Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷои Русия - ба ... кӯҳи намак (ВИДЕО)


Мушкил шудани кор дар Русия бархе аз сокинони ноҳияи Темурмалик дар минтақаи Кӯлобро маҷбур кардааст, то дар Ватан ягон кор биёбанд. Бархеи онҳо акнун кандани намаксанг аз кӯҳи Даҳани сангиро пеша кардаанд.

Қабули қонунҳои нав дар Русия мардикорони тоҷикро дар вазъи мушкиле қарор додааст. Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик баъд аз чолишҳои зиёд акнун ба Ватан баргашта, дигар намедонанд барои таъмини рӯзгор чӣ кор кунанд?

Бахши аъзами муҳоҷироне, ки бо анҷоми мавсим ба Ватан баргаштанд, аз шадидтар шудани қонунҳои Русия дар Тоҷикистон огоҳ шуданд. Ҳоло аксари муҳоҷирон аз минтақаи Кӯлоб бозгашт ба Русияро, ки дигар на маоши қобили мулоҳиза ва на қонунҳои муҳоҷирпарвар дорад, барои худ муфид намедонанд. Аз сӯи дигар, роҳи муҳоҷират барои ҳазорон муҳоҷире, ки аз Русия ихроҷ ё ба таъбири русӣ, "депорт" шудаанд, барои чанд сол баста шудааст. Ин ҳама мардум акнун талош доранд бо имконоте, ки дар худи Тоҷикистон мавҷуд аст, барои худ ҷои коре пайдо кунанд.

Баъзе муҳоҷирони собиқ, ки дар гузашта бо замин сару кор доштанд, боз ба деҳқонӣ даст мезананд, бархи дигар талош доранд ҳунари сохтмониву кандакориро, ки дар муҳоҷират омӯхтаанд, акнун дар Ватан истифода кунанд. Аммо як гурӯҳи дигар дар минтақаи Кӯлоб, ки имконоти камтаре дорад, "аз бекорӣ кадукорӣ" гуфта, чашм ба сӯи кӯҳи намак дӯхтаанд.

Иззатуллои Маҳдулло, як ҷавони 25-солаи сокини рустои Даҳани Сангии ҷамоати Кангурт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба далели бекорӣ бо ду бародараш ба фурӯши намак машғул шудаанд. Иззатулло мегӯяд, намаксангҳои кандаашонро дар шоҳроҳи Душанбе - Данғара гузошта, дар як рӯз вобаста ба теъдоди харидор, аз 30 то 500 сомонӣ савдо мекунанд.

"Ман пештар дар муҳоҷират будам, аз Русия депорт шуда, омадам ва ба хизмат рафтам. Баъд аз анҷоми хизмати ҳарбӣ ба ҳамин кор машғул шудам. Ҳоло мо андоз ва пули ҳифзи муҳити зистро пардохт карда, баъд машғул мешавем. Аслан сангҳои моро худи мардуми маҳаллӣ барои гову гӯсфандҳояшон харидорӣ мекунанд. Худи мо низ онро шуста, аз ғалбер гузаронида, истеъмол мекунем,"-мегӯяд Изатуллои Маҳдулло.

Дар минтақаи Кӯлоб ду кӯҳи намак мавҷуд аст, ки калонтарини он “Хоҷа Мӯъмин” мебошад. Дар назди ин кӯҳ корхонаи намак фаъолият мекунад. Аммо дар кӯҳи Даҳани намак, ки Изатулло бо бародараш аз он тахтасанг мекананд, то кунун ягон корхона ва озмоишгоҳ барои йоддоркунии намак боз нашудааст.

Ҳасан Мӯсоев
Ҳасан Мӯсоев

Ҳасан Мӯсоев, як фурӯшандаи дигари намаксанг ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ду сол боз ба Русия намеравад ва дар роҳи Кӯлоб - Душанбе намаксанг мефурӯшад. Харидорони ӯ бештар мансабдоронеанд, ки чорво доранд ва ҳини гузар аз ин роҳ намаксанг харидорӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳар сари моҳ ҳатто Нуриддин Раҳмонов, бародари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва зердастони Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон, ҳам омада, намаксангҳои онҳоро ба маблағи аз 2000 то 3000 сомонӣ харида, ба фермаҳои чорвопарвариашон ирсол мекунанд.

"Ҳар сари моҳ мешавад, одамони акаи Нуриддин омада, мегӯянд, намакҳоро ҷамъ кунед. Мо ҷамъ мекунем ва дар КАМАЗ-ҳо бор карда, маблағашро ба дастамон дода, мераванд. Дар баробари ин барои аспу молҳои Муродалӣ Алимардон низ намаксанг харида мебаранд. Боз дар роҳ ҳар рӯз савдо мекунем," -гуфт Ҳасан Мӯсоев.

Ҳарчанд сокинон мегӯянд, онҳо барои кандани намаксанг аз мақомоти ҳифзи муҳити зист иҷозатнома мегиранд, аммо Қармиш Пиров -- раиси идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалик мегӯяд, кормандони ӯ борҳо “намакфурӯшҳо”-и ғайриқонуниро то 50 сомонӣ ҷарима бастаанд: “Ягон шаҳрванд бо хоҳиши худ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат накардааст. Ва онҳо то кунун ғайриқонунӣ ба кандани намаксанг машғуланд. Иллати ҳамагӣ 40-50 сомонӣ ҷарима шудани онҳо дар он аст, ки намаксанги онҳо нархи зиёд надорад."

Минтақаи Кӯлоб бо навоҳии атрофи он аз манотиқи рушднаёфтаи Тоҷикистон аст, ки корхонаҳои саноатии бузург ва ҷойи кори зиёд надорад. Аксар аҳолии ин минтақа ба мардикорӣ ба Русия мераванд ва қисме ҳам ба кишоварзӣ машғуланд. Бархе ҳам аз бозори Душанбе мавод мехаранд ва дар бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш мегузоранд. Аммо нафароне мисли қаҳрамонҳои гузориши мо Изатулло ва Ҳасан ризқи худро дар кӯҳи намак ёфтаанд.

Қонуни нави муҳоҷирати Русия аз 1 январ ба иҷро даромад. Ва дар давоми моҳи январ аз 1000 муҳоҷири кории ноҳияи Темурмалик, ба гуфтаи мақомоти ин ноҳия, дастикам 291 нафараш аз Русия ба Ватан баргаштанд. Дар моҳҳои оянда бозгашти теъдоди бештари муҳоҷирон пешгӯӣ мешавад. Аммо агар ин теъдод боз ҳам рӯ ба афзиш биёрад, гумон аст, ки кандани намаксанг аз кӯҳи намак барои ҳамаи онҳо кифоят кунад.

XS
SM
MD
LG