Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Фарҳанг

Намоз дар масҷид ба сӯи Ватикан?

21.12.2007

Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Турсунзода масҷиде бунёд шудааст, ки пас аз чанд соли истифодаи он дақиқ шудааст, ки самти намозгузорӣ дар он на ба сӯи Каъба, балки Ватикан будааст.

Хурсанд Ибоддинов, раҳбари пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон бо ёдовари аз ин ҳодисаи иттифоқуфтода гуфт, инчунин номушаххасиҳо дар муайян кардани самти дақиқи Каъбатуллоҳ, яъне шаҳри Макка миёни мардум ихтилофҳо сар задааст. Вай афзуд, мо бо мутахассисон ба ин деҳа рафта, аз тариқи асбобҳои махсус самти ғуруби офтоб ва ҷойгиршавии Каъбаро муайян ва бо бур самти Қибларо дар саҳни ҳавлии ин масҷид ишорат намудем. Маълум шуд, ки қаблан мардуми ин деҳа дақиқан на ба  самти Каъба, балки 22 дараҷа канортари ин самтӣ намоз мегузоштаанд. Зеро ин масҷид параллел бо роҳ бунёд шуда ва самти Каъба дақиқ мушаххас нашудааст.

Оқои Ибоддинов иброз дошт, ин дар ҳолест, ки шӯрои уламои Тоҷикистон ҷиҳати мушаххас кардани самти қибла аз ҳама манотиқи Тоҷикистон ва тақвими замони намозҳо ба ин пажӯҳишгоҳ расман муроҷиат карда ва посухи дақиқ гирифтааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, муассисоти динии Тоҷикистон дар бунёди ба хусус масоҷид аз дастовардҳои улуми дақиқ зиёд истифода намебаранд ва ин боиси иштибоҳҳои мусалмонони кишвар дар анҷоми аркони ислом мегардад. Зеро ба эътиқоди оқои Ибоддинов, самти ҷойгиршавии Каъбатуллоҳ аз мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, танҳо дар рӯзҳои кӯтоҳтарини сол, ба вижа 22 декабр ба самти ғуруби офтоб мувофиқ аст.

Ва аммо, мегӯяд ӯ, дар фаслҳои дигар, аз ҷумла тобистон, самти ғуруби офтоб 60 дараҷа тағйир меёбад ва дар ин мавсим дақиқан ба самти ғуруби офтоб намозгузорӣ дуруст нест. Ҳамчунин меафзояд, дар бештарин маврид дар аксари манотиқи кишвар ва шаҳрҳо масоҷид дар заминаи мувофиқат бо тарҳи кӯчаҳо бунёд мешавад, ки аксар маврид самти намозгузорӣ дар ин масоҷид дақиқан рӯ ба сӯи Қибла набудааст. Ба гуфтаи масъули пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон, бар илова аксаран мавсими шурӯъи сохтмон биноҳо, аз ҷумла масоҷиди кишвар, дар фасли гармои тобистон аст ва чун самти қибларо ҷониби ғуруби офтоб муайян мекунанд, дар ин фасл қутби ғуруби офтоб аз самти ҷойгиршаваии Каъба хеле тафовут дорад. 

Хурсанд Ибоддинов, раҳбари пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон 

Аммо дар ҳамин ҳол, Адашхон Иноятзода, муаззини масҷиди марказии Душанбе, мегӯяд, феълан мавриди мушаххас кардани самти намозгузорӣ дар бунёди масоҷиди кишвар аз компас ва ё қутбнамо истифода мебаранд ва ҳамчунин бар тибқи он аз ҷумла мушаххас кардаанд, ки самти намозгузорӣ дар масҷиди марказии Душанбе дақиқан ҷониби Каъбатулоҳ будааст. Вай афзуд, дар инҷо 120-130 пеш, яъне қабл аз инқилоби октябр масҷид сохта шуда буд ва Масҷиди марказии Душанбе  дар ҷои он бунёд шуда ва самти қибла ба он масҷиди қаблӣ мувофиқ аст.

Ва ин дар ҳолест, мардуми оддии мусалмони кишвар самти намозгузории худро ба гуфтаи имомҳои масоҷид анҷом медодаанд, вале аксаран самти ҷойгиршавии Каъбаро дақиқан намедонистаанд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳатто тақвими замони намозҳо ба ҷуз аз моҳи шарифи Рамазон дар дигар моҳҳо нашр ва ба мардум пешкаш намешавад. Ва ин аст, ки аксаран мардум замони намозҳоро аз усулҳои қадимӣ, ки мероси гузаштагон аст, истифода мебаранд. Барои мисол фаросрасии намози шомро ба он замон мувофиқ медонанд, ки риштаи сафедро аз риштаи сиёҳ фарқ карда шавад ва ё дамидани субҳро он лаҳзае медонанд, ки донаи гандумро аз дона ҷав мешавад фарқ кард.

Дар ҳамин ҳол пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо нигаронӣ ба дониши нокофии ходимони динии кишвар дар бахши илми нуҷум ба мақомоти таълими динии кишвар пешниҳод кардаст, ки ба толибилмони мадрасаҳои динии кишвар ҳадди ақалл то 40 соат аз асосҳои илми нуҷум дарс омӯзонда шавад. Зеро ба гуфтаи масъули ин пажӯҳишгоҳ агар ходимони дин ва имомҳои масоҷид аз асосҳои илми нуҷум бехабар монанд, анҷоми рукнҳои исломӣ дар оянда низ бо иштибоҳот сурат хоҳад гирифт.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: Азиз
22.12.2007 00:43
маколаи бисьёр хуб

Ном: Tojik
22.12.2007 15:31
Man tarafdori in makola hastam va az Astrofizikhoi Farhangiston xohish mekardam,ki hamai masjidhoi TJ-ro dida baroyand va daqiq kunand Qiblaro

Ном: N.z.r.tajik
22.12.2007 19:38
behtarin kori hub meshavad, ki ya dida broyan masjidhoro ! va daqiq kunand !

Ном: isfara аз: makka
22.12.2007 22:56
bisyor makolai zebo

Ном: Shuhrat
23.12.2007 00:13
XUDORA shukr ki olimoni mo ba hamin korhoi savobnok dast zadand..inshaolloh Xudovand ba shumo madad merasonad....

Ном: шахрванди пойтахт
24.12.2007 09:39
Бале бисёр маколаи хуб. Холо вакти он омадааст, ки олимони мо кибларо муайян кунанд.

Ном: Мубориз
24.12.2007 11:39
Оличаноб! Ин маколот бешак зеби сайти Озодианд! Ташаккур ба Бароти Юсуфи!

Ном: lailo аз: dushanbe
24.12.2007 14:49
Ammo bisyor ajib ast ki charo to ba hol mehrobi masjidi mo hamonwst ki bud?
Man fikr mekunam in matlab behooda ast.

Ном: Шахрванд
24.12.2007 16:49
Мавлавии Кифоятуллохи Курбон ки соле пештар имоми намози чумъаи масчиди вокеъ дар махалаи Советский буд ва аз улуми диниву дуняви хело бохабар буд ва оиди нодуруст будани киблаи АКСАРИЯТИ МАСЧИДХОИ тОЧИКИСТОН баромадхо мекард аз чумхурии мо(албатта бо ёрдами кумитаи дини чумхури ва гуруххои зиддиисломи) ба истилохи мардуми "депортация карда шуд". - Огои Хурсанд Ибоддиновро мутаасифона ба мисли хамин шахс "депортация" интизор аст... зеро ба гуфтаи ӯ, муассисоти динии Тоҷикистон дар бунёди ба хусус масоҷид аз дастовардҳои улуми дақиқ зиёд истифода намебаранд ва ин боиси иштибоҳҳои мусалмонони кишвар дар анҷоми аркони ислом мегардад. Зеро ба эътиқоди оқои Ибоддинов (ки 100% бовар дорем дуруст аст), самти ҷойгиршавии Каъбатуллоҳ аз мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, танҳо дар рӯзҳои кӯтоҳтарини сол, ба вижа 22 декабр(яъне хонахои зимистонии офтоб,азимути 243градус) ба самти ғуруби офтоб мувофиқ аст.Ва аммо, мегӯяд ӯ, дар фаслҳои дигар, аз ҷумла тобистон, самти ғуруби офтоб 60 дараҷа тағйир меёбад ва дар ин мавсим дақиқан ба самти ғуруби офтоб намозгузорӣ дуруст нест.

Ном: TJK
26.12.2007 12:34
Agar yak 70 soli digar intizor shuda ba'd muaiyan mekardand nagztar meshud.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил