Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конуни Рӯдакӣ фарҳанги тоҷикҳоро дар Ҳоланд муаррифӣ мекунад


Шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафиева ва Абдуғаффор Сафарзода, раиси Конуни фарҳании ба номи Рӯдакӣ.
Шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафиева ва Абдуғаффор Сафарзода, раиси Конуни фарҳании ба номи Рӯдакӣ.

Дар ду шаҳри Ҳоланд – Ротердам ва Алмере маҳфилҳои фарҳангии тоҷикон баргузор шуданд.

Дар ду шаҳри Ҳоланд – Ротердам ва Алмере маҳфилҳои фарҳангии тоҷикон баргузор шуданд. Дар ин бора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Абдуғаффор Сафарзода, раиси Конуни фарҳангии ба номи Рӯдакӣ хабар дод.

Дар шаҳри Ротердам рӯзи шанбе маҳфили фарҳангии тоҷикон бо ширкати шоираи маъруф Гулрухсор ва овозхон Парина Юсуфӣ гузашт ва дар он тоҷикони муқими Ҳоланд ва кишварҳои ҳамсоя ҳузур доштанд.

Абдуғаффор Сафарзода афзуд, ки рӯзи 10 апрел дар шаҳри Алмере ҳамоиши муштараки фарҳангии тоҷикҳову форсизабонҳо баргузор мешавад. Ба ин маҳфили бошукӯҳ ба ҷуз Гулрухсору Парвина Юсуфӣ ҳамчунин овозхони маъруфи тоҷик Давлатманди Хол, шоирону нависандагон аз Афғонистону Эрон, дар маҷмӯъ ҳудуди 200 нафар, даъват шудаанд, гуфт мусоҳиби мо.

Сафири Тоҷикистон дар Белгия ва намояндаи доимӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Эркин Раҳматуллоев ҳам дар ҳамоиш ҳузур хоҳад дошт.

Ҳадаф аз баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ дар ду шаҳри Ҳоланд – ошно кардани мардуми бумӣ бо фарҳангу санъати волои тоҷикон аст. Раиси Конуни фарҳангии ба номи Рӯдакӣ мегӯяд, ҳадафи дигар ба ҳам овардани тоҷикони муқими Аврупо ҳам ҳаст ва қарор аст, ки ин ниҳоди соле ду-се бор ин гуна маҳфилҳоро доир кунад.

XS
SM
MD
LG