Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи аввали Шукшин ба филми Бахтиёр Худойназаров


Лаҳзае аз филми "Дар интизори баҳр"
Лаҳзае аз филми "Дар интизори баҳр"

Филми нави коргардони машҳур Бахтиёр Худоназаров «Дар интизори баҳр» сазовори ҷоизаи асосии ҷашнвораи Василий Шукшин шуд.

Офаридаи тозаи коргардони маъруф, Бахтиёр Худойназаров ки бо филмҳояш ба синамои тоҷик низ эътибори ҷаҳонӣ овардааст, дар миёни наздик ба 50 филм дар ҷашнвораи Шукшин дар Кишвари Олтой пирӯз омад. Ин филм тавлиди муштараки Русия, Қазоқистон, Олмон, Фаронса ва Белгия буда, ба фоҷиаи зистмуҳитии Арал бахшида шудааст. Ҷойи дувум ба филми беларусии «Ба-Бу» ва савум ба филми «Ба ман дахл надорад»-и тавлиди Русия дода шуд. Ҷоизаи вижаи ҷашнвораро ҳунарпешаи синамо Сергей Безруков барои нақшаш дар филъми «Тилло» гирифт.

Филми «Дар интизори баҳр», ки аз 17-уми октябр дар кинотеатрҳои Русия ба намоиш даромад, достони нохудо ё капитани киштиест, ки дар баҳри Арал бо моҳидорӣ рӯз мегузаронд ва боре дар тӯфони сахт киштиаш ҳамроҳ бо маҳбубаи ӯ ва ҳамаи маллоҳонаш ғарқ шуду ӯ зинда монд ва мавҷ вайро ба соҳил афканд. Мақомот ӯро, ки Марат ном дорад, барои хунукназарӣ ба вазифааш зиндонӣ карданд. Вақте ӯ озод шудаву баргашт, дид, ки аз баҳр асаре нест ва колбади киштии ӯ дар миёни реги биёбон хобидааст. Талошҳои Марат баҳри кашондани киштиаш то лаби оби баҳр сюжаи асосии филм аст. Нақши қаҳрамони асосӣ Маратро ҳунарманди шинохтаи рус Егор Бероев бозидааст.

Дар ин филм ҳамчунин ҳунарманди тоҷик Раҷаб Ҳусейнов низ нақш бозида, яке аз продюсерони филм, корманди собиқи «Тоҷикфилм» Рушд Рушдов аст.

Филми «Дар интизори баҳр» асари шашуми Бахтиёр Худоназаров аст. Худоназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми «Братан», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худоназаров «Падари моҳтобӣ» аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалӣ гирифтааст. Худоназаров соли 1965 дар Душанбе таваллуд шуда, ҳоло дар Маскаву Берлин зиндагӣ ва фаъолият мекунад.

Нақли Бахтиёр Худойназаров дар бораи филми "Дар интизори баҳр"

XS
SM
MD
LG