Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 38 қочоқбар дар амалиёти муштараки Чину Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чин мегӯяд, дар як амалиёти муштаракаш бо Тоҷикистон 38 нафар бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд. Ҳуввият ва миллияти ин боздоштшудагон ҳанӯз эълон нашудааст.

Чин бо анҷоми нахустин амалиёти муштаракаш бо Тоҷикистон алайҳи маводи мухаддир эълон кард, ки дар ҷараӣни ин амалиёт, ки 25 рӯз - аз 27 октябр то 21 ноябр - давом кард, 181 кило маводи мухаддир мусодира ва дар маҷмӯъ 38 нафар дастгир шудаанд. Аммо инки ин боздоштҳо дар кадом манотиқ сурат гирифтаву афроди бадастафтода оё табааи кадом кишваранд, дар ин хабари хабаргузории давлатии Чин – Синхуа – гуфта нашудааст.

Сихуа аз қавли вазорати амнияти ҷамъиятии Чин менависад, дар ҷараёни маърака асосан ҳероин, афюн, банг ва метамфетамин ном як навъи маводи мухаддири синтетикӣ ба дасти мақомот омада, ин амалиёт асосан дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур, воқеъ дар марз бо Тоҷикистон дар ғарбли Чин сурат гирифта ва марказаш ҳам дар Урумчӣ – маркази маъмурии ин вилояти ба далели ҷудоиталабиҳои уйғурҳо ошӯбзада будааст.

Матбуоти Чин менависад, ҳарду кишвар – ҳам Чин ва ҳам Тоҷикистон – таҳти хатари қочоқи маводи мухаддире қарор доранд, ки дар минтақаи “Ҳилоли тилоӣ” бармехезанд. “Ҳилоли тилоӣ” ба қаламраве гӯянд, ки дар манотиқи марзии Афғонистону Покитсон ва Эрон ҷойгир шуда, дар ҳоли ҳозир ба як манбаи асосии таъмини “бозори сиёҳ”-и ҷаҳонӣ бо афюну ҳероин табдил ёфтааст. Бовар меравад, ки то 90 дарсади афюни ҷаҳон ва беш аз нисфи ҳероинаш дар ҳамин минтақаи “Ҳилоли тилоӣ” сохта мешаванд.

Тоҷикистон, ки 1370 километр марзи мустақимаш бо Афғонистон аксаран ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хуб муҳофизати намешаванд, тақрибан аз миёнаҳои солҳои 90 ба як масири қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Қазоқистону Русия ва аз онҷо ба “бозори сиёҳ”-и Аврупо табдил ёфтааст. Гуфта мешавад, аз соли 1995 ба ин сӯ дар Тоҷикистон тақрибан 100 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, вале ин ки чӣ қадари дигар аз ин “вабои аср” аз “тӯр”-и мақомот гузаштаву ба “бозори сиёҳ” роҳ ёфтааст, чизе ношумурданист.

Чин бо Афғонистон ҳамагӣ 76 километр марзи муштарак дорад, вале хабаргузории Синхуа менависад, ки пулиси Чин ҳам тамоюли афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар, бахусус аз тариқи вилояти Шинҷон-Уйғурро таъкид мекунад. Гуфта мешавад, танҳо дар соли 2013 дар ин вилояти ошӯбзада 2047 мавриди қочоқ ё қасди қочоқу фурӯши маводи мухаддир ошкор шуда, 2510 кило маводи мухаддир мусодираву 2348 нафар бо гумони даст доштан дар қочоқи он дастгир шудаанд.

Ин нахустин амалиёти муштараки зидди маводи мухаддири Тоҷикистону Чин буд, ки дар ин авохир, бавижа дар соли равони 2014 равобит ва ҳамкориҳои худ дар риштаҳои интизомиву амниятиро хеле тақвият додаанд. Аз ҷумла имсол вазирони амнияти давлативу амнияти ҷамъиятӣ ва умури дохилаи Чин ба Тоҷикистон сафарҳо доштанд ва вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар моҳи август аз Чин боздид кард ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҳамин ҳафта ба ин кишвари ҳамсоя сафар кардааст.

Ҷузъиёти ширкати ҷониби Тоҷикистон дар гузоришҳои матбуоти Чин мушаххас нашудааст ва худи Душанбе низ то ҳол дар ин бора гузорише надодааст, вале вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар ҷамъбасти амалиёти муштарак гуфтааст, ки дар ин маърака аз ҳардуҷониб беш аз 5000 маъмури пулис ширкат доштаанд. Ванг Ганг, як намояндаи вазорати амнияти ҷамъиятии Чин гуфтааст, ин амалиёт асосан рӯи талошҳои эҳтимолии қочоқи маводи мухаддир аз тариқи парвозҳои ҳавоӣ ва нақлиёти заминӣ тавассути марӯзҳо тамаркуз карда буд.

Аз ин шарҳ чунин бармеояд, ки мақомоти Чин имкони аз тариқи Тоҷикистон ба ин кишвар сарозер шудани маводи мухаддири афғониро низ истисно намекунанд. Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин гуфтааст, “ин маърака ҳолати наверо дар амри расидагӣ ба ҷиноятҳои фаромарзии марбут ба қочоқи маводи мухаддир ба миён оварда, таҷрибаи арзишманде дар масъалаи ҳамкорӣ дар ин соҳа байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.”

Чину Тоҷикистон ҳарду узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошанд ва Пекин ҳамзамон дар ҳоли ҳозир ба умдатарин шарики иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бино ба ҳисобҳо, аз 2,1 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 миллиардаш қарзи Чин аст ва ин кишвар дар 6 соли оянда ба Тоҷикисторн ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст.

Дар моҳи апрели соли равон вазири амнияти ҷамъиятии Чин Гуо Шенгкун ба Тоҷикистон сафар карда буд ва дар ҷараёни ҳамон боздид ду кишвар ҷиҳати тақвияти тадбирҳои муштарак дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзии заминӣ ба манзури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир тавофуқ карданд.

XS
SM
MD
LG