Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Г.Кондратев: Тоҷикистон аз Люксембург ҳам заифтар аст


Георгий Кондратев
Георгий Кондратев

Сармураббии тими Беларус қабл аз бозии дӯстона бо тими Тоҷикистон футболбозони тоҷикро заифтар ҳатто аз тими Люксембург баҳо додааст, вале гуфтааст, ки тими Беларус ҳам Бразилия ё Аргентина нест.

Сармураббии тими миллии футболи Беларус Георгий Кондратев қабл аз бозии дӯстонаи тимаш бо тими миллии Тоҷикистон, ки қарор аст, рӯзи 4 сентябр дар варзишгоҳи “Борисов-Арена” дар шаҳри Борисов доир шавад, гуфтааст, тими Тоҷикистон ҳамсанги тими Люксембург ваё ҳатто заифтар аз ин тим аст. Люксембург яке аз заифтарин тимҳои миллии футболи Аврупо ба шумор меравад.

Георгий Кондратев, ҳуҷумкунандаи дар солҳои 80 маъруфи тими “Динамо”-и Минск ва сармурабии кунунии тими миллии Беларус, дар нишасти хабариаш дар посух ба ин суол ки чаро барои бозии дӯстона тими ин қадар заифи Тоҷикистонро интихоб кардааст, гуфт, “мо аз сатҳи бозии ин ҳариф шарм намекунем. Набояд нирӯи худро беш аз ҳадд боло шумуруд ҳарифро баракс кам гирифт. Мо ҳам Бразилия ё Аргентина нестем. Тоҷикистон як ҳарифи муқаррарист. Аз нигоҳи сатҳ, мисли дастаи Люксембург аст. Шояд, ҳатто каме аз он ҳам заифтар. Аммо чунин шуд, ки маҳз бо онҳо барои як бозии дӯстона тавофуқ карданд. Чаро бозӣ накунем? Аз тарафи дигар, дар ин рӯзҳо ҳарифи дигареро пайдо кардан ҳам осон набуд.”

Бо ин ҳол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки шоми 2 сентябр бо як парвози чартерӣ ба Минск расид, нахустин тамринашро дар майдони маҷтамаи олимпии пойтахти Беларус анҷом додааст ва бино ба иттилои сомонаи Федеросиюни фтуболи Тоҷикистон, дар ин тамрин ҳамаи 22 бозигари тими миллӣ ширкат кардаанд. Ин дафъа ҳамроҳ бо тими Тоҷикистон як гурӯҳи бузурги мухлисон низ барои тамошои ин бозӣ ба Минск парвоз кардаанд.

Тими Тоҷикистон
Тими Тоҷикистон

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 2 сентябр барои бозии дӯстона бо тими миллии Беларус тавассути ҳавопаймо бо хатсайри вижа ба Минск парвоз кард. Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба ин бозии дӯстона ба ҳайати даста 22 футболбоз – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст.

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Соҳиб Саванкулов («Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»).

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон 4-уми сентябр дар шаҳри Борисов, дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG