Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази ягонаи тестӣ. Фасод аз байн меравад?


Маркази ягонаи миллии тестӣ, ки дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олиро ҳамоҳанг мекунад, муаррифӣ шуд.

Маркази ягонаи тестӣ ниҳоди тобеъи вазорати маориф аст, ки дохилшавии довталабон ба мактабҳои олии кишварро ба танзим медарорад

Масъулиони маркази миллии тестӣ мегӯянд, натиҷаи озмоиши онҳо, ки дар тобистони соли равон бо ширкати 7 ҳазор хонандаи синфҳои даҳи макотиби миёнаи кишвар гузаронида шуда буд, маълум кардааст, ки низоми нави қабули довталабон ё имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба макотиби олӣ дар Тоҷикистон муваффақ хоҳад буд.

Сабзалӣ Ҷаъфаров, роҳбари маркази милии тестӣ дар сӯҳбат бо барномаи «Ояндасоз»-и радиои Озодӣ гуфт, имтиҳоноти санҷишии тестӣ маълум кардааст, ки бештари хонандагон аз фанҳои гуманитарӣ дониши хуб доранд, аммо аз улуми дақиқ ба нишондодҳои пасттар ноил шудаанд. Аммо дар маҷмӯъ ба гуфтаи Ҷаъфаров аз рӯйи низмои нави қабул, аксар довталабони шартӣ тавонистанд ба унвони донишҷӯйи даст ёбанд. Вале дар айни замон аз рӯйи ин низоми нав ҳам норозиву шикоятҳо кам набудааст. Сабзаалӣ Ҷаъфаров гуфт:

«Мо дар сайти худ эълон карда будем, ки ҳар нафаре норозӣ аст метавонад аризаи апелятсионӣ диҳад ва буданд муроҷиатҳо. 44 муроҷиат бо забони тоҷикӣ ва 11 муроҷиат бо забони русӣ ба унвони мо расид, ки аксарият характери иттилоотӣ дошт бештар. Ин ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷӯҳ ба ин низом аз сӯйи хонандаҳо аст.»

Ҳамакнун сар аз соли 2014 масъалаи қабули довталабон ба донишгоҳҳо пурра ба маркази миллӣ тестӣ вогӯзор карда мешавад. Ва ба гуфтаи масъулони ин марказ аз 1-уми марти соли равон то 15 апрел бақайдгирии довталабон аз рӯйи ин низом дар кишвар шурӯъ мешавад ва ҳамин тавр то 31-уми май ба ҷавонон барои ширкат дар имтиҳоноти тестӣ даъватнома ирсол карда мешавад. Барои гузаштан ба низоми нави имтиҳони қабул Тоҷикистон сар аз соли 2008 омодагӣ мегирад ва ҳоло омодааст пурра ба ин низом рӯ орад.

Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз қабули ин низом ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод аст. Оқои Исмонов мегӯяд умедвор аст, ки ин низом метавонад бисёр мушкилоти соҳаро аз байн барад.

«Мо албатта аз ин низом умедҳои зиёд дорем, пеш аз ҳама умедамон ин аст, ки дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ба тариқи шаффоф сурат мегирад ва тамоми он воситаҳое, ки ҳангоми дохилшавӣ истифода мешуд аз байн меравад. Бар замми ин маҳз ҳамин шеваи нави дохилшавӣ боис мешавда, ки мактаббачаҳо ҳавасманд мешаванд ва меъёри аслии дохилшавӣ ба донишгоҳро танҳо дар дониш мебинанд. Аммо амалишавии ин низом заҳмати зиёдро талаб мекунад ва қабл аз ҳама он бояд миёни мардум хуб муаррифӣ шавад.», гуфт муовини вазир.

Имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ, низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо тариқи технологияҳои муосир аст ва интихоби то 10 ихтисос, ҷойгир шудани нуқтаҳои бақайдгирӣ дар маҳалҳои зисти довталабон, бақайдгирии довталабон ва санҷиши корҳои тести онҳо аз тариқи барномаи вижаи комютерии маркази милии тестӣ аз вижагиҳои аслии низоми нави қабул ба мактабҳои олӣ дониста мешавад.

Назархудо Дустумбоев, намояндаи созмони бунёди СОРОС дар Душанбе мегӯяд, барои пура амалӣ кардани ин низом дар Тоҷикистон ва рафъи мушкилоти соҳаи маориф солҳои зиёд лозим аст.

Вай гуфт, «Мо ҳоло наметавонем бо боварӣ бигӯем, ки ин низом ҳама мушкилро ҳал мекунад. Чун мо мебинем, ки чӣ гуна тамоюл ҳаст ё дар Қазоқистон ин таҷриба чӣ ҳол дорад. Шароитҳои хосе, ки дар Тоҷикистон аст, ки барои ба по гузоштани ин низом солҳо лозим аст, ки ин низом ба таври механикӣ ба по гузошта шавад. Ҳамаи қишри ҷомеа бояд ба ин низом омода шавад. Сар карда аз хона, падару модар ва худи довталаб. Вақте ҳамаи зинаи маориф ба он омода мешавад, дар он сурат метавон аз ин низом натиҷаҳои хуб интизор шуд.»

Ба ин тартиб ҳоло масъулони маркази милии тестӣ аз ҳоло барои қабули довталабони воқеӣ ба донишгоҳҳои кишвар омодагӣ мегиранд. Барои ин ба гуфтаи онҳо дар ҳашт нуқтаи кишвар 55 маркази имтиҳонгирӣ ташкил мешавад. Довталабони ба қайдгирифта шуда пас аз гирифтани даъватнома, ки бояд то таърихи 31-уми май ба онҳо расонида шавад ба ин марказҳо ҳозир шудаву имтиҳон дониши худро месанҷанд. Имтиҳоноти қабул дар ҳама нуқтаҳо ва ба ҳама донишгоҳҳо дар як вақт сурат мегирад. Эълони рӯйхати онҳое, ки соҳиби унвони донишҷӯ мешаванд рӯзи 15 август дар сомонаи расмии маркази милии тестӣ www.ntc.tj бароварда мешавад. Довталабони комёб бояд то 25-уми август ба маркази мазкур ҳозир шуда аз қайд гузаранд ва ба донишгоҳ танҳо бо асноди худ ҳозир шудаву ба дарс шурӯъ мекунанд.

Ҷаноби Саидов гуфт, ки соли 2014 дохилшавӣ ба воситаи маркази миллии тестӣ дар 30 муассисаи олӣ гузаронида мешавад. Аммо ба ғайр аз муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ ва филиалҳои донишгоҳҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ҳангоми дохилшавии довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, фасоду ришваситонӣ ба мушоҳида мерасад.

Қаблан пажӯҳишҳои анҷомшуда низ вуҷуди фасод дар мавсими дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ва дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳҳоро тасдиқ мекунанд. Як таҳқиқоти Маркази мутолиоти стротегӣ дар соли 2011 мегуфт, агар қаблан фасод бештар дар вазоратхонаҳои интизомӣ мушоҳида мешуд, ҳоло риштаи маориф пешдаст шудааст. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ чандин маротиба ниҳодҳои маорифи кишварро дар ҷумла фасодзадатарин идороти Тоҷикистон ном бурдааст.

Дар як пурсиши сарироҳии хабарнигори радиои Озодӣ, ки қабл аз мавсими дохилшавии имсол гузаронида буд, аксари ҷавонон ҳам ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд.

Оё бепул метавон донишҷӯ шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00
XS
SM
MD
LG