Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стратегияи нави Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон


Дар пайи як пажӯҳиш Бонки осиёии рушд маълум кардааст, ки барои такмили арсаи энергетика (нерӯи барқ) Тоҷикистон ба 4 миллиард доллар эҳтиёҷ дорад.

Буадокфенг Чансават, мутахассис оид ба идораи бастаи сармоягузориҳои дафтари Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон зимни муаррифи стратегияи нави ин бонк дар қиболи Тоҷикистон барои солҳои 2016−2020 рӯзи 28−уми июл гуфт то ба ҳол ин бонк барои рушди арсаи энержии кишвар 400 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Аммо пажӯҳишҳо собит кардаанд, ки ба ҷуз аз хароҷоти сохтмотни нерӯгоҳи Роғун ва тарҳи СASA-1000 соҳаи энергетикаи кишвар дар 10 соли наздик боз ба 4 миллиард доллар сармояи иловагӣ ниёз дорад, афзуд ҷаноби Чансават. Аммо ба таъкиди ӯ, на БОР ва на дигар созмонҳои дигари байналмилалӣ имкони сарозер кардани чунин сармояи бузургро ба Тоҷикистон надоранд.

Чансават гуфт, "қарор аст, то охири соли равон раванди реструктуризатсия ва ё тақсимшавии “Барқи тоҷик” ба се қисмат анҷом ёбад. Ба гуфтаи ӯ танҳо дар сурати анҷоми ин ислоҳот вазъияти арсаи энержӣ дар кишвар рушан хоҳад шуд, вагарна ҳоло “Барқи тоҷик” “хонаеро бо тирезаҳои сиёҳшиша мемонад, ки маълум нест, дар дохили он чӣ мегузарад”, афзуд Чансават.

Созмонҳои байналмилалӣ назири Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии асъор тайи чанд сол аст аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунанд, то ширкати “Барқи тоҷик”− ба се қисмат − ширкати истеҳсолкунандаи нерӯ, интиқолдиҳанда ва фурӯшандаи барқ тақсим кунад. Аммо зоҳиран давлати Тоҷикистон аз ин тавсияи созмонҳои байналмилалии молӣ чандон хушнуд нест ва акнун қарор аст, то охири соли равон дар дохили ширкати “Барқи тоҷик” се департамент бо суратҳисобҳои алоҳида ташкил карда шаванд. Ҳар яке аз ин департаментҳо масъули истеҳсол, интиқол ва фурӯши барқ хоҳанд буд.

Дар ҳамин ҳол, БОР дар стротегияи нави худ, ки рӯзи 28 июл муаррифӣ кард, эълон дошт, ки сармоягузориҳояш ба арсаи энержӣ ва нақлиёт то кунун 80 дарсади кулли сармояҳо ба он равона мешуданд коҳиш хоҳад дод. Бонк ният дорад дар чаҳор соли оянда сармоягузориҳояш ба ин арсаҳоро то ба 55 дарсад коҳиш диҳад ва маблағҳояшро барои рушди бизнес, беҳтар крадани фазои сармоягузорӣ ва кишоварзӣ сарф хоҳад кард.

Радҷеш Васудеван -- мутахассиси Бонки Осиёии Рушд рӯзи 28 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бонк дар се соли оянда ба буҷаи давлатии Тоҷикистон 100 миллион доллар ёрӣ хоҳад кард ва ин миқдор пул барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, тиҷорат ва таҳсили касбии ҷавонон сарф хоҳад шуд.

Аз соли 1998 то кунун ин бонк 13 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи онҳо 905 миллион доллари амрикоӣ буда, 75 дарсадашон грант ҳастанд. Аммо бар асоси арзёбии коршиносони бонк, яке аз ин барномаҳо "бисёр муваффақ", нӯҳ барномаи дигар "муваффақ" ва ду барнома "номуваффақ" будаанд.

XS
SM
MD
LG