Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоб аз кист? Оё аз мардум?


Агар интихобот аз они мардум аст, чаро касе раъйи худро эҳтиром намекунад?

“Итминон дорам, ки интихоботи навбатӣ намунаи беҳтарини амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари худро озодона, бо майлу иродаи хеш интихоб мекунанд ва ин чорабинии муҳими сиёсӣ низ ба сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллии мардуми кишвар ва болоравии обрӯи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.”

Ин ҷумла моли ман нест. Онро аз торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гирифтам. Агар эшон ин ҷумларо 7-уми сентябр дар ҷаласаи Рӯзи истиқлолият дар Кохи Борбад бе мушкил ва шикасти нафас талаффуз карда бошанд, офарин! Сарфу наҳв ва таҳрирталабии онро канор мегузорам, ба ҳар ҳол мазмун рӯшан аст.

Дар ҳамин паём раисиҷумҳури Тоҷикистон пеш аз ҷумлае, ки нақл кардам гуфтааст:

“Бори дигар таъкид месозам, ки ин чорабинӣ бояд дар чаҳорчӯбаи қонун ва шаффофу озод баргузор гардад, то ин ки мардуми Тоҷикистон имконияти иштирок ва интихоби номзади арзандаро ба ин мақоми олӣ дошта бошанд.”

Оё мешавад, ба ин дастур бовар кард, дар ҳоле ки аз интихобот то интихобот ҳузур ва неруи қонун дар ин маъракаҳо то рафт заифтар мегардад? Ин суол дар ҳоле ба зеҳнам омад, ки матолиби расонаҳои ғарбиро дар бораи интихоботи порлумонии 28-уми феврали соли 2010 мурур мекардам.

“Ню Йорк Таймс” ду рӯз баъд аз раъйдиҳӣ навишта буд, ки қонуншиканиҳо ба дараҷаи зиёд рӯйи натиҷаҳои интихоботи порлумонии Тоҷикистон таъсир гузоштанд. Нашрия ҳатто изҳори нигаронӣ карда буд, ки мумкин аст, беадолатии зиёд боиси ошӯб дар кишваре шавад, ки бо Афғонистони ноором ҳамсоя аст ва яке аз масирҳои таъмини нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон аз Тоҷикистон мегузарад.

Дар ҳамин бора хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфта буд: “ба чолиш кашидани натиҷаҳои интихобот дар як кишвари фақир ва саршор аз мушкилот метавонад ба нооромиҳо сабаб гашта, барномаҳои иқтисодии марбут ба Афғонистонро ба ҳам занад.”

Шахсан, барои ман ҳайратовар буд, ки барои муаллиф барномаҳои иқтисодии Афғонистон аз демократия дар Тоҷикистон муҳимтар буд. Ҳоло мо мегӯем, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бозиҳои моҳиронаи байни демократия ва амниятро аз куҷо омӯхтаанд. Шояд нигарониҳои амниятӣ бесабаб нестанд, аммо чӣ чизе беҳтар аз адлу қонун метавонад, ҳама гуна ноамниро хунсо кунад?

Ройтерз дар тазоде саргум зада буд, ки ҳарчанд “шаҳрвандон аз ҳокимияти 17-солаи президент Раҳмон дилсард шуда, наздик ба ними нерӯи кори кишвар дар Русия истифода мешавад, натиҷаҳои интихобот аз пеш маълуманд.” Сокини 62-солаи Душанбе, Алишер Шодиев гуфтааст, “умеде нест. Онҳо намегузоранд, ҳизбе, ки ман барояш овоз медиҳам, вориди порлумон шавад.”

Бо гузашти қариб панҷ сол оё Алишер Шодиев бовар дорад, ки раъйи ӯ шахси дилхоҳашро вориди Қасри миллат хоҳад кард?

Кӣ кафолат медиҳад, ки қонуншиканиҳои интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ такрор намешаванд? Бархе аз онҳоро хабарнигорони хориҷӣ бо чашмони худ дидаанд.

Хабарнигори Ройтерз навишта буд: “дар бархе аз ҳавзаҳо як шахс метавонист, ба ҷойи чанд нафари дигар, ки шиносномаҳои онҳоро дар даст дошт, раъй бидиҳад, аммо интихобкунандагоне низ буданд, ки номашон дар ягон рӯйхат вуҷуд надошт ва аз ҳаққи қонунии хеш маҳрум гаштанд.“

Дар зимн, ин навор ҳарчанд саросари оламро гашту вокунишҳои зиёде ба бор овард, дар худи Тоҷикистон пайомаде надошт ва мақомоти ҳифзи қонун ба он эътиное накарданд.

Овоздиҳии як кас ба ҷои чанд нафар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
Линки мустақим


Як нозири ғарбӣ ба ин хабарнигор гуфтааст, ки номзади мухолиф дар ҳавзаи Данғара, зодгоҳи раисиҷумҳур, вақте ба райъдиҳӣ омад, фаҳмид, ки аллакай каси дигар ба ҷои ӯ раъй додааст.

Рӯзномаи “Файнэншл таймс” рӯзи 3-уми марти соли 2010 навишт, ҳарчанд интихобот бо орзуи қавии тағйиру дигаргуниҳо ҷараён ёфт, поёни кор ин гуна буд, ки чизе иваз нахоҳад шуд. Ин нашрия андарзи замони шӯравиро ёдовар шуда, гуфтааст, “бино бар гуфтаҳои Сталин муҳим нест, ба кӣ овоз медиҳанд, муҳим он аст, ки овозҳоро кӣ мешумурад.”

Дар як соли пеш аз интихоботи президентии соли 2013 чанде аз ҳизбу созмонҳо борҳо пешниҳод карданд, ки қонун тағйир ёбад ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо ширкат дар кори кумиссюнҳои интихоботӣ шаффофияти онро таъмин намоянд. Он гоҳ ҳикмати Сталин шояд дигар ин гуна боварбахш садо надиҳад. Пешниҳод нагузашт, қонун тағйир накард ва сояи шубҳа бар сари ин интихобот низ хоҳад афтод.

Мутаассифона, хилофкорӣ ва найрангҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон ба гунаи комил омӯхта ва раддабандӣ нашудаанд. Шояд пажуҳише дар ин росто шуда бошад, аммо натиҷаҳои он дастраси ом нестанд. Аз сӯе ҳам ман нашунидам, ки омилони ин қонуншиканиҳо дар кишвар муҷозот шуда бошанд. Шумо шунидаед? Пас оё чизе иваз хоҳад шуд?
XS
SM
MD
LG