Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: «49% хатти марз бо Қирғизистон масъалаи сиёсӣ аст"


Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон

Вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон вазифадор шудаанд, ки дар ду ҳафтаи оянда тарҳи роҳҳои мошингарди Исфара-Ворух ва Куктош- Оқсой-Тамдиқро омода кунанд.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, бино бар протоколе, ки дар пайи таниши ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, рӯзи 11 июл ба имзо расидаст, вазифадор шудаанд, меъёрҳои ҳаракати бемамониати нақлиёт аз роҳҳои манотиқи муноқишахезро мушаххас кунанд.

Аммо бархе аз аъзои гурӯҳи кории Комиссияи байнидавлатии оид аз тарафи Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо ба пешниҳоди ҷониби Қирғизистон, ки мехоҳад соҳиби роҳи мустақили худ бошад, зид нестанд, вале танҳо дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, қирғизҳо ба бунёди роҳи мошингард аз тариқи мавзеҳои Исфара муваффақ хоҳанд шуд. Онҳо бар инанд, ки гузашт бояд аз ду ҷониб сурат гирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода, рӯзи 18 июл дар посух ба суоли радиои Озодӣ гуфт, 51 дар сади хутути марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон мушшаххас ва ҷудо шудааст, ва танҳо 49 дар сади хатти марз боқӣ мондааст, ки бояд ҳалли масъалаи он дар сатҳи олии ду кишвар мавриди гуфтугӯ қарор бигирад. Асозода дар ин зимн гуфт: «Ман шахсан худам пиёда бо гурӯҳи корӣ дар ин маҳалҳо гаштем, масъалаи делеметизатсия мондааст, инро бояд иҷро кунем, вале ҳоло дигар халқ роҳ талаб дорад ва мо бояд ба мувофиқа омадем, ки якчанд роҳи наздисарҳадиро якҷоя созем, инҷо масъалаҳои сиёсӣ ҳам ҳаст, ки бояд ҳалли худро ёбанд ва агар масъалаҳои сиёсӣ ва сарҳад муайян шавад, мо аз нигоҳи техникӣ ҳалли масъалаи роҳу роҳсозиро меёбем.»

Вазири нақлиёт афзуд, дар мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки қарор аст дар ояндаи наздик дар Душанбе сурат гирад, бояд ин масъала ҳам баррасӣ шавад. Дар зимн вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ҳам дар пайи мулоқот бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 17-уми июл гуфт, дар масъалаи марз онҳо 99 дар сад ба мувофиқа расидаанд. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки дар ояндаи наздик сохтмони роҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар марз шурӯъ хоҳад шуд.

Гуфтугӯ ва созишҳо дар масъалаи роҳҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳол ҷараён мегиранд, ки сокинони минтақаи наздимарзии Исфара мегӯянд, роҳи феълии Ворух-Исфара ҳам, ки аз ҷониби ду кишвар истифода мешавад, роҳи хуб аст ва агар барояшон монеа эҷод нашавад, ба роҳи нав ниёз надоранд. Аммо мегӯянд, мушкили асосӣ ин аст, ки бо сабабҳои хурду реза ва бо ҳар баҳона ин роҳ, ки аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, аз ҷониби қирғизҳо баста мешавад ва мардум дар рафтуо мушкилӣ мекашанд. Ҷамоати Ворух, ки бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз 4 тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст, яке аз доғтарин нуқтаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Лоиқ Маҳкамов раиси ҷамоати Ворух дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Тез тез баромада роҳро мебандад, як гов гум шавад, роҳа мебанданд. Роҳи нағз аст, истифода мебарем якҷоя. Роҳ, ки баста шуд, барои мардум мушкилоти зиёде эҷод мешавад. Касалиҳои вазнине ҳаст, ки беморхона бурдан лозим мешавад, ё як нафар чипта дораду бояд сафар кунад, аммо бо сабаби баста шудани роҳ дармемонад. Барои қирғизҳо, ки мехоҳанд роҳи мустақили худро созанд, баръакс ягон мушкил нест, роҳи онҳоро касе намебандад ва озод рафтуо мекунанд. Аммо як сабаби ҳамин монеасозии ҷониби онҳо ҳам ин аст, ки мехоҳанд роҳи мустақили худро созанд. »

Бунёди ҷамъиятие бо номи «Ба хотири таҳаммулпазирии байналмилаллӣ» бо таҳлилу таҳқиқи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳаводиси ахири ин минтақа, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки муносибати сокинони мавзеъҳои наздимарзии ноҳияи Ботканду Ворух аз оғози соли равон хеле печидаву пуршиддат боқӣ мондааст. Вале музокироту гуфтушунид дар сатҳҳои мухталифи мақомоти ду кишвар бе ягон натиҷаи мусбат анҷом меёбанд ва дар коҳиши шиддати вазъ таъсири ночиз доранд

Баҳром Файзуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо сохтмони роҳ, ки Қирғизистон ба он сахт истодагарӣ дорад, ин кишвар метавонад даъво кунанд, ки роҳ бояд дар дохили марзи ин кишвар бошад. Ӯ паёмади роҳҳои пешниҳодии Қирғизистонро барои сокинони Тоҷикистон чунин шарҳ дод: «Аслан аз рӯи қонун дар заминҳои баҳснок сохтмон манъ аст. Вақте ки роҳ сохта шуд, оянда онҳо метавонанд даъво кунанд, ки роҳ роҳи мо аст ва сарҳад ҳам бояд аз ин ҷо гузарад. Аз сӯйи дигар, худи аҳолии Ворух аз он хавф доранд, ки бо ин тариқа онҳо ба мушкили об рӯ ба рӯ мешаванд. Яъне маҷрои дарё низ аз канори роҳе мегузарад, ки онҳо месозанд.»

То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такияи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такия кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон метр пеш нарафтаанд.

НИГАРОНӢ АЗ ШЕВАИ ИҶРОИ ЛОИҲАҲО

Хайрулло Асозода аз шеваи иҷроиши лоиҳаҳо нигаронӣ кард ва гуфт, дар муддати 6 моҳ онҳо ягон қадам пеш нарафтаанд. Тибқи қонун бояд тамоми лоиҳа аз экспертизаи давлатӣ гузарад, аммо ширкатҳои русӣ ва бонкҳо бидуни анҷоми ташхиси пурраи лоиҳа ба татбиқи он шурӯъ мекунанд. Ба гуфтаи вазир, лоиҳаҳои роҳсозӣ феълан ба меъёрҳои Тоҷикистон дар бисёр қисматҳо мувофиқат намекунад.

«Яъне бояд лоиҳа мукаммал бошад, камбудӣ дар ин аст, ки вайҳо тендерро мебаранд ва оҳиста оҳиста лоиҳа таҳия карда иҷро мекунанд. Масалан, роҳи Душанбе-Турсунзода қариб тамом шуд, аммо лоиҳаи он нав 94 дарсад омодааст. Рӯзи 4 ҳамин моҳ мо ҳама лоиҳаҳоро ин ҷо ҷамъ кардем, рӯзи панҷум фармони ман баромад, қабули кор дигар, фақат аз тараф вазорати наёлиёт мешавад ва мо гурӯҳи кориро дар ин самт омода намуда истодаем ва фикр мекунам аз ӯҳдаи ин кор мебароем.»

Хайрулло Асозода дар ин зимн аз нақби "Истиқлол" мисол овард, ки тибқи таҳлил муайян шудааст, ки ин лоиҳа иштибоҳ дорад. «Ин лоиҳа хато иҷро шудааст, дар лоиҳаи системаи дренажи роҳ аз системаи дренажи обпартои аз 65 то 93 сантиметр паст нишонданд ва шумо медонед, ки дар муддати 6 сол дохили нақб ҳамеша пур аз об буд ва боиси мушкилоти зиёд барои ронандаҳо эҷод шуда буд. Вақте мо ин масъаларо таҳлил кардем, маҷбур кардем лоиҳа ислоҳ шавад. Ин лоиҳа дар вазорати нақлиёт тартиб дода шуда ба экспертиза пешниҳод шудааст. Имрӯз дар роҳ аллакай об нест, фақат каме намӣ мондааст. Аммо то 100 дарсад ин мушкил ҳал нашавад, ба идомаи корҳои сохтмонӣ мо иҷоза намедиҳем.»

Асозода афзуд, ба сохтмони ин нақб 157 метри дигар мондааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар тамоми лоиҳаҳо чунин мушкилот ҷой дорад. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи вазир, ҳоло дар кишвар татбиқи 17 лоиҳа идома дорад ва дар соли 2014 бо маблағи беш аз 500 миллион доллар корҳои сохтмонӣ дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG