Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад пешниҳоди интиқоли хонаводааш ба Эронро "рад кардааст"


Вазири истихбороти Эрон гуфтааст, ки Башор Асад, президенти Сурия пешниҳоди Теҳрон барои интиқоли хонаводааш ба Эронро рад кардааст.

Маҳмуд Алавӣ, вазири истихбороти Эрон мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад пешниҳоди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон дар робита ба интиқоли хонаводааш ба Эронро рад кардааст.

Маҳмуд Алавӣ ин матлабро рӯзи шанбеи 23-юми апрел дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии "Ал-Маёдин"-и Лубнон баён дошта ва гуфтааст, ки Башор Асад ба Қосим Сулаймонӣ гуфтааст, ки хонаводаи ӯ фарқе бо хонаводаҳои дигари суриягӣ надорад ва ӯ дар Димишқ хоҳад монд. Вазири истихбороти Эрон дар мавриди чӣ вақт матраҳ шудани ин пешниҳоди Қосим Сулаймонӣ ба Башор Асад маълумоти бештар, ироа накардааст.

Пеш аз ин, муовини умури арабии вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфта буд, ки мақомҳои эронӣ ду сол пеш аз он ба Башор Асад пешниҳод карда буданд, ки бинобар ба дарозо кашидани ҷанг дар ин кишвар, хонаводаашро ба Эрон бифиристад, аммо ӯ ин пешниҳодро напазируфт.

Асмо Асад, ҳамсари Башор Асад зода ва шаҳрванди Бритониё аст ва бар асоси таҳримҳо аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо, аз соли 2012 аз сафар ба кишварҳои узви ин иттиҳодия манъ шудааст.

Эрон аз оғози даргириҳо дар Сурия, бо ҳузур дар майдонҳои ҷанг, дар канори нерӯҳои давлати Башор Асад алайҳи мухолифони ӯ меҷангад. Бо вуҷуди кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз нерӯҳои фиристодаи Эрон дар Сурия, мақомоти Теҳрон пофишорӣ мекунанд, ки ин афрод дар мақоми "мушовир" дар Сурия ҳузур доранд. Алӣакбар Вилоятӣ, мушовири байналмилалии раҳбари Эрон борҳо эълон карда буд, ки ҳузури Эрон дар Сурия бо дархости расмии давлати Димишқ буда ва Теҳрон қасди дахолат дар умури дохилии ҳеҷ кишвареро надорад.

Вазири истихбороти Эрон дар қисмати дигар аз суханонаш гуфтааст, ки амалиётҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" алайҳи Эрон дар вилояти Раққаи Сурия созмондиҳӣ мешавад. Маҳмуд Алавӣ гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" борҳо талош кардааст, ки аз ин минтақа ба дохили Эрон террорист бифиристад, аммо ҳамаи онҳо бозошт ва ё кушта шудаанд. Вай аз ҷумла гуфт, ки ДИИШ дар рӯзҳои интихоботи ахири парлумонӣ дар Эрон талош кард ба ин кишвар террорист бифиристад, аммо муваффақ нашуд.

XS
SM
MD
LG