Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

160 миллион сомонии буҷа куҷо шуд?


Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон.
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон.

Санҷишҳои молиявии Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тайи соли гузашта ҳудуди 160 миллион cомонӣ зиёни молиявӣ ба буҷаи давлатро ошкор кардаанд.

Ҳудуди 160 миллион сомонӣ зиёни молӣ дар паи санҷиши аудитории 438 вазорату идора ва бонку муаасисаҳои буҷахӯр муайян шудаанд. Зиёни ошкоркардаи Палатаи ҳисоб рекорди қаблиашро убур кард, чунки аз соли 2014 ҳудуди 90 миллион сомонӣ бештар аст. Ин матлабро Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ баён дошт.

Ба таъкиди Дилмурод Давлатзода, маблағи умумии зиёни ошкоршуда хароҷоти ғайриқонунӣ - 12,4 млн. сомонӣ, камомад ва азхудкунии воситаҳои пулӣ ва моддӣ - беш аз 5,5 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмону таъмир - зиёда аз 10,9 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ - 1,7 млн. сомонӣ ва рӯйпӯш кардани андозҳо - 74,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар пайи ин санҷишҳои аудиторони палата, танҳо 56 миллион зиёни ошкоршуда ва ё ҳамагӣ 35 дарсади онро дубора ба будҷа бозпас гаштааст.

160 миллион сомонӣ пули буҷа куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Ба таъкиди масъулони Палатаи ҳисоб, зиёни аз ҳама бештарро ба буҷаи давлат, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расонидааст. Фурудгоҳи Душанбе соли гузашта аз бонк 15 миллион сомониро ба хотири рушди фурудгоҳ ва хариди таҷҳизот қарз гирифтааст. Аммо санҷиши аудиторон собит кардааст, ки фурудгоҳ ин қарзро ба хотири рӯйпӯш кардани як қарзаш дар назди бонки дигар гирифтааст, на барои рушди инфрасохтори фурудгоҳ, ки ин амал бинобар арзёбии аудиторон, як навъ талаф додани пулҳои буҷа ба шумор меравад.

Аудиторони ин палата ҳамчунин ошкор кардаанд, ки бахши бахши суғдии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳангоми хариди мошинҳо бо роҳи баланд нишон додани нарх, ба давлат 800 ҳазор сомонӣ зиён расониданд.

Қимати ҳангуфти мошинҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соли гузашта низ аудиторони палатаро ба ҳайрат гузошта буд. Ин кумита он замон се мошин -- як мошини тамғаи Нива ва ду мошини тамғаи УАЗ харидорӣ карда буд, ки нархи аввали 94 ҳазор доллар ва дуи дигар 114 ҳазор долларӣ буданд.

Тибқи иттилои Палатаи ҳисоб, зиёни молӣ беш аз ҳама дар Қумсангиру Вахш, Исфара, Ваҳдат ва Рашту Фархор ошкор шудааст. Зиёни молии ба давлат расондаи ин навоҳиро аудиторон 11 миллион сомонӣ баршумурданд.

Палатаи ҳисоб ниҳоди олии санҷиши моляивӣ дар Тоҷикистон буда, танҳо ба раисҷумҳур ва парлумон гузориш медиҳад ва тобеи ниҳоди дигаре нест. Аммо бо ин вуҷуд, ин Палата ҳаққи мустақилона боз кардани парванда ва ба ҷавобгари ҷиноӣ кашиданро надорад.

Вале ин ниҳод натиҷаҳои санҷишҳоро барои қазоват ба мақомоти қудратӣ ирсол мекунад. Дар соли гузашта Палатаи ҳисоб ба мақомоти интизомӣ 160 маводро ирсол кардааст, ки аз рӯи он мақомот 59 парванда боз карда, афроди ба буҷа зиён расонидаро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

XS
SM
MD
LG