Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигарони мунтахаби Австралия аз тамрин даст кашидаанд


Футболбозони мунтахаби Австралия дар арафаи бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо Бангладеш аз машқҳо даст кашидаанд.

Футболбозони мунтахаби Австралия дар арафаи бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар майдони худ бо тими миллии Бангладеш аз машқҳо даст кашидаанд. Чунонки расонаҳои хабарии Австралия хабар додаанд, бозигарон чунин тасмимро дар бастагӣ бо баҳсҳо оид ба қарордоди умумӣ байни Федератсияи футболи Австралия ва Созмони футболбозони ҳирфаии Австралия гирифтаанд. Ёдовар мешавем, мунтахаби Австралия, барандаи Ҷоми Осиё-2015, 3 сентябр дар майдони худ бо мунтахаби Бангладеш ва 8 сентябр дар Душанбе бо мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад.

«Ман даступо хӯрда шудаам, зеро ки бе ин ҳам, вақте ки футболбозон ба дастаи мунтахаб меоянд, дар ихтиёри худ хеле кам фурсат дорам. Дар чунин вазъият ман наметавонам, ки ҳатто ин фурсатро барои тамрин истифода кунам. Ба андешаи ман, ин гуна масъалаҳоро на дар мавриди сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ҳал бояд кард. Чаро масъалаҳо баъди бозиҳо ҳал карда намешаванд?”, — гуфтааст сармурабии мунтахаби Австралия Ангелос Постекоглу.

Дар ҳоле ки рақиби мунтахаби Тоҷикистон бо вазъи ногувор рӯбарӯ шудааст, футболбозони тоҷик омодагиро ба даври навбатии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2015 дар Душанбе идома медиҳанд. Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар бозии санҷишӣ бар мунтахаби бошгоҳҳои кишвар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 78-ум ба ҳадаф расонд.

XS
SM
MD
LG