва чаканафурӯшӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки ҳудуди нафар 800 нафар дар дӯкон ва ғурфаҳои фурӯши маҳсулот кор мекунанд. Ба маълумоти мақомоти ин бозор, ҳудуди 95 дарсади тоҷирони он тоҷикон ва 5 дарсад чиниҳо ҳастанд, ки матову либос, асбобҳои рӯзгор, мебел ва ғайра савдо мекунанд.

XS
SM
MD
LG