Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мехи охиринро дар тобути "облава" кӣ ва кай хоҳад кӯфт?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тарҳи қонуне ки бояд мӯҳлати хидмати артишро то якуним сол коҳиш диҳад, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон фиристода шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳитағйиру иловаҳо ба қонуни хидмати ҳарбиро ба порлумон фиристод. Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи сарбозон мегӯянд, давлат ин пешнависро бидуни назари ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия кардааст. Тархи лоихаи тағйироти таҳиякардаи вазорати адлия коҳиши муҳлати хизмат дар артишро то якуним сол дар назар доранд, аммо намояндагони чомеаи шахрванди инро кофӣ намедонанд ва тарафдори додани имтиёзҳои бештар ба сарбозонанд.

Агар баррасии густардаи пешнависи қонун ҷараён мегирифт, намояндагони ҷомеаи маданӣ метавонистанд, дар беҳбуди он саҳм гиранд. Ҳарчанд бисёриҳо медонанд, ки агар ҳукумат тарҳро писандид ва ба порлумон фиристод, он ғолибан ба ҳамин шакл пазируфта хоҳад шуд, Музаффар Бобоҷонов - раиси “Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд” - 11 пешниҳоди худро ба порлумон фиристодааст, то ҳангоми баррасии тарҳ ба назар гирифта шаванд.

Бино бар яке аз онҳо, “дар қонуни нав бояд “облава” ва ё даъвати маҷбурии ҷавонон ба артиш билкул манъ шавад.”

Гирудори ҷавонон барои даъват ба артиш ё “облава” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳвандии Тоҷикистон яке аз ду мушкили асосии артиши ин кишвар ба шумор мераванд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Барои ҷилавгирӣ аз “облава” Бобоҷонов ҳамчунин пешниҳод дорад, ки дар қонуни мазкур банде илова шавад, ки ҷавонон танҳо аз маҳалли зисташон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд. Ин нукта ба гуфтаи Бобоҷонов имконияти “облаваро” қариб аз байн мебарад. Чунки ҳоло дар аксар маврид ҷавонон аз маркази шаҳру ноҳияҳо зӯран ба комиссарияти ҳарбии ҳамон мавзеъ бурда мешаванд, чунки қонуни ҳоло амалкунанда инро манъ намекунад.

Мушкили дувуми артиш, ки сабаби дилсардии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ ва дар натиҷа роиҷ гаштани “облава” аст, низ бо истилоҳи русӣ -- “дедовшина” номбар мешавад, ки маънии меҳтарсолорӣ ё зӯроварии кӯҳнасарбозон нисбати навдаъватшудагонро дорад.

Рустам Гулов, блогнавис ва собиқ корманди ташкилоти ҳуқуқшиносони ҷавон “Ампаро”, ки аз ҳаққи сарбозон дифоъ мекард , мегӯяд, “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон танҳо замоне хотима хоҳад ёфт, ки муҳлати хизмат то ба як сол кам карда шавад.

Ҳамчунин ба пешниҳоди роҳбари “Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд” Музаффар Бобоҷонов бояд банди дигаре ба қонуни мазкур илова шавад, ки тибқи сарбозони оиладор кумакпулии баробар бо маоши ҳадди ақал гиранд.

Ҷаноби Бобоҷонов дар суҳбат ба радиои “Озодӣ” дар ин марвид афзуд: Вақте сарбоз оиладор асту вай ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешавад, ки оилаи ӯро парасторӣ мекунад. Мо чӣ гуна ба дасти ин сарбоз яроқ дода ягон постгоҳи муҳимро масалан дар сарҳад ба ӯ бовар мекунем? Вай дар фикри аҳволи хонаводааш мешавад, чи гуна марзро ҳимоя мекунад? Давлат бояд ба оилаи вай як кумаки молиявие расонад, ки бо он ақалан ширу нон харида тавонад.”

Бобоҷонов афзуд, ки то соли 1993 ҳамин гуна муақарарот дар қонунҳои Тоҷикистон вуҷуд дошт ва давлат ба сарбозони оиладор кумаки молиявӣ мерасонад.

Маҳмадалӣ Ватанов
Маҳмадалӣ Ватанов

Дар дар робита ба пешниҳодҳои Бобоҷонов, Маҳмадалӣ Ватанов -раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин пешниҳодҳо ҳоло ба дасти мо ва вакилони дигари порлумон нарасидааст. Аммо ин пешниҳод аст. Новобаста аз он, ки ин пешниҳод аз сӯи кӣ ва ё кадом ниҳоде ирсол шудааст, қобили қабул ҳаст ва ё нест баррасӣ мешавад. Ба дасти мо агар расад он ҳатаман барррасӣ мешавад.”

Иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди таҷдиди қонуни хидмати ҳарбӣ дар ҳолест, ки ахиран гузоришҳое дар бораи мавориди зиёди хушунат алайҳи сарбозон дар артиш пахш мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, аксари ҷавонони синни хидмати сарбозӣ аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд ва баробари хатми мактаб роҳ сӯи муҳоҷират дар пеш мегиранд.

Рустам Гулов мегӯяд, хабари лоиҳаи қонунро дар матбуот хонда, аммо то ҳол нусхаи ин лоиҳаро надидааст: “Ин гуна тағйиру иловаҳо дар дигар давлатҳои демократӣ бо назардошти фикру андешаҳои ҷомеаи шаҳрванди таҳия ва қабул карда мешавад. Дар мо бошад ба таври кушоду равшан лоиҳаи ин қонун ба марази мум барои баррасӣ ва муҳокима гузошта нашуд. Дафъаи гузашта низ вақте ба ҳамин қонун тағйирот ворид карда шуда буд, мақомот онро ба таври пинҳонӣ омда карда буданд. Танҳо бо талошҳои худи намояндагони ҷомеаи шаҳрванди нусхаи ин лоиҳа дастрас шуда буд, вале пешниҳоду таклифҳои онҳо ба инобат гирифта нашуда буд.”

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Ҷаноби Гулов афзуд, бо ворид намудани тағйирот ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қадами аввал барои бунёди артиши касбӣ бояд гузошта шавад. Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, гузашта ба артиши касбӣ вақти дарозро талаб мекунад вале кор бояд аз ҳоло шуруъ шавад ва зина ба зина Тоҷикистон бояд аз даъвати ҳатмии ҷавонон ба артиш даст кашад. Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо аввалан бояд қушунҳои сарҳадӣ ба артиши касбӣ табдил дода шавад чунки маҳз дар ҷузву томҳои он ҳодисаҳои зуроварии нисабти сарбозони навдаъватшуда бештар мушоҳида мешавад.

Зимнан чанд моҳ пеш Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ лоиҳаи ислоҳи қонуни «ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» -ро ба парлумон пешниҳод карда буд, ки ҳанӯз дар ҳоли баррасист. Яке аз пешниҳодҳои ин тарҳ пардохти музд ба сарбозон барои хидмат дар артиш аст. Пешниҳоди дигари ҲНИТ ин аст, ки бидуни адои хидмати низомӣ ё пардохти қонунии "ҳаққи хидмат", ки ин ҳам бояд адои ӯҳдадории ҳарбӣ шумурда шавад,ягон шаҳрванд ба мансабҳои давлатӣ таъин нагардад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷавонмардони аз 18 то 28-сола бояд дар артиш хидмат кунанд, вале донишҷӯён, фарзандони якка ва маъюбон аз ин масъулият озод карда мешаванд. Бо онки дар Тоҷикистон беш аз 600 000 нафари аз 18 то 28-сола ба сар мебарад, нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон танҳо ба 16-17 000 сарбоз эҳтиёҷ дорад. Бақия, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, маъмулан тӯъмаи “облава” мешаванд.

XS
SM
MD
LG