Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иззат Иброҳим -- муовини Саддом Ҳусейн "кушта шуд"


Иззат Иброҳим ал-Даврӣ
Иззат Иброҳим ал-Даврӣ

Роид ал-Ҷабурӣ, раиси вилояти Салоҳуддини Ироқ, аз кушта шудани Иззат Иброҳим, муовини Саддом Ҳусейн хабар дод, ки аз соли 2003 боз дар фирор буд. Ӯ гуфт, барои тасдиқи хабар ташхиси ДНК сурат мегирад.

Роид ал-Ҷабурӣ, устондори Салоҳуддини Ироқ, аз кушта шудани Иззат Иброҳим ал-Даврӣ -- муовини Саддом Ҳусейн дар ҷараёни як амалиёти низомӣ дар ин вилоят хабар додааст. Шабакаи "ал-Арабия", наздик ба Арабистони Саудӣ ва расонаҳои ироқӣ низ тасвирҳоеро аз ҷасади нафаре, ки ба Иззат Иброҳим сахт шабоҳат ё монандӣ дорад, низ пахш кардаанд.

Роид ал-Ҷабурӣ дар сӯҳбат бо телевизиони "ал-Арабия" гуфтааст, Иззат Иброҳим ал-Даврӣ рӯзи ҷумъаи 17 апрел дар амалиёте дар минтақаи Ҳамрайн кушта шуд. Ӯ афзудааст, "бомдоди ҷумъа иттилоот ва ахбори мусаввақе дар хусуси се худрав, ки ҳомили шахсияте муҳим ҳастанд, ба нерӯҳои мо расид."

Тибқи ин гузориш, дар амалиёте, ки нерӯҳои "Ашойир" ва "Ҳашд ул-Шаъбий" дар он ҳузур доштаанд, ба ин худравҳо ҳамла ва шуморе аз сарнишинонашон кушта шудаанд. "Пас аз он нерӯҳои ҳозир дар амалиёт дар ҷараёни баррасии ҷасадҳо мутаҳваҷҷеҳ шудаанд, ки ҷасади Иззат Иброҳим низ онҷост,"-гуфтааст устондори Салоҳуддини Ироқ.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Роид ал-Ҷабурӣ гуфтааст, "ин пирӯзии бузурге барои тамоми касонест, ки дар амалиёт алайҳи гурӯҳҳои террористӣ (созмони "Давлати исломӣ") ҳузур доранд. Чаро ки Иззат Иброҳим мағзи мутафаккир ва тарроҳи ин гуруҳ буд."

Ба қавли устодондори Салоҳиддин, кушта шудани Иззат Иброҳим ал-Даврӣ таъсири зиёде ба ин гурӯҳҳо хоҳад дошт ва боиси эҷоди шикоф дар сафи онҳо хоҳад шуд. Ироқ пештар низ хабари кушта шудани Иззат Иброҳимро мунташир карда буд, аммо дертар ин ахбор дурӯғ баромад. Ҳоло устондори Салоҳиддин гуфтааст, дар ин маврид озмоиши "ДНК" сурат хоҳад гирифт.

Иззат Иброҳим ал-Даврӣ муовини Шӯрои фармондеҳии Ироқ ва нафари дувуми режими сарнагуншудаи Саддом Ҳусейн буд. Вай аз замони ҳамлаи Амрико ба ин кишвар дар соли 2003 ва сарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн фирорӣ буд.

XS
SM
MD
LG