Ҷумъа, Октябр 24, 2014

Фарҳанг

Шабнами Сурайё дар "рӯйхати сиёҳ"-и телевизион?

Ҳазфи баромади Шабнами Сурайё гумонҳо дар бораи "рӯйхати сиёҳ"-и телевизионҳоро бештар кард.

Шабнами Сурайё ҳангоми иҷрои таронааш дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
Шабнами Сурайё ҳангоми иҷрои таронааш дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
Ҳангоми намоиши мустақими консерти рӯзи 21-уми март, ки дар Наврӯзгоҳ, маҳалли аспрези шаҳри Душанбе, баргузор шуд ва онро Шабакаи аввали Тоҷикистон пахш кард, тамошобинон овозхонии Шабнами Сурайёро диданд.
Cабаби роҳ наёфтани онҳо ба телевизионҳо шояд ба сабабҳои дигар бошад, ки ба мусиқӣ рабте надорад...


Аммо дар бозпахши барномаи идона баромади ӯ "қайчӣ" шуда буд. Муҳаммад Ғоиб, мудири телевизиони Шабакаи аввали Тоҷикистон гуфт, сабаби ҳазф шудани таронаи Шабнами Сурайё дар заъфи матн буд, аз ин хотир, барояш дар миёни таронаҳои дигар, ки дар сатҳи олӣ навишта шуда буданд, ҷой пайдо нашуд.

"ТАРОНАИ БЕМАЪНО"


Вай афзуд, "суруди хуб дар ҳама ҷо мақоми худро пайдо мекунад. Агар мо пахш накунем, ягон телевизиони дигар онро пахш мекунад. Суруд суст буд. "Як бача буд, бачаи мардум ёри ман намешавад". Инро оё ягон маъно дорад?"

Шабнами Сурайё
Дар ҳамин ҳол, Шабнами Сурайё мегӯяд, таронаи ӯ аз қабили ҳамон таронаҳои мардумӣ аст, ки аз нигоҳи шоирон дар матн заъф доранд, аммо ин гуна бархӯрди телевизионҳои давлатӣ бори аввал нест. Вай гуфт, қаблан ҳам телевизионҳои Тоҷикистон аз пахши таронаҳои ӯ худдорӣ мекарданд, аз ҷумла ба он далел ки либосаш ба менталитети тоҷикӣ мувофиқат намекунад.

Хонум Сурайё гуфт, "ростӣ, чанд сол аст, ки маро дар телевизор нишон намедиҳанд. Албатта, ман аз ин бобат парво надорам. Ҳеҷ гап не. Сабаби ин ҳама барои ман рӯшан нест, балки як чизи муқаррарӣ аст. Бигзор маро халқ гӯш кунад ва дӯст дорад."

АЗ МАНИЖА ТО ШАБНАМ

Шабнами Сурайё, яке аз ситораҳои дурахшони мусиқии попи муосири Тоҷикистон ба шумор меояд, ки шӯҳраташ фаротар аз марзҳои кишвар то ИДМ, Эрону Афғонистон ва миёни форсизабонони ҷаҳон берун рафтааст.

Модари ӯ Сурайёи Қосим низ аз сарояндагони соҳибноми Тоҷикистон аст ва соли гузашта хоҳари ӯ Фарзонаи Хуршед да ду соли зиндон маҳкум шуд.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, тайи солҳои ахир мавҷудияти як рӯйхати ба таъбир "сиёҳ" дар телевизионҳои эҳсос мешавад. То Шабнами Сурайё Манижа Давлатова, "ситораи" дигари мусиқии попи кишвар низ дар экрани телевизионҳо зиёд падид меомад, аммо чанд сол ба ин сӯ умуман намудор нест.

Садриддини Наҷмиддин
Ҳамчунин "ситораҳои" дигари Тоҷикистон, аз қабили Садриддини Наҷмиддин ва Баҳром Ғафурӣ дар телевизионҳо қариб ки дучор намеомаданд. Садриддини Наҷмиддин мегӯяд, ҳоло гоҳ-гоҳ таронаҳои ӯро аз телевизионҳо пахш мекунанд.

"Як бор ним бор нишон медиҳанду хеле хурсандамон мекунанд. Аммо хеле кам. Аммо мушкил дар ин нест. Бояд як телевизиони мустақили мусиқӣ ташкил шавад, ки фақат мусиқӣ пахш кунад. Дигар мо ҳам барои телевизионҳо дарди сар эҷод намекунем. Онҳо ҳам боз имкон меёбанд, ки ба мавзӯҳои дигар бештар машғул шаванд"
,-афзуд ӯ.

МЕЪЁРИ ПАХШИ ТАРОНАҲО КАДОМ АСТ?

Баҳроми Ғафурӣ
Баҳром Ғафурӣ ҳам мегӯяд, ҳоло муносибати телевизионҳо бо ӯ тағйир хӯрдаанд ва ӯро гоҳо даъват мекунанд, ки баромад кунад: "Ин ҳама бояд аз дӯстӣ бошад. Бояд миёни мову телевизионҳо дӯстӣ бошад. Ҳунармандон бо телевизионҳо, телевизионҳо бо ҳунармандон бояд ҳамкорӣ кунанд. Нишон додан ё надодани ин ё он кас аз муносибаташ низ вобаста аст."

Дар ҳамин ҳол, суоле пайдо мешавад, ки оё телевизионҳои Тоҷикистон меъёрҳои муайяни пахши таронаҳоро доранд? Муҳаммад Ғоиб, мудири телевизиони Шабакаи аввали Тоҷикистон гуфт, таронаҳо қабл аз пахш аз назари як кумисюни вижа мегузаранд ва дар ҳоли доштани матни харобу оҳанги номақбул пазируфта намешаванд.

Аммо иддае аз коршиносон мегӯянд, меъёрҳои муайяни пахши ин ё он тарона дар телевизионҳои Тоҷикистон ба назар намерасад.



Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигори тоҷик, ки дар мавзӯи мусиқии муосир матлаб менависад, мегӯяд, аксаран дар телевизионҳо таронаҳои кӯҳна садо медиҳанд: "Дар онҳо мо ягон навигариеро намебинем. Як суруд такрор ба такрор солҳои дароз пахш мешавад. Сурудҳои мардумиро танзими нав карда, пешкаши мардум мекунанд. Ба назар мерасад, мардуми тоҷик суруди нав надорад ва наметавонад як дигаргунӣ кунад.

Хонум Ганҷова гуфт, "ситораҳои" муосири мусиқии попи Тоҷикистон, аз ҷумла Шабнами Сурайё, ба санъати тоҷик услубу таронаҳои ҷолиберо ҳадя кардаанд, ки писанди мардум ҳастанд, аммо пахш намешаванд. Вай афзуд, сабаби роҳ наёфтани онҳо ба телевизионҳо шояд ба сабабҳои дигар бошад, ки ба мусиқӣ рабте надорад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 11
    Баъдӣ 
Ном: Мухиддин
26.03.2011 10:50
Озоди аз хар кас хай ситора месози. Бузургои миллат Масов ва Муъмин Каноъата дар ТВТ мамнуъ кардан гап намезани, як Шабнам. Шабнам хамаги як хофизест, ки таронахои дигарора мехона у оле ба пояи шахсият нарасидаст, ука вохимаш накун охи. У Алла Пучачова е Нигина Рауфова нест ку.
Дар посух

Ном: fayzali аз: USA
27.03.2011 10:25
rost megi barodar Muhiddin alhak monen hofizhoera ki surudhoi hudashonro mehonand az jumla shodravon Odinahoshim K. Qurbon N.raupova. in shahson va monandi inho bisyorand. Man ba saroyandahoi tojik ki imruzho sitoraashon meguyand yagon gumoni bad nadoram ammo surudhoi hudro saroyand. kani hamon Manija Sirojiddin vahokazo
Дар посух

Ном: Мурод аз: Кулоб
28.03.2011 07:53
Мебахшед айни замон Шабнам хам бузург аст. Дар сатхи худаш ва дар миени овозхонхо чи дар Точикистон ва чи дар Осиеи миена нуфуз дорад. Шояд ин аст гунохаш!?

Баъдан инчо матни суруд ба черни списка даромадани Шабнам дахле надорад. Чукуртар бояд фикр кард. Чукуртар то ки фахми!!!!

Саидкул хам бад нест Мумин Каноатда хам гап нест. Вале хой бародар шоир дигарасту таърихшинос дигару овозхон дигар.

Хаминаш хам мисли Маликаи Саидзод сатрпуш мешаваду баъдан Хизби Халки Демократи дахонаш воз мемонад.
Назарбоев барои нуфузашро баланд намудан аз нуфузи Бред Пит то Марк Дакскос истифода мебарад мо бошем барои нуфузи худ дигаронро вориди черный списка мекунем. Гуфти халк :Тилло дар даруни ахлот хам чило медихад.
ва гуфти Евро Нюсь:NO COMMENT

аз Озоди хохиш мекунам, ки назари маро чоп намояд
сокини шахри Кулоб (назди мактуби №9)
Мурод
Дар посух

Ном: Мистер бин аз: шуробод
01.04.2011 18:23
Шабнам да гап нест ..................................
Дар посух

Ном: vatandor аз: osmon
28.03.2011 09:04
Аз Фарходи Милод як илтимос доштам мавзуи дигарро пайгири намояд ва онро чунин номгузори намояд "Телевизион барои халк аст ё чои тичорат". Зеро аз назархои овардашуда, дидан мумкин аст, ки кисми зиёди он на ба Шабнам, балки дар холати бад карор доштани телевизиони точик ва бемасъулиятии рохбарияти телевизион ва ба манбаи тичорат табдил додани он гувохи медихад.Гарчанде матни сурудаи Шабнам заъф дошт, аммо ба назари банда садхо маротиба аз рекломхои маводи дорувори бехтар аст. Гарчанде фаъолияти телевизион аз хисоби бучаи давлат ба пурраги давтгири меёбад. ба ин нигох накарда рохбарияти ин кумита барои чойгир намудани ин рекломхо маблагхои гушношунид низ ба даст меоранд. Маро ба рости аз чихати равони як чиз азоб медихад ва саволе ба миён меояд, ки чаро мо истеъмолкунандагон барномахои бемагзеро, ки танхо ба рохбарияти ин кумита маъкуланд тамошо кунем? Рохбарияти кумитаи телевизион ва радио як маротиба хангоми парвоз аз хавопаймо ба болои шахри душанбе нигох кунед, ки дар боми кадом хона антенаи параболи (параболическая антена) насб нашудааст?. Ин гувохи онаст ки дар ин кумита шахсони тасодуфи бисёр кор мекунанд ва халк ба барномахои шумо ниёз надорад. Сад дар сад бовари дорам, ки дар боми хонаи раиси ин кумита низ ин антена чой дорад. Кормандони телевизион як маротиба ба барномахои телевизиони давлати чангзадаи Афгон нигох кунанд ва бубинанд, ки барнома чигуна таёр ва пешкаши бинанда мегардад.Дар хакикат имруз дар телевизиони точик як гурухи муаяни сарояндахо месароянд. Мисол Парда Косим. оё сурудахои у мазмун доранд "чашмак мапарон"? . Гарчанде мо низ чавон хастем моро писанд он аст, ки сурудахои ситорахои хакикии кишвар устод Зафар Нозим, Одина Хошим, Хусайн Насриддин ва дигарон бештар пахш карда шаванд.Акалан барномаи одитарини ахборро, ки аз дигар шабакахо нусхабардори мекунанд, бо хатогии зиёд онро тарчума намуда пешкаши бинанда баъд аз як хафтаи он нишон медиханд ва холате чой дорад, ки ин ахбор таи чанд хафта такрор меёбад. Оид ба камбудихои ин соха соатхо каманд, ки мисолхоро нависам аммо боз маколе маро ба ёд меояд "Ба гуши мурда азон гуфтан фоида надорад". Озоди илтимос чоп намоед.
Дар посух

Ном: Беном
28.03.2011 11:50
Нигина шояд ба адаб аз Шабнам боло бошад, аммо ба хунар садхо Нигина Шабнам намешан
Дар посух

Ном: Somali
28.03.2011 12:22
Њама гап дар раќси артистка буд, ки ба назди мехмонњои олиќадр рафта ба болобудањо бўсаи њавої фиристод. Майлашро ба боло ошкор кард ва ин боис шуд, ки тамошобинон њама гардан ёзонда ба боло нигаранду бинанд, ки бўса ба кї таќдим шуд. Дар пахши мустаќим намешуд онро буридан, пас дар такрор буриданд. Бо ин корашон ба њама маълум карданд, ки сабаб дар чист
Дар посух

Ном: Daler аз: Dushanbe
28.03.2011 12:30
Бародар рост мегуянд Шумоя ки шоиру олиму философонро бо сурудхонон мукоиса накунен.
Дуввум Шабнам сурудхои точики мехонад.Агар авгони мебуд у бояд паштуни мехонд!!!!
Севвум Алла "Пучачоваи" гуфтагии худут ты мой пупсик я твой шарику миллион миллион аллых роз гуфтаги неки халкаш дастгириш кардаанд.
М.Гоиб бояд корро бас кунад бо ин икдоми бахиломези худаш!!!!Дар чангал як кас хурс мешавад як кас гург як кас харгуш.И ватани моба яктуш М.Каноат мешавад яктуш Р.Масов яктаи дигараш Ш.Сураё.
Хасад бахили халки мора ана хами тур кардааст.И хондагиш илм доштаги М.Гоиб барин бахили кунан вой бар холи бесаводои миллати мо!!!!
Дар посух

Ном: Назокат аз: Вахдат
30.03.2011 09:18
Салом ба хама, махсусан ба мудири шабакаи 1-ум. Мухтарам Мухаммад Гоиб намешуд муфассалтар ва рушантар дар бораи хайати хамон "кумисюни вижа" мегуфтанд. Ба фикри ман худи хамон "кумисюни вижа" аслан вучуд хам надорад. Мисоли рушан барномаи дирузаи шабакас 1-ум. Дируз дар хамон 1,5 соате ки барк доштем аз шабакаи 1-ум сабти барномаи Наврузии Раштро намоиш медоданд. Вой бар холи тамошобин!!! Хонандагони мактабро ба фикрам бо зур оварда дар майдон сар дода буданд, на ягон хореографияи мусби на ракси ботартибу дилчасп. Наворгир гох бо пуфак ба сари якдигар задани иштирокчиёни майдонро ба навор гирифтаасту, гох бо китф задани ду сарояндаи занрову гох иштирокичёнеро даст ба токихояшон монда гуё мегуянд: Кай ин хаёху тамом мешуда бошад? Хамон "кумисюни вижа"-е ки мухтарам мудири шабака таърифашро кардааст дар интихоби кадрхо, махсусан наворгирхо дар кучо буд, ки наворгирхои бочашму бо калларо барои шабакаи "аввал"-и Точикистон интихоб мекарданд ва ба чои чунин барномаи бемантикро навор гирифтану пахш кардан як кабкчанг ё хурусчанг, гуштин ё ягон суннати хоси точиконаро ба навор мегирифт ки ягон тамошобин гап наёбад? Ва хамаи ин саргардонихои мардум ба хайр! Хамаи ин ба хайр, боз хамин шабакаи аввал, бо он ки хамин барномаи нашудании Гармро намоиш дода, бечорахоро ба кавле дар чумхури "шарманда" кард, аз нисфи барнома суруди Иззат Шарифиро дар студияи телевизион пахш карданд ва бо хамин анчоми барномаи наврузии Гарм монд нодида.....
Албатта ман ин чо мардуми шахри Гарм ва хаман нафаронеро ки дар омода кардани барномаи наврузи захмати зиёд кашидаан гунахкор намедонам. Ин чо гунахкор хамон кормандони шабакаи аввал бо комиссиюни вижаашон хастанд, ки ба чои як арусбазми зебои гарми ё як гуштини пирамардону ё дигару дигар суннатхои наврузи як барномаи нашуданиро аз аввал то нисф намоиш доданд, ки хатто ба иззати нафси хамон иштироккчиён ки шояд худашонро бо хавас дар ТВТ тамошо доштанд расиданду аз нисфи барнома Иззат Шарифиро пахш карданд. Гуё гуфтанд: Иззат хубу гармихо ганда.
Мухтарам мудири шабакаи 1-ум. Шумо шоир бошед хам касе дар Точикистон шуморо хамчун шоире, монанди Лоик намешинохт. то он даме ки худатон вазифаи мудири сохиб шудеду, Зикриоллох "ватандори"-и шуморо сароид ва шумо хам суиистифода аз вазифа карда хар рузе 4-5 маротиба он сабтро намоиш медодед. Шояд хам ки Шабнам ягон шеъри шуморо месароид хар руз дар ТВТ намоишаш медодед.
Мудири мухтарам бо ин харфашон ки "таронаҳо қабл аз пахш аз назари як кумисюни вижа мегузаранд ва дар ҳоли доштани матни харобу оҳанги номақбул пазируфта намешаванд" баргузоркунандагони худи барномаи чумхуриявии наврузиро низ тахкир кардааст. Яъне "кумисюни вижа" ва вучуднадоштаи шабакаи 1-ум ба матни сурудхо сарфахм мераванду охансозону басахнагузорандагони барномаи наврузи "матни харобу оҳанги номақбул"-ро интихоб мекардаанд. Ягон далели пуркувваттар наёфтед мухтарам мудир?

Ном: Хакназар
26.03.2011 10:53
«Як бача буд, бачаи мардум ёри ман намешавад». Рост, неки хами хам суруд шуд, Хуб карди Мухамад Гоиб, ки рох надоди. Дар оянда хам рох наде.
Дар посух

Ном: Hakikat аз: Dushanbe
27.03.2011 13:33
Rost gufti Barodar Haknazar, in guna Hofizachahoro, na in ki ba Televiziun, bal ki ba Horichi Kishvar roh dodan darkor nest, chun-ki bo in guna Surudhoniashon, nomi Tochikistonro past mekunand.

Ном: Беном аз: Истаравшан
26.03.2011 11:05
Барномахои телевизиони Точикистон харобанд, он барои авом аст. Дуюм барномахои мусики барои чануби кишвар омода мешаванд, дар он чехрахои якранг Саидкули Билол, Давлатманд,Парда,Рахматулло, Сайнак харруза намудоранд дилбазан шудаанд. Шукр, ки телевизиони Узбакистону Россия хаст.
Дар посух

Ном: OZOD аз: Душанбе
02.04.2011 08:27
Бовар кунед ман хеч гох зур зада зур зада бо сактаи гулу хондани хамин тоифаро аз кабили давлатманд, парда, чилла, чинор, чайнак наметавонам кабул кунам. намедонам аз чист, ин фикри ман аст. вакте ки Шамсиддин, Далер Назар, Шахром ва умуман сулолаи Анис мехонанд бубинед чун оби чашма равон, бесакта ва хушнаво мебарояд.

Ном: Фирдавси аз: Сугд
26.03.2011 11:06
ЧИ ДАР КОРАЙ ХАМИН ГАПО МОНЕД ЗИНЛАГИШОНА ПЕШ БАРАНД ОНХО ХАМ ЗИНДАГИ ДОРАН

Ном: Умед аз: Панчруд
26.03.2011 11:21
Рости вакте ки дар шабакаи аввал барномаи мустакими Наврузи пахш шуда буд ман дар охир Шабнами Сураёро дидам ки дар ончо баромад дошт. Ва вакте ки дар хона бо хонаводахо будем хамакаса Шабнами Сураёро интизор будем кихозир у месарояд. Аз интизор шудана ячи шудему мутаассифона сабаб дар чи бошад ки уро нишон надоданд. Ман хам худам хайрон шудам ки чаро баромад намекунад ин хофиза номдор то хатто ракси президента бори аввал аст ки дар чашни Навруз дидам. Хай ин аз он гуфохи медихад ки Шабнами Сурай хам дар руйхати сиёх чой гирифтаст.
Дар посух

Ном: Кулоби
26.03.2011 12:03
Хай баъд чи? Шабнама катий хонваодат надиди шаб хобут набурд ми?
Дар посух

Ном: Donishju аз: Misri Arab
26.03.2011 15:24
Salom.
Durust meguyad barodari kulobi. Kobat naburd??
Shabnamparast nashaved ay mardumi azizi Tojikistoni azizam.
In yak davrai guzarish ast, misli hamon Manijayu, Saadii Burizodu, Dilnozayu digarho inho hama pasi sar meshavand va kase az inho yod namekunad, chunki to hol inho yagon surudi milli yo purmazmun nadorand!!!
Charo Odinai Hoshim, Karomatullohi Qurbon, Dustmutod Ali , Ahmad Zoir ( yake az behtarin ovozkhonhoi afgoni) namemirand??????, chunki dar haqiqat surud doshtand, ki to imruz nomi eshonro zinda hifz kardaas dar dili mukhlison.
Salomat boshed !

Ном: А аз: Б
26.03.2011 11:34
Кош сабаби дар сахна рох надодани санъаткорон, чихати бемаъне буданашшон бошад, на чунин нест. Хар як бемаънеро мушохида кардан мумкин аст, ки хад надорад. Ин "амкбачаги"-и худшонай.
Дар посух

Ном: Умед аз: Панчруд
26.03.2011 19:37
Cалом бародари Мисри ту хам кулобии чи тарафи кулобиёра мегири хаму Шабнам хам аз кулоб нашуд ки тарафи ваям гири ича гап дар тарафгири не ман хакикатро гуфтам Шумо бошен ду кас мукбили ман сухан меронед биёед баргардем ба сари масала инчо чои чанг нест

Ном: Ашраф аз: Маскав
26.03.2011 11:42
Ман 100 дар 100 бо Мухаммад Гоиб розиям, Шабнами Сураё одами нагзу зеби сахна нест...
Дар посух

Ном: khush аз: kulob
26.03.2011 22:08
kosh ki ami tu tamosho nakunish bo

Ном: Амр
26.03.2011 11:57
Хамин сторахотон бо мошинои вохима мегарданд ,ба Дубаю Амрико меран андози даромадшона месупоран ё не. Агар насупоран онхоро ба чавобгари кашидан даркор .Бе усилител ягонташон стора нестан!!!!!!!!!!!!!!

Ном: Навруз аз: Аз Наврузистон
26.03.2011 12:34
Мухаммад Гоиб чи кори хубе карди, а бача кам- кам хамин хели сурудхоро бурида парто хамаш хуб мешад. Бахшиш кариб хамаи он сурудхоеро ки ин хонум месарояд, аз чихати мазмун ва маъно кариб ки ягон маъное надорад. ССуруд бояд як маънои тарбияви ё ягон холати ором кунандаги дошта бошад. Мардум хам кариб ки бигар ин хел сурудхои бе мазмунро гуш намекунанд. Дар кадом холат мардум сурудхонии ин хонумро тамошо мекунанд, дар холате ки бо либосхое, ки тамоман аз менталитет ва фарханги мо бегона аст сурудхони кардан, аксаран чавонон(мардхо) тамошо мекунанд. Онхо хато ба матни суруд хам ахмияте хам намедиханд танхо бо харакатхои сурудхон ахмият зохир менамоянд халос. Ба хамаи овозхонхое, ки бо хамин гуна сурудхони машгул хастанд дахл дорад. Фарханги ТОЧИКОНРО зинда кард. Озоди илтимос почаш кунед. Бачаи оча. Як шухи кардем дия. Хамакаса зинда бошед.
Дар посух

Ном: Фируз аз: Душанбе
26.03.2011 14:05
Бародар ман ба фикри Шумо розиям аввал инки сурудхои ин маъние надорад. дуюм онки ягон суруд аз эчоди худаш намесарояд. хамаш моли дигарон аст. инхора бояд барвахтарак аз лента мебуриданд. Лекин Устод М. Гоиб таронахои нав нав пахш созед. як овозхон аст Чиноров хар хафта бо суруди 2004 эчод шудааш дар барномаи Субх баромад мекунад илтимос хамона намонед дигар!
Дар посух

Ном: Farid аз: Garmany
26.03.2011 14:15
salom at boshi barodari ahli ISLOM. shabnam liboshoi sharmandagi mepusha va surudhoi Afgonira takror kada mekhona i hichi mane nadora surudosh khub kardan ki diga nishon nametansha nav az 1 tash khalos shidem.u libosho isharmandagi mepusha agar ura dar Televizionho TJK nishontiyan az onho khoharonu apahoi mo ibrat megirand in ta'siri manfi merasonad ba onho. khub kardand ki nishon nadodan oilai onhoro yagon tojik gush namekunad hama zidi onho hastand ura fakat afgonho gushmekunand va baroi liboshoi ssharmandagiyash tamom.
Дар посух

Ном: Далер аз: Душанбе
28.03.2011 09:18
Cалом .Шабнам сурудхои точики дари мехонад.Афгони гуфта бояд бо забони паштунира кайд куни ки Шабнам ин забонро намедонад.
Шабнам бе хатми донишгоху бе хатми мактаби руси бо руси хам хонд тавонист.
Дуввум 4 сахифа факат Шабнама бахиливу танкид пас санъати у хело хуб аст.
Авгони ин паштуни аст сурудхои ки бо форси дари точики аст аз хамон точикхои у тарафи об астанд!!!!
ШАБНАМ ЗУРИ БОВАР КУН ..ХАМАИ И МАРДУМ АЗ БАХИЛИРА АЗ ХАСАДУ АЗ НОКОМЁБИРА МЕНАВИСАНД!!!

Ном: Рустам аз: Гарибистон
26.03.2011 12:54
Ассаламу Алайкум Азизони Дил!!!


Бале, бехтар мешавад,ки ин гуна сурудхое ки хеч таълиму хеч панду хикмате надоранд ин гуна сурудхоро дар телевизионхо пахш накунанд, ба хотиреки ингуна сурудхо танхои чавононро ба суи фахшу харобихо мебарад,
Назарҳо. Сафҳаи аз 11
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype