Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо зидди "фурӯши замин ба хориҷиҳо"


Эътирозҳо адр Семей
Эътирозҳо адр Семей

Дар баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон эътирози фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинон зидди, ба гуфтаи онҳо, фурӯш ё иҷораи замин ба хориҷиҳо идома дорад.

Рӯзи 27 апрел дар шаҳрҳои Семей ва Оқтеппаи Қазоқистон алайҳи ба иҷора додани замин ба шаҳрвандони хориҷӣ тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд.

Як рӯз пеш аз он Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, гуфт, “онҳое, ки хабарҳои дурӯғро дар бораи пешнависи қарори ҳукумат пахш мекунанд ва мегӯянд, ки замин ба хориҷиён фурӯхта мешавад, бояд боздошт ва ба муҷозот кашонда шаванд”. Ин изҳороти Назарбоев пас аз раҳпаймоии ба камияш 1000 сокини шаҳри Атирау садо дод.

Эътирозгарон бар зидди тасмими ҳукумати Қазоқистон дар бораи, ба гуфтаи онҳо, фурӯхтани замин дар ауксион (музояда), ки бояд аз 1 июл шуруъ шавад, раҳпаймоӣ анҷом доданд. Дар мусоҳибае бо мо Куанишбек Қорӣ, таҳлилгари умури Қазоқистон дар дафтари Озодӣ дар Алмаато, гуфт, ҳоло эътирозҳо дар Атирау поён ёфтааст, аммо тазоҳурот ба шарқи кишвар кашонда шудааст.

Ӯ гуфт, “тазоҳуркунандагон асосан барои ба иҷора додани замин ба шаҳрвандони хориҷӣ мухолифанд. Аз аввали моҳи июл заминҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷора дода мешавад. Албатта, аз ҳоло дар ин бора тасмим гирифта шудааст.”

Эътирозҳо зидди фурӯши замин ба хориҷиҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

Суол: Вале қонун ё қарори ҳукумат дар ин бора ба тасвиб расидааст?

Қорӣ: “Бале, ба Кодекси Қазоқистон дар бораи замин тағйиру илова ворид кардаанд. Бар асоси ҳамин иловаҳо, аз аввали моҳи июл заминҳои кишоварзиро бар асоси ауксион ба шаҳрвандони хориҷӣ ба иҷора медиҳанд, ба шарти ин ки ширкатҳои хориҷӣ на бештар аз 49 дарсад дар иҷораи ин заминҳо саҳм дошта бошанд.”

Суол: Як рӯз пеш Нурсултон Назарбоев ҳушдор дод ва гуфт, касоне, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунанд ва ё фиреб медиҳанд, ба муҷозот кашонда мешаванд. Оё то ҳол ин ҳушдори Назарбоев натиҷа додааст?

Қорӣ: “Мавзеъгирии ҳукумат нисбат ба рафтори тазоҳуркунандагон ҳолати интизориро дорад, то бубинанд, ки чӣ пеш меояд. Масалан, имрӯз дар чанд вилоят кормандони пулис ба хонаи баъзе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ омадаанд ва ба онҳо тавзеҳ додаанд, ки агар бидуни иҷоза ба тазоҳурот раванд, ба таври қонунӣ ин рафтори онҳоро пайгирӣ хоҳанд кард. Ин ҳушдорҳо, албатта, таъсири чандоне надоштаанд, чун мебинем, ки ҳам фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам одамони маъмулӣ дар ин шаҳрҳо ба хиёбонҳо баромадаанд.”

Суол: Оё имрӯз нисбат ба рӯзҳои пеш эътирозҳо бештар шудааст?

Қорӣ: “Бале, дар шаҳрҳои Семей ва Оқтеппа ин митингҳо баъд аз нисфирӯзӣ шуруъ шуданд. Ҳанӯз ҳам идома дорад. Тазоҳуроти эътирозии шаҳри Семей нишондиҳандаи он аст, ки ҷуғрофиёи ин эътирозҳо васеъ мешавад ва аз ғарби Қазоқистон ба шарқи кишвар ҳам кашонда мешавад. Хабарҳое нашр шуда буд, ки дар шаҳри Урал дар ғарби Қазоқистон ҳам эътироз барпо мешавад. Вале мо дар бораи он хабаре дар даст надорем. Шумораи дақиқи тазоҳургарон низ вуҷуд надорад. Аммо тахмин зада мешавад, ки дар ҳар яке аз ин шаҳрҳо садҳо нафар баромадаанд.”

XS
SM
MD
LG