Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқболмоҳ ё Муҳаммад? Парвандаи духтаре, ки духтаронро ошиқаш кард


Акси Иқболмоҳи Лутфуллозода. Аз Вазорати корҳои дохилӣ
Акси Иқболмоҳи Лутфуллозода. Аз Вазорати корҳои дохилӣ

Як духтари ҷавон аз ноҳияи Панҷ барои он ки бо садои сохтаи мардона чанде аз духтаронро ошиқаш кардааст, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - "қаллобӣ" ва "тамаъҷӯӣ" - муттаҳам шуд.

Пулиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон алайҳи Иқболмоҳ Лутфуллозодаи 25-сола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки чанде аз духтаронро бо садои сохтаи мардона шефтаи худ намуда, аммо баъди дастрас кардани аксҳояшон аз онҳо пул хостааст. Маъмурони пулис рӯзи 2 май ба Озодӣ гуфтанд, ки Иқболмоҳ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – "қаллобӣ" ва "тамаъҷӯӣ" – муттаҳам шуда, тафтиши қазияаш ҳанӯз ба поён нарасидааст. Дар сурати исботи иттиҳомаш дар додгоҳ, ба Иқболмои Лутфуллозода то 13 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Мақомот мегӯянд, Иқболмоҳи Лутфуллозода бо истифода аз хадамоти "0990"-и ширкатҳои мобилии Тоҷикистон садояшро тағйир дода, бо духтарон дар тамос шудааст. Тавассути ин хадамот муштариҳо метавонанд, ки садояшонро бо овози тифл, мард, зан ва ё робот иваз кунанд.

Фирӯзшоҳ Одиназода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ, гуфт, Иқболмоҳи Лутфуллозода дар сӯҳбат бо духтарон худро "Муҳаммад" ва як ҷавони муҷаррад муаррифӣ карда, дили онҳоро ба даст овардааст. "Сипас, аз онҳо хостааст, то аксҳояшнро барои дидан ва ёдгорӣ ба дилбохтаашон фиристанд," – гуфт ӯ.

Ба қавли сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Панҷ, Иқболмоҳ баъди дастрас кардани аксҳо ба духтарон таҳдид кардааст, ки агар барояш маблағ надиҳанд, сураташонро бо истифода аз барномаҳои компютерӣ урён кардаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳад гузошт: "Иқболмоҳ бо таҳдид ба ин кораш танҳо аз як духтар 3 ҳазор сомонӣ пул талаб кардааст. Чунин ҳолатҳо зиёданд."

Тибқи иттилои пулиси ноҳияи Панҷ, Иқболмоҳи Лутфуллозода аввали моҳи апрели соли ҷорӣ бар асоси шикояти чанд "маъшуқа"-и фиребхӯрдааш боздошт шудааст. Ин қурбониҳои ишқи Иқболмоҳ натанҳо ҳамдеҳагонаш, балки як духтар аз ноҳияи Ёвон низ будааст. Ҳарчанд пулис шумора ва ному насаби духтаронеро, ки пушти хатти телефон ба як ҳамҷинсашон ошиқ шудаанд, намегӯяд, вале гуфта мешавад, ки “онҳо кам нестанд”.

Иқболмоҳи "ошиқ" сокини деҳаи Селраҳаи ҷамоати деҳоти "Кабут Сайфиддинов" дар ноҳияи Панҷ аст, ки ба қавли наздиконаш баъд аз хатми мактаби миёна хонанишин будааст. Хуршед Хоҷаев, бародари бузурги Иқболмоҳ, гуфт, ки хоҳараш бештар корҳои хонаро анҷом медод ва дар дасташ ягон бор телефонро надида буд.

Волидони Иқболмоҳи Лутфуллозода гуфтанд, ки баъди боздошти духтарашон ба андозаи кофӣ дар деҳа ангуштнамо шудаанд ва аз ин рӯ намехоҳанд дар ин бора суҳбат кунанд.

Аммо як “қурбонии” ишқи нокоми Иқболмоҳ ё “Муҳаммад” гуфт, ҳанӯз ҳам бовар надорад, ки вақти зиёдашро на ба гуфтугӯи писар, балки як духтар сарф кардааст: "Намедонам, шумораи телефонро аз куҷо гирифтааст. Ду моҳ бароям занг зад ва ман бо ӯ суҳбат кардам. Мегуфт, ки барояш сурат равон кунам. Ягон вақт шубҳа намекардам, ки бо як духтар суҳбат мекунам, садояш мисли мард буд. Мегуфт, ки зан надорам.”

Ин мусоҳиби мо гуфт, ин ҳодиса ӯро сахт эҳтиёткор кардааст ва аз ин ба баъд намехоҳад ба доми дигаре биуфтад.

Иқболмоҳ ё “Муҳаммад” танҳо духтаре аз ноҳияи Панҷ нест, ки худ ё садояшро ба мард табдил дода, ҳангома ба по кардааст. Ду сол қабл Алифмоҳ Каримова, як духтари ҷавон аз рустои Бурқаи ҷамоати деҳоти "Кабут Сайфиддинов" низ худро мард муаррифӣ карда буд. Алифмоҳ пӯшиши занонаи худро шаби қадр иваз карда, барои худ номи “Абубакр”-ро гирифт ва гуфт, ки ӯ мард шудааст. Ба ин ҳарфҳои ӯ натанҳо падару модараш, балки сокинони дигар низ бовар карда, ҳатто як гурӯҳ барои зиёраташ рафта буданд. Аммо баъди сарусадои зиёд ва дахолати мақомоти интизомӣ ба баҳси мард ё зан будани ӯ нуқта гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG