Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев: “Виллаҳои мансабдоронро чаппа кунед!”


Раисиҷумҳури Озарбойҷон дастур додааст, то қасру кӯшкҳои ғайриқонунӣ сохташуда дар шаҳри Боку, аз ҷумла виллаҳои мутааллиқ ба мансабдорони баландпояро тахриб кунанд.

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон рӯзи 20 май дар ҷаласаи кумиссиюне, ки сабабҳои сӯхтор дар як бинои истиқоматии 16-қабата дар шаҳри Боку, пойтахти ин кишвари ҷануби Қафқозро таҳқиқ мекунад, бо як лаҳни тунд аз мансабдорони озарӣ танқид кард.Дар ин сӯхтори пурқурбонии рӯзи 19 май 15 нафар ҷон бохтанд.

Илҳом Алиев гуфт, нафарони зиёд, аз ҷумла мансабдорони баландпоя ғайриқонунӣ дар маркази Боку барои худ қасру кӯшкҳои бузург сохтаанд: “Ҳангоми шиносоӣ бо иншооти варзишии ҷадид ман дидам, ки дар боғи “Достлуг” (“Дӯстӣ”), ки бо ширкати (раисиҷумҳури собиқи Озарбойҷон) Ҳайдар Алиев бунёд шудааст, ғайриқонунӣ хона сохтаанд. Дарахтонро бурида, виллаҳо сохтаанд. Ба (шаҳрдори Боку) Гаҷибала Абӯтолибов амр додам, ки таҳқиқ кунад. Ӯ маълум кард, ки ҳамаи биноҳое, ки сохта шуданду мешаванд, ғайриқонунианд. Ман гуфтам: Бираведу ҳамаашро тахриб кунед!”

Вилла дар Нордорон
Вилла дар Нордорон

Илҳом Алиев дар идомаи суханонаш аз он шиква кард, ки мансабдорон амру фармонҳои ӯро иҷро намекунанд. Ӯ гуфт, дафъаи аввал фармони тахриби як вилларо дода буд, “то ба дигарон сабақ шавад”. Вале: “Чанд рӯз пеш ман боз онҷо будам ва дидам, ки дар болои теппа виллаҳо сохта истодаанд. Гуфтам, биравед, маълум кунед, ки кӣ ин виллаҳоро месозад? Соҳиби ягонтоаш пайдо нашуд. Заминҳоро ғасб мекунанд, ғайриқонунӣ хона месозанд ва танҳо баъд аз паси таҳияи ҳуҷҷатҳояш мешаванд. Чунин худсарӣ ғайри қобили қабул аст. Ман чандин бор гуфтам, ки тартиб бояд бошад! Ва ин пеш аз ҳама ба мансабдорони баландпоя дахл дорад, ки бояд дар ин масъала худ намунаи ибрат бошанд.”

Расонаҳои маҳаллӣ бар ин боваранд, ки бахши аъзами ин виллаҳои пуршукӯҳе, ки Илҳом Алиев дар бораашон сӯҳбат мекард, ба мансабдорони баландпояи озарӣ ва аҳли хонаводаҳои онҳо тааллуқ доранд. Баъди амри якуми Илҳом Алиев рӯзномаи «Azadlıq» рӯзи 18 май хабар дода буд, ки дар Боку дар маҳаллаи назди меҳмонхонаи «Рамада» тахриби виллаҳои марбут ба сарватмандон ва мансабдорон шурӯъ шудааст.

Раисиҷумҳури Озарбойҷон ҳам дар сӯҳбатҳояш ба нақши мансабдорони баландпоя дар ин “бизнес”-и вилласозӣ таъкид кард ва гуфт, дар сурати такрори чунин қонуншиканиҳо мансабдорони масъулро нафақат барканор хоҳад кард, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ хоҳад кашонд: “Дар ин кишвар ягон нафари дахлнопазир нест. Дар ин авохир чандин соҳибкорон бо ҷурми дуздии пули давлат ба ҷавобгарӣ кашонда шуданд. Аъзои оилаҳои мансабдорон ҷиноят содир мекунанд ва боз мехоҳанд аз ҷавобгарӣ сар бипечанд. Мутаассифона, мансабдорони давлатие ҳастанд, ки бо пуштибонӣ аз чунин нафарон онҳоро аз масъулият раҳо мекунанд. Ягон нафар набояд аз масъулият халос шавад. Махсусан, мансабдорони давлатӣ.”

Илҳом Алиев дар гузашта низ борҳо аз мансабдорони давлаташ башиддат интиқод карда ва онҳоро аз масъулияти фаъолиятҳояшон ҳушдор додааст. Вале ба гуфтаи мунтақидон, маъмулан ин ҳушдорҳои раисиҷумҳур дар ҳаво мемонанд.

Раҳим Ҳоҷиев, сардабири нашрияи «Azadlıq» низ рӯзи 21 май дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, бовар надорад, ки таҳдиди ба масъулият кашондани мансабдорони фосид ва қонуншикан иҷро шавад: “Албатта, чанд вилларо барои зоҳир хароб карданд. Боз шояд чандтои дигарро вайрон кунанд. Вале ин мисли як маърака аст, ки зуд мегузарад. Алиев борҳо ҳушдор додааст, ки мансабдорони қонуншиканро ба ҷавобгарӣ мекашад. Вале дар асл коре намекунад. Баъди чанд муддат ҳама чиз боз ба ҳамон шакли қадим бармегардад.”

Вилла дар соҳили Баҳри Каспий
Вилла дар соҳили Баҳри Каспий

Ин мусоҳиби мо ба ин ки ин виллаҳо аксаран ба мансабдорон ва аз ҷумла ба наздикони худи Илҳом Алиев тааллуқ доранд, шакке надорад. Ба гуфтаи ӯ, “агар як одами бесоҳиб як сангро рӯи санг гузорад, аз даҳ идора ба сараш меоянд, ки ҳуҷҷатат ку? Соҳибони ин хонаҳо одамони хеле пурнуфузанд, ки дар маркази пойтахт баҳузур ва бе ягон ҳуҷҷат чунин қасрҳо сохтаанд. Ва аҷиб ин аст, ки мақомот ва ҳатто президент то ҳол намедонанд, ки соҳибони ин қасрҳо киҳоянд.”

Илҳом Алиев соли 2003, вақте ҳамагӣ 42 сол дошт, баъди даргузашти падараш Ҳайдар Алиев мақоми раҳбарии Озарбойҷонро аз ӯ мерос гирифт. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Озарбойҷон, ин кишвари саршор аз манобеи нафту гази минтақаи Қафқоз, солона 98 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба сари ҳар сокини ин кишвар 9 800 доллар рост меояд.

Алиеви хурдӣ нисбат ба падараш зоҳиран нармтар ба назар мерасад, вале дар аҳди ӯ ҳам низоми давлатии Озарбойҷон ҳамчунон худкома ва печида ба фасоди идории саросарӣ боқӣ мондааст. Аз тарафи дигар, ҳукумати Илҳом Алиев бо саркӯби мухолифону дигарандешон ва ба зиндон кашондани ҳомиёни ҳуқуқу хабарнигорон пайваста дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор мегирад.

Ин дар ҳолест, ки аҳли хонаводаи худи Алиев, аз ҷумла духтарони ӯ ба ғасби риштаҳои сердаромади бизнеси Озарбойҷон айбдор мешаванд. Журналисти Бахши озарии Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова, ки дар бораи бизнеси бонкӣ ва ҳавонаравдии духтарони Алиев чандж матлаб навиштааст, ҳоло дар маҳбас ба сар мебарад ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, иттиҳомоти зидди ӯ ангезаи сиёсӣ доранд. Алиев дар ҳоле аз виллаҳои мансабдорон интиқод мекунад, ки духтараш дар шаҳри Карлови Варии Ҷумҳурии Чех соҳиби ин вилла аст.

Czech Republic - The Azeri president’s daughter owns a luxury villa in the spa town of Karlovy Vary, 12Oct2012
Czech Republic - The Azeri president’s daughter owns a luxury villa in the spa town of Karlovy Vary, 12Oct2012

Масъалаи қасру кӯшкҳое, ки мансабдорони баландпояи тоҷик ва наздикони онҳо дар маркази Душанбе ва атрофи пойтахт сохтаанд, низ пайваста дар матбуоти маҳаллӣ матраҳ мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам тобистони соли гузашта дар мулоқоташ бо кормандони додситонӣ аз мансабдорон интиқод карда буд, ки фикр кунанд ки ин мошинҳову ҳавлиҳои гаронқиматро аз кадом ҳисоб сохтаанд?

XS
SM
MD
LG