Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати ҷаҳонишавӣ меафзояд


Назарсанҷии Би-Би-Си дар 34 кишвари ҷаҳон ва дар байни 34 500 нафар нишон додааст, ки нисфи пурсидашудагон суръати ҷаҳонишавиро тунд донистаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди 35 дарсади пурсидашудаҳо ин раванд бо кундӣ пеш меравад. Аммо аксарияти пурсидашудаҳо дар 22 кишвар, аз ҷумла 57 дарсад дар кишварҳои сарватманди гурӯҳи Ҷи-7, суръати ҷаҳонишавиро тунд дарёфтаанд. Андешаи кунд будани суръати ҷаҳонишавӣ бештар дар кишварҳои дар ҳоли рушд тарафдор доштааст.

Аммо нигарониҳо дар бораи пайомадҳои ҷаҳонишавӣ дар кишварҳои сарватманди дунё маҳсустар ва аслан бар пояи ин итминон будааст, ки самари рушди иқтисодӣ байни кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи дунё ғайримунсифона тақсим мешавад. Дар маҷмӯъ 64 дарсади пурсидашудаҳо дар ҷаҳон ва аксарият дар 27 кишвар аз ин 34 кишвари таҳти пурсиш қароргирифта ба ҳамин назар будаанд. Дар кишварҳои фақир аксарият ҳамзамон аз суръати тундтари ҷаҳонишавӣ ҷонибдорӣ мекунанд ва бар ин боваранд, ки ҷаҳонишавӣ метавонад беинсофӣ нисбат ба кишварҳои ононро поён диҳад.

Аммо Чин бо 10 дарсад рушди солонаи инак даҳ сол боз ғайриоддии иқтисодиаш аз ин ҷумла истисно будааст. Дар ҷараёни назарсанҷие, ки асосан дар шаҳрҳои саноатии Чин анҷом дода шуд, аксари чиноиҳо рушди иқтисодии кишварро одилона хондаанд ва ин дар ҳолест, ки ба назари иқтисодшиносон, рушди иқтисод шикофи байни шаҳру русторо бузургтар кардааст. Аммо чиноиҳо дар ин бора, ки суръати тунди ҷаҳонишавӣ мунҷар ба тағйири низ хеле тунди чеҳраи шаҳрҳои саноатие ба мисли Шанхай шудааст, изҳори ингаронӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ҳанӯз пеш аз бӯҳрони бозорҳои саҳом анҷом шуданаш, ин назарсанҷӣ ҳокии нигарониҳои қобили фаҳм дар бораи бад шудани шароити иқтисодӣ, ба хусус дар кишварҳои пешрафта ва сарватманди дунёст. Масалан, дар Амрико 78 дарсад гуфтаанд, вазъи иқтисодии онҳо бадтар шудааст. Ва танҳо 22 дарсад дар ин бора назари баръакс ва хушбинона доштаанд. Дар Фаронса низ танҳо 22 дарсад ва дар Ҷопон ҳамагӣ 33 дарсад аз шароити феълии иқтисодии худ розӣ будаанд. Аммо дар Чину Русия, Канадаву Австралия ва Имороти Муттаҳидаи Араб, яъне дар кишварҳое, ки аз ҷумла бо шарофати боло рафтани нархи нафту газ ва маъодин фоидаи бештар бурдаанд, назари мардум ҳам нисбат ба вазъи иқтисодии онҳо хушбинонатар будааст.

Дов Миллер, раиси ширкати Глобскан, ширкате, ки ин назарсанҷии густурдаро барои Би-Би-Си анҷом додааст, мегӯяд, нигаронии мардум дар бораи самти ҳаракати иқтисод як чизи воқеъист, вале мояи ин нигаронӣ танҳо рукуди иқтисод нест. Ба эътиқоди ӯ, мардум тақсими одилонатари фоидаҳои рушди иқтисодӣ ва ҳамчунин интихоби як суръати бештар қобили фаҳм ва бештар қобили таҳаммули ҷаҳонишавиро мехоҳанд.

XS
SM
MD
LG