Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Ҳабибуллоев - сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, собиқ сармураббии«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) таъин шуд.

Маъруф Рустамов, сармураббии «Равшан»-и Кӯлоб ва Алишер Ҳакбердиев, мураббии калони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишвар дохил шуданд. Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии калони «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, мураббии дарвозабонҳо таъин гардид.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Ҷоми Иттиҳод, ки аз 23-юми январ то 3-юми феврали соли оянда дар Санкт-Петербург барпо мегардад, ширкат хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба ин мусобиқа 20-уми декабр дар Душанбе шурӯъ хоҳад кард. Давраи дувуми омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 2-юм то 10-уми январ баргузор мешавад. Давраи севум ва охирини омодагӣ дар Анталияи Туркия дар назар аст.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) соли оянда, инчунин, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG