Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби видеокамераҳо дар дӯконҳои гӯштфурӯшии Душанбе (ВИДЕО)


Насби дурбинҳои назоратӣ дар дӯконҳои гӯштфурӯшии Душанбе шурӯъ шудааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, бояд дар зарфи як ҳафта тамоми дӯконҳоро бо видеокамераҳо муҷаҳҳаз кунанд.

Насби дурбинҳои назоратӣ дар дӯконҳои гӯштфурӯшии Душанбе шурӯъ шудааст. Ин тасмими шаҳрдории Душанбе замоне гирифта шуд, ки қассобиҳои Душанбе, бино бар хабарҳо, нархи муқарраркардаи фурӯши гӯштро нодида гирифтанд ва бархе аз онҳо бо эътироз аз ин нарх дари дӯконҳои худро бастанд.

Сайфулло Амонов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, давоми як ҳафта бояд дар ҳамаи дӯконҳои гуштфурӯшӣ дурбинҳои назоратӣ насб шаванд ва комиссияи ҷамъиятие, ки ба хотири назорати нархи гушт таъсис ёфтааст, аз мониторҳо гуштфурӯшҳоро назорат хоҳанд кард. Ин масъули ҳукумати шаҳр насби дурбинҳои назоратиро «мудохилаи молӣ» меномад, ки ба хотири ба таври сунъӣ боло нарафтани нарх гузошта мешаванд: «Дар иқтисоди бозорӣ нархҳо озод аст ва нархро талаботу таклифот муайян мекунад, аммо дар сурати зарурат сохторҳои дахлдор вазифадоранд, интервенсия, яъне мудохилаи молӣ гузаронанд. Ҳамчунин, ба хотири паст кардани нарх ва нигоҳ доштани он аз ҳисоби захираҳо ё бо ҷудо кардани маблағҳо чунин маҳсулоти алоҳидаро бояд дар бозори истеъмолӣ зиёд намоянд. Ин ҳам тариқи ташкил намудани рақобати солим. Дар ин асос ҳукумати шаҳр дастур додааст, то раҳбарияти бозорҳо ба минтақаҳо сафар намуда, маҳсулот таҳвил диҳанд. » Ин масъули ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳамакнун бо чанд ширкате мувофиқа шудааст, ки маҳсулоти бештари гуштӣ ба бозор ворид кунанд ва нархи гушт поинтар равад.

Аммо насби дурбинҳои назоратиро гӯштфурӯшон гуногун қабул кардаанд. Шерафган Дӯстов, як гӯштфурӯши бозори «Варзоб»-и шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳар нафаре, ки ба шафофияти кораш бовар дорад, аз насби дурбин назоратӣ намеҳаросад. Ӯ мегӯяд: «Мо ҳамон нархе, ки ҳукумат муайян кардааст, бо ҳамон нарх мефурӯшем. Бигзор насб кунанд ва мо корамонро пеш бурдан мегирем. Часпонидани камераҳо ба кори мо ҳеҷ дигаргуние ворид намекунад.»

Масъулони шаҳрдории Душанбе умедворанд, ки бо насби дурбинҳои назоратӣ нархи гӯшт танзим мешавад ва ин омил боис мегардад, то нарх боло наравад.

Аммо Муқим Сабуров, гӯштфурӯши дигар ин тасмимро нооқилона медонад ва мегӯяд, барои танзими нархи гӯшт корҳои дигари муҳимтаре бояд карда шавад: «Маҳсулоте, ки чорпо мехӯрад, зиёд ва арзон бояд карда шавад. Сабаби қимат шудани гӯшт якум манъи чорводорӣ дар пойтахт ва аз шаҳр берун кардани говҳост. То 30-35 фоиз аз ин ҳисоб шаҳр бо гӯшт таъмин мешуд, ҳоло бошад, савдогарон аз беруни шаҳр меоранд. Ҳозир дар ноҳияҳо ҳам гӯшт арзон нест. То ин ҷо овардан худаш сарфи зиёд дорад. Насби камераҳо, ба фикри ман, ҳеҷ таъсире ба нархи гӯшт расонда наметавонад.»

Тасмими насби дурбинҳои назоратӣ дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар ҳолест, ки бо оғози моҳи Рамазон якбора нархи гӯшт аз 32 ба 40 сомонӣ расид. Ҳоло шаҳрдори Душанбе нархи гӯштро 36 сомонӣ муайян кардааст ва ба хотири назорати он ба насби дурбинҳои назоратӣ шурӯъ кардааст.

Имтиёз ба қассобҳои Душанбе, то гӯштро арзон кунанд

Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба хотири мусоидат ба пойин бурдани нархи гӯшт амр додааст, то тамоми дӯконҳои гӯштфурӯширо дар пойтахти Тоҷикистон дар тӯли моҳи Рамазон аз масъулияти пардохти ҳаққи хидматҳои коммуналӣ озод кунанд. Сайфулло Амонов, раҳбари раёсати рушди иқтисод ва тиҷоратии шаҳрдории Душанбе рӯзи 2 июл гуфт, ки маблағи хидматҳои коммуналӣ, бо шумули пули обу барқи ҳар дӯкон ба ҳисоби миёна 900 сомонӣ, муодили 180 доллари амрикоист ва он дӯконҳое аз додани пули хидматҳои коммуналӣ озод мешаванд, ки гӯштро бо нархи арзон мефурӯшанд.

Дар арафаи моҳи барои мусалмонон муқаддаси Рамазон нархи як кило гӯшти гов боло рафта, аз 33-34 сомонӣ то 38 ва дар бархе дӯконҳо ҳатто то 40 сомонӣ расид. Афзоиши нархи гӯшт ва он ҳам дар моҳи Рамазон боиси нигаронии амиқи ҳатто раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шудааст, ки дар нишасти ахири ҳукумат ба ин мавзӯъ низ дахл кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 июл дар як машварати корӣ бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт гуфтааст: “Нархи сӯзишворӣ нисбат ба чанд соли охир хеле паст шуда, хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ фаровон аст ва арзиши гӯшт дар бозор набояд боло равад." Оқои Раҳмон амр додааст, ки “болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ шавад ва ҳамзамон тавассути афзоиши тавлидот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард.”

Камераҳо дар ... дӯконҳои гӯштфурӯшӣ

Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ дар ҷаласаи рӯзи 30 июни шаҳрдорӣ тоҷирону соҳибкоронро ба инсоф даъват кард. Мақомоти шаҳрдорӣ ба қассобон пешниҳод кардаанд, ки дар моҳи Рамазон килои гӯшти говро аз 36 сомонӣ гаронтар нафурӯшанд. Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳаттто амр додааст, то дӯконҳои фурӯши гӯштро бо видеокамераҳо муҷаҳҳаз кунанд, ки ягон қассоб гӯштро аз нархи тавсияшуда гаронтар фурӯхта натавонад.

Шаҳрдори Душанбе қаблан ба хотири ҷилавгирӣ аз фасод гузоштани видеокамераҳо дар дафтарҳои кории мансабдоронро низ пешниҳод карда буд. Ҳамин тавр, ҳоло бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар беш аз 80 чорроҳаи асосии пойтахти Тоҷикистон видеокамераҳо насб кардаанд.

Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, танҳо бо амру фармон ва гузоштани видеокамераҳо наметавон пеши роҳи боло рафтани нархи маҳсулот дар бозорҳоро гирифт. Ба гуфтаи онҳо, давлат бояд нақшаҳои иқтисодии мукаммал таҳия кардаву ба мавсимҳои авҷи афзоиши нархҳо, аз ҷумла дар моҳи Рамазону арафаи идҳои Фитру Қурбон, аз пеш омодагӣ бигиранд ва бозорҳоро таъмин кунанд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, давлат бояд ба ҳайси як бозигари алоҳида бо таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хубу арзон нархҳоро бизанад, на бо шеваҳои маъмуриву фармонравоӣ, ки муддате шояд кор бидиҳад, вале дар дарозмуддат гумон аст, натиҷа биорад.

Аммо мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ки ҳоло масъулони тамоми бозорҳои пойтахт бо амри шаҳрдорӣ барои харидории маҳсулоти арзонтар ва таъмини бозорҳо дар моҳи Рамазон сафарбар шудаанд. Шаҳрдории Душанбе гуфтааст, омода аст, барои тамоми соҳибкороне, ки мехоҳанд бозорҳои пойтахтро бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва бо нархи дастрас таъмин кунанд, қарзҳои бефоиз ҷудо кунанд. Ҳамин тавр, ба навиштаи “Азия Плюс”, ҳукумати пойтахт бо комбинати гӯшти Душанбе ва ширкати “Ёвар” ҷиҳати кушодани нуқтаҳои бештари фурӯши гӯшт ва ташкили фурӯши гӯшт аз болои мошинҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр тавофуқ кардааст.

Омори истеъмоли гӯшт

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон дар ҳоле боло рафтааст, ки бино ба омори Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ аз соли 2012, Тоҷикистон аз лиҳози истеъмоли гӯш дар байни 177 кишвари ҷаҳон дар ҷои 155 буда, ҳар сокинаш дар сол ба ҳисоби миёна 12,6 кило гӯшт истеъмол мекунад. Яъне тақрибан 35 грамм дар як рӯз. Барои муқоиса, барои мисол, як сокини Люксембург солона 136,5 кило (11 маротиба бештар аз Тоҷикистон, як сокини Амрико 125 кило(10 маротиба бештар) ва як сокини миёнаи Австралия 121 кило (9,5 маротиба бештар аз Тоҷикистон) гӯшт истеъмол мекунанд.

Тоҷикистон ҳамин тавр, аз нигоҳи истеъмоли гӯшт дар байни кишварҳои пасошӯравӣ низ аз ҳама охир аст. Дар ин паҳно як сокини миёнаи Қазоқистон дар сол 67 кило, як сокини Русия - 60,3 кило, як сокини Қирғизистон 35,2 кило ва як сокини миёнаи Узбакистон 25,8 кило, яъне 2 маротиба бештар аз як сокини Тоҷикистон, гӯшт мехӯранд.

Ба ҳисоби СММ, солона дар дунё 268 миллион тонна гӯшт истеъмол мешавад. Як сокини сайёра дар сол ба ҳисоби миёна 40 кило гӯшт истеъмол мекунад. Боз ҳам 3 маротиба бештар аз як сокини миёнаи Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG