Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти нерӯгоҳи Роғун 22 май маълум мешавад


​Интизор меравад, то 20 рӯзи дигар сарнавишти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" рӯшан шавад. Саҳмдорони "Роғун" дар Душанбе ҷамъ омада, дар бораи ояндаи ин иншооти ҳаётии кишвар гуфтӯгу хоҳанд кард.

Гурӯҳи иҷрои тарҳҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мегӯяд, 22 май саҳомони Роғун харҷу дахли солонаи нерӯгоҳро баррасӣ мекунанд ва, қарор аст, сармояи оинномавии нерӯгоҳ зиёд карда шавад. Ҳоло сармояи оинномавии "Роғун" 12 миллиард сомонӣ, тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Комиссияи тафтишотии махсус, ки харҷи корҳои сохтмониро назорат мекунад, рӯзи 22 май гузориш хоҳад дод, то куҷо даҳҳо миллион доллари ҷудошуда барои идомаи корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун дуруст ва ҳадафмандона харҷ шудааст. Ҳарчанд то кунун гузоришҳои пешинаи ин комиссия дастраси ҷомеаи Тоҷикистон нашудааст, аммо коршиносон мӯътақиданд, ки дар чунин иншооти бузург сӯистифода ва аз худ кардани маблағҳо вуҷуд дорад.

Георгий Петров -- муовини собиқи раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва аз мутахассисони соҳибтаҷриба аз Тоҷикистон чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт: "Яке аз мушкилоти Роғун ин аст, ки қимати аслии лоиҳаи он мушаххас нашудааст ва ҳар қадар, ки метавонед, онҷо пулро рехтан

Георгий Петров
Георгий Петров

гиред. Маълум аст, ки дар онҷо сӯистифода мешавад ва дигар корҳо вуҷуд дорад. Дар сурати лоиҳаи дақиқ ин гуна корҳоро карда наметавонанд."

Арзёбиҳои байналмилалии Роғун, ки соли 2014 нашр шуд, нишон додааст, барои иҷрои ин тарҳ аз 3 то 5 миллиард доллар зарур мешавад. Давлати Тоҷикистон соли 2009, яъне 6 сол пеш гуфт, нерӯгоҳи азими Роғунро аз ҳисоби худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи аксаран маҷбурии фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба мардумро шурӯъ кард. Дар солҳои 2010 то 2012 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо бештар аз 800 миллион сомонӣ ҷамъ оварданд, вале баъдан ҳукумат зери фишори созмонҳои байналмилалии молӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ кард. Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо сомонӣ ҳам баҳси зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад.

Ҳоло маълум нест, чӣ қадар саҳмияҳо дар дасти мардум ва корхонаҳост, вале бар асоси иттилооти нави Вазорати молия тақрибан 87 дарсади саҳмияҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар буҷаи соли 2015 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

ОЗМУНИ РОҒУНРО КӢ МЕБАРАД?

Ҷаласаи нахустини саҳомони Роғун. Душанбе, 2011
Ҷаласаи нахустини саҳомони Роғун. Душанбе, 2011

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ мумкин аст, то рӯзи 22 май ширкатҳои асосии бунёдкунандаи Роғун низ маълум шаванд. Аввали моҳи марти соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон дар ниҳоят барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун озмун эълон кард ва гуфт, ки сохтмони асосӣ нимаи дуюми соли 2016 оғоз меёбад ва марҳила ба марҳила идома карда, соли 2027 ба поён мерасад.

Ба гуфтаи намояндаи Гурӯҳи иҷрои тарҳҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, айни замон консорсиуме дар ҳайати "Трактебел Инжиринг" аз Фаронса, "Койне ет Беллие" ва "Электроконсалт" аз Итолиё барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун кумаки техникӣ мерасонанд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ба он ширкатҳое бартарӣ медиҳад, ки таҷрибаи сохтмонҳои бузург ба мисли Роғунро доранд ва ҳам метавонанд, барои иҷрои тарҳ сармояву қарз пайдо кунанд.

Бар асоси арзёбии мутахассисон, Тоҷикистон метавонад, нерӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби буҷа бунёд кунад, вале ин кор бо хатари зиёде ҳамроҳ аст, аз ҷумла зиёд шудани фақру камбизоатӣ дар кишвар. Барои бунёди Роғун ба гуфтаи онҳо зарур мешавад, ки ҳукумат солона 5 дар сади ҳаҷми маҷмӯи тавлидоти дохилиро сарфи Роғун кунад, ки ин даромади мардуми камбизоатро, ки бештар аз 30 дарсадро ташкил медиҳанд, камтар кунад. Дигар ин ки қудрати харидории мардум кам мешавад, ки метавонад, сабаби кундии рушди иқтисоди Тоҷикистон гардад.

ПУЛИ РОҒУНРО АЗ КУҶО МЕГИРЕМ?

Саҳмияи Роғун
Саҳмияи Роғун

Нерӯгоҳи Роғун дар сурати сохта шуданаш, Тоҷикистонро аз мушкили азими бебарқӣ ва мардумро аз маҳрумиятҳо зиёд халос мекунад. Таври маълум ҳар сол қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон дар фасли сармо барқ надоранд ва корхонаҳои саноатӣ ҳам маҷбур мешаванд, дар ин фасл корро бас кунанд ва ё дар рӯзона чанд соат ба истеҳсол машғул шаванд ва тамом. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад, манотиқи васеи Покистону Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад.

Узбакистон, ки пайваста мегуфт, Роғун сабаби хушксоливу фалокатҳои зистмуҳитӣ дар кишварҳои поёноб мешавад, баъд аз ташхиси байналмилалӣ сукутро ихтиёр кард, чун мутахассисон гуфтанд, ки бунёди Роғун ҳеч зараре барои Осиёи Марказӣ надорад ва муҳим он аст, ки дуруст сохта ва амнияташ назорат шавад. Ҳоло, ки Тоҷикистон сукути Узбакистонро аломати ризо дониста, камарашро барои бунёди Роғун сахттар бастааст, мушкили дигаре дар пеш аст, ки он ҳам пайдо кардани сармоя ва пули кофӣ барои тарҳ дар ин замони бӯҳронӣ ва кам шудани даромадҳои Тоҷикистон аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти баландпояи кишвар ваъда додаанд, ки то соли 2018 чархаи аввали нерӯгоҳро ба кор меандозанд.

XS
SM
MD
LG