Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барӯйхатгирӣ – пеш аз раъйпурсии 22 май


Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба зудӣ феҳристи афроди қобили раъй таҳия ва ба ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ фиристода хоҳад шуд.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои баргузории референдуми 22 майи соли ҷорӣ барӯйхатгирии раъйдиҳандагонро дар сартосари кишвар шурӯъ карда, аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст, ки барои назорати ҷараёни раъйпурсӣ ба Тоҷикистон биоянд. Абдуманнон Додозода, раҳбари дастгоҳи КМИРТ, рӯзи 22 апрел ба Озодӣ гуфт, аз ҳоло нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои иштирок дар ин раъйпурсӣ изҳори омодагӣ карда, аммо дигарон ба номаи расмии онҳо ҳанӯз посух надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки “нозирони ин созмон дар референдуми Тоҷикистон ширкат нахоҳанд кард.” Аммо мусоҳиби мо сабаби аслии иштирок накардани нозирони САҲА дар раъйпурсии моҳи майи Тоҷикистонро шарҳ надод.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳамин ҳол ба омодасозии феҳристи сокинони қобили раъй дар навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар шуруъ кардааст ва дар назар дорад дар наздиктарин рӯз руйхати овоздиҳандагонро ба ҳавзаҳои интихоботӣ пешниҳод кунад.

Саидбой Зокиров, раиси бахши вилоятии КМИР дар вилояти Суғд, дар робита ба ин масъала гуфт: “Ҳавзаҳои интихобот шумораи афродеро, ки бори аввал раъй медиҳанд, сокинонеро, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва руйхати онҳое, ки маъюб ҳастанд ва имкони ба ҳавзаҳо омаданро надоранд, ба рӯйхат мегиранд. Барои беморон сандуқҳои раъйи сайёр омода карда шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар 18 ҳавзаи интихоботӣ барои рӯйхатгирии раъйдиҳандагон машғул мебошанд. ”

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тартиби варақаи раъйпурсии рӯзи 22 майи соли ҷориро низ мушаххас кардааст, ки бар асоси он аз сокинон фақат як савол – "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?" – пурсида хоҳад шуд. Абдуманнон Додозода, роҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегуяд сокинон дар ҷавоб ба ин савол ҳамагӣ ду роҳи интихоб доранд - "ҳа" ё "не".

Ӯ афзуд, “аммо дар паси он як эзоҳи хурд навишта шудааст, ки тартиби овоздиҳиро ба сокинон мефаҳмонад. Дар он ҷо хитоб ба овоздиҳандагон навишта шудааст, ки агар тарафдори тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳастанд, "ҳа"-ро ишора кунанд, вагарна "не"-ро."

Дар сурате ки сокинон ҳарду варианти ҷавобро хат бизананд ва ё ҳеч кадомеро ишора накунанд, блюттен беэътибор дониста шуда, ин раъйи онҳо ҳисоб нахоҳад шуд.

Мақомоти Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар маҷмуъ барои ислоҳи Қонуни асосӣ (Конститусия) 40 тағйиру илова пешниҳод шудааст. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ ба хотири ислоҳи Қонуни асосӣ эълон кардааст. Ин тарҳи тағйиру иловаҳо бештар аз тағйири калима ва ибораҳо иборат аст.

Вале коршиносон мегӯянд, ки асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро аз 35 то 30 поин оварда, дувумӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ҳақ хоҳад дод, бидуни маҳдудият дар интихоботҳои ояндаи президентӣ номзад бишавад.

Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Вале дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ ба моддаи 65-ум ин банд илова шудааст, ки ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."

Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон вакилони палатаи поёнии парлумон барои ошно кардани мардум ба муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ, яъне ба нукоти референдум, аз 26 апрел то 4 май ба навоҳию вилоятҳои кишвар сафар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG