Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниш аз Русия ба қазияи театри Маяковский


Бинои театри Маяковский
Бинои театри Маяковский

Вазорати корҳои хориҷии Русия бинои театри Маяковскийро “муҷассамаи таърихи Тоҷикистон” номида ва гуфтааст, ки ин бино ва ҳайати кормандони ягона театри русӣ дар Душанбе ҳифз бишаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия бинои театри Маяковский дар Душанберо "муҷассамаи таърихи Тоҷикистон" номида ва изҳори умед кардааст, ки мақомот тасмимашонро дар бораи тахриби ин бино бознигарӣ хоҳанд кард. Масъулони вазорати хориҷаи Русия рӯзи 29 апрел дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон гуфтаанд, аз қазияи ягона театри русӣ дар пойтахти Тоҷикистон тавассути сафирашон огоҳ ҳастанд.

Бинои театри русии ба номи Маяковский дар канори бинои Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии Душанбе ҳанӯз соли 1928 сохта шуда, дар таърихи навини Тоҷикистон нақши барҷаста дорад. Нахустин маҷлиси вакилони Душанбе ба раҳбарии Чинор Имомов дар ҳамин бино, ки дар аввал “Хонаи деҳқон” ном дошт, доир шуда буд. Соли 1930 аз ҳамин бино нахустин барномаи радиои Тоҷикистон бо номи “Радиогазета” бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбакӣ ба эфир рафт.

Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, дар замони Ҷанги бузурги ватанӣ дар ин бино драмнависи маъруф Е.Шварц низ зиндагӣ ва кор кардааст. Ин вазорат изҳори умед кардааст, ки мақомоти Душанбе бинои театр ва ҳайати кормандонашро ҳифз хоҳанд кард.

Ин таваҷҷуҳи Русия ба қазияи театри Маяковский дар ҳолест, ки ба гуфтаи кормандонаш ҳамагӣ барои холӣ кардани ин бино як рӯз фурсат доранд. Онҳо гуфтанд, огоҳиномаи расмии ҳукуматро дастрас кардаанд, ки бар асоси он бояд охири моҳи апрел бинои театрро тарк кунанд.

Қаблан онҳо дар як номаи саркушода аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то ба қазияи ин театр дахолат кунад. Мунира Дадаева, мудири театри Маяковский ба Озодӣ гуфт, зери нома ҳамаи кормандони театр имзо кардаанд ва он аз номи тамоми коллектив ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ супурда шуд. Дар театри русии ба номи Маяковский дар маҷмӯъ бо шумули ҳам кормандони эҷодӣ ва ҳам кормандонӣ фаннӣ 98 нафар кор мекунанд.

Ҳунарпешаҳои театри Маяковский дар номаашон ба раисиҷумҳур бо таъкид ба нақши бинои театр дар таърихи фарҳангии кишвар ва дастовардҳои театр дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ хостаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу ҳунари русиро дар Тоҷикистон аз нобудшавӣ нигоҳ бидорад.

Дар соли 2013 Нақшаи умумии рушди Душанбе тасвиб шуд, ки тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, аз ҷумлаи бинои театрҳои Лоҳутиву Маяковский ва чойхонаи “Роҳат” ва бунёди иморатҳои муосир дар ҷои онҳоро пешбинӣ мекунад.

Аммо ин қарор ҷомиаро ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Гурӯҳи аввал аз нақшаи рушди шаҳр ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, зербинои Душанбе дар аҳди СССР барои як шаҳри ниммиллионӣ сохта шудааст ва бояд акнун бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисоди шаҳр бозбинӣ шавад. Ба ақидаи ин гурӯҳ, биноҳое, ки тахриб хоҳанд шуд, аӯ нигоҳи арзиши меъморӣ кӯҳнаву аз лиҳози имкони истифода фарсуда шудаанд ва ба нест, агар ба ҷои онҳо биноҳои хуби замонавӣ сохта шаванд.

Аммо мухолифон, бештар аз байни равшанфикрон мегӯянд, ин кор бояд бо назокат анҷом шавад ва ба таъбири якеи онҳо, “набояд ба хотири сохтани Душанбеи асри 21 Душанбеи асри 20-ро аз байн бибарем.”

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки тархриби бинои театри Маяковсикй ба маънои аз байн бурдани театри русӣ дар пйотахти кишвар нест, балки онҳо корашонро дар бинои кинотеатри “Тоҷикистон” дар ноҳияи Фирдавсӣ идома хоҳанд дод. Аммо кормандони театр мегӯянд, бинои “Тоҷикистон” бори як театрро намебардорад ва гузашта аз ин дар як гӯшаи дури пойтахт воқеъ аст, ки баъид аст одамон барои дидани намоишномаҳо ба онҷо бираванд.

XS
SM
MD
LG