Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сабқати ниҳоии Ҷоми ФФТ дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Имрӯз, 4-уми март, дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ мешавад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) имрӯз, 4-уми март, дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, оғоз меёбад.

Дар сабқати ниҳоӣ ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо ду дастаи беҳтарини минтақаи Хатлон -«Равшан»-и Кӯлоб ва «Данғара»-и Данғара, ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Қайроққум»-и Қайроққум, чаҳор дастаи минтақаи Душанбе - “Истиқлол”-и Душанбе, ССКА “Помир”-и Душанбе), “Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хайр»-и Ваҳдат мебошанд.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» - CСКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Данғара» (Данғара), гурӯҳи «Б» - «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Кайроққум), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ, ки 15-уми март маълум мешавад, бо Ҷом, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастае, ки ҷойи севумро мегирад, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар майдонҳои асосиву эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.

Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ.

Гурӯҳи «А»: ССКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Данғара» (Данғара).

Гурӯҳи «Б»: «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Қайроққум), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

4 март (чоршанбе)

15.00 – «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

6 март (ҷумъа)

12.00 – «Регар-ТадАЗ» – «Қайроққум»

15.00 – «Равшан» – «Истиқлол»

7 март (шанбе)

12.00 – ССКА «Помир» – «Данғара»

15.00 – «Хайр» – «Хуҷанд»

8 март (якшанбе)

12.30 – «Истиқлол» – «Қайроққум»

15.00 – «Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

9 март (душанбе)

12.00 – «Хуҷанд» – ССКА «Помир»

15.00 – «Данғара» – «Хайр»

10 март (сешанбе)

12.00 – «Қайроққум» – «Равшан»

11 март (чоршанбе)

12.00 – «Хуҷанд» – «Данғара»

15.00 – ССКА «Помир» – «Хайр»

13 март (ҷумъа)

1/2 финал

12.00 – ҷойи 1-и гурӯҳи «А» – ҷойи 2-и гурӯҳи «Б»

15.00 – ҷойи 2-и гурӯҳи «А» – ҷойи 1-и гурӯҳи «Б»

15 март (якшанбе)

12.00 – Бозӣ барои ҷойи севум

15.00 – Финал

XS
SM
MD
LG