Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли хушксолӣ ва паёмадҳои он барои Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон аз эҳтимоли хушксолӣ ва камобии дарёҳо ва ҳамчунин хатари камҳосилӣ, нигарониҳои амиқ ба вуҷуд омадааст. Ҳукумат ва сокинон то кадом андоза ба чунин эҳтимолот омодагӣ доранд?

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз эҳтимоли хушксолию камобии дарёҳо ва ҳамчунин аз хатари камҳосилӣ дар кишвар ҳушдор дод. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон инро зимни ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон бо ҳузури аъзои ҳайати ҳукумат ва мақомоти давлатӣ баён карда ва камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳамчунин фарорасии барвақти ҳавои баҳориро сабаби ин амр донистааст.

Ҳавои рекордӣ

Ин ҳам дар ҳолест, ки Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳаво нисбат ба соли пеш гармтар шудааст. Ҳомидҷон Расулзода, раиси Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 4 март гуфт, “баландшавии ҳарорат танҳо дар кишвари мо, балки дар дигар кишварҳо ҳам ба мушоҳида мерасад. Таъсирҳои глобалие, ки дар сайёра рафта истодааст, ин дар соли ҷорӣ албатта ин баландшавӣ ба кишвари мо бетаъсир нахоҳад монд.”

Ба таъкиди ҳавошиносон, дар оғози соли ҷорӣ ҳарорати ҳаво ба таври ғайри муқаррарӣ гарм омад ва то 25 дараҷа гармӣ ба назар расид, ки ин нишондодои рекордӣ аст. Ба гуфтаи мутахассисон, дар муддати даҳ соли ахир ин раванд бесобиқа будааст.

Ҳарчанд дар панҷ соли пеш масъалаи хушксолӣ ва хатари камҳосилӣ бештар аз забони мақомоти Тоҷикистон, ба хусус раиси ҷумҳур садо медод, аммо пас аз ҷамъоварии ҳосили рекордии маҳсулоти ғалладона, ба хусус гандум дар соли 2012, хабари хушксолӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Дар соли 2012 дар Тоҷикистон 1 миллиону 298 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладона тавлид гардид, ки аз он ҳудуди 800 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медод.

Афзоиши беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладона

Шарофиддин Набиев, як масъули раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ рӯзи 4 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати се соли ахир тамомии хоҷагиҳои Тоҷикистон ҳосили маҳсулоти ғалладона, ба хусус гандумро ба беш аз 100 ҳазор тонна афзоиш додаанд, ки ин омил ба амнияти ғизоӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат кардааст.

Ҳамзамон ҷаноби Набиев меафзояд, ҳоло дар қаламрави кишвар мавсими кишту кор ҷараён дорад ва ба гуфтаи вай, “ба санаи 26 феврал кишти тирамоҳии маҳсулоти ғалладона 9 ҳазору 458 гектар анҷом шудааст, ки аз ин гандум нисбат ба соли гузашта 7 ҳазору 410 ва ҷав 438 гектар кишт шудааст”.

Ҷаноби Набиев мегӯяд, ҷамъи ҳосили маҳсулоти ғалладона ва ба хусус гандуми баҳорӣ дар моҳҳои май - август маълум хоҳад шуд ва он замон мо мефаҳмем, ки ин мизон нисбат ба солҳои пеш то чӣ ҳад каму зиёд шудааст.

Захираҳо намерасанд

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҳосили тирамоҳии маҳсулоти ғалладона ва ба хусус гандум, ин мақоми вазорати кишоварзӣ захираҳои мавҷудро барои бароварда кардани ниёзи кишвар ва таъмини амнияти ғизоӣ нокофӣ медонад.

Дар ҳамин ҳол, пас аз изҳороти раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба эҳтимоли хушксолӣ, бештари сокинон дар андешаи “фардо” афтода ва ҳарчанд имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба хусус молиашон маҳдуд аст, аммо маҷбуранд то роҳе пайдо кунанд ва рӯзгорашонро гузаронанд.

“Охирон ордро хамир кард”

Оилаи Хокироҳи Қурбоналӣ, сокини ноҳияи Восеъ аз 7 нафар иборат аст. Ин мард солҳои пеш зиндагиашро бештар аз роҳи муҳоҷират дар Русия пеш мебурд, аммо дар як соли пеш Хокироҳ ба сабаби вайрон кардани қоидаҳои буду бош, аз Русия депорт ё ихроҷ шуд. Вай мегӯяд, дар муддати як соли ахир пулеро, ки дар соли ахири муҳоҷираташ ба даст оварда буд, барои рӯзгораш сарф кард ва ҳамакнун дигар захирааш барои як моҳи дигар мерасаду халос.

Хокироҳ гуфт, ки тангии рӯзгор аз тараф ва аз сӯи дигар хабари эҳтимоли хушксолӣ ӯро маҷбур кард, то рӯ ба Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он биорад ва мардикориро пеша кунад.

Паёмади хушксолӣ: нархҳо боло меравад

Аммо Носири Шариф, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳар сол барои зиндагиаш захираи орду равған ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияро таҳия мекунад. Ҳарчанд таҷриба нишон додааст, ки на ҳама сол маводи захиракардаи ин сокин то ба охир барои таъмини амнияти ғизоии хонаводааш мерасад. Он чӣ бештар ин сокини шаҳри Душанберо дар сурати эҳтимоли хушксолӣ нигарон мекунад, боло рафтани нархи маҳсулот дар бозори истеъмолист.

Ин сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар сурати пеш омадани эҳтимоли хушксолӣ ва камчинии маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия ва боло рафтани нарх, маҷбуранд, то қарз бигиранд, ки дар оянда ин ҳам “дарди сар” барояшон эҷод мекунад.

Эҳтимоли омадани хушксолӣ ва камҳосилӣ, ки паёмади он ба боло рафтани нарх сабаб мешавад дар ҳолест, ки Бонки Миллии Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ гуфт, ба тағйирёбии нархи молу маҳсулот таъкид карда буд. Бонки миллӣ дар шарҳаш эътироф кардааст, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои шарики тиҷории Тоҷикистон «то андозае ба болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулоти бар ивази асъори хориҷӣ берун аз кишвар воридшаванда таъсир расониданд» ва ба ин далел, «тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад.»

Вале таҳлилҳои қиёсӣ нишон медиҳанд, ки нархи маҳсулоти воридотӣ то 30 дарсад боло рафтааст. Бино ба омори сомонаи agroinform.tj, ки аз соли 2010 нарху навои 89 маҳсулоти асосӣ дар бозорҳои 7 шаҳри бузургарини Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Рашту Хоруғро пайваста пайгирӣ мекунад, нархи миёнаи як халта орд дар бозорҳои Тоҷикистон назар ба феврали соли 2015 ҳудуди 22 сомонӣ боло рафта, аз 163 ба 185 сомонӣ расидааст. Танҳо дар як моҳи охир нархи шакар дар Тоҷикистон 73 дирам, ё қариб 12 фоиз боло рафтааст.

“Ҳар лазҳа истифода шавад!”

Суоли матраҳ ин аст, ки қабл аз вуқӯи ҳодиса, яъне дар сурати эҳтимоли хушксолӣ ва камҳосилӣ чӣ бояд кард? Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита маслиҳат дода шуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳозир фаровон об дода шавад ва дар ҳар куҷое имкон ҳаст об захира карда шавад. Таъкид гардид, ки киштукори баҳорӣ ва ҳамаи корҳои кишоварзӣ вобаста ба барвақт омадани гармӣ ба роҳ монда шаванд ва маблағҳои мавҷуда ва тамоми воситаҳои моддию техникиро сарфаю сариштакорона истифода баранд.

Шарофиддин Набиев, сармутахассиси раёсати кишоварзии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба идомаи кишту кори баҳорӣ омили ҷилавгирӣ аз паёмади эҳтимолии хушксолӣ ва камҳосилиро дар кӯмаку мусоидат ба кишоварзони тоҷик медонад. Вай мегӯяд, “кӯшиш кардан даркор, ки хоҷагиҳои кишоварзиро дар шароити феълӣ дастгирӣ ёбанд. Нуриҳои минералӣ ва сӯзишвориро арзон кардан ба мақсад аст. Ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли хушксолӣ, кишти такрориро дар заминҳои обӣ ба роҳ мондан даркор аст.”

Афросиёб Мӯсоев, корманди Пажуҳишгоҳи зироаткории Академияи кишоварзии Тоҷикистон ҳам фароҳам кардани шароити агротехникӣ барои ҷилавгирӣ аз эхтимолӣ хушксолӣ муҳим медонад.

Аммо мушкили кишоварзон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ он аст, ки онҳо нуриҳои минералӣ ва сӯзишвориву дигар маводи лозима барои киштро аз бозор дастрас мекунанд, ки дар бештари маворид имкониятҳои молӣ барои хариди онро надоранд ва ё барояшон гарон меаятад. Зеро барои мисол, як халта ё киса нурии минералӣ дар бозор то 170 сомонӣ арзиш дошта, сӯзишворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои кишвар низ гарон мебошад.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус ФАО ба ҳадафи мусоидат дар тавсеи соҳаи кишоварзӣ ва кӯмак ба кишоварзони тоҷик чандин лоиҳаҳоро дар заминаи обёрии заминҳо ва ворид кардани технологияҳои ҷадид ба манзури бештар кардани ҳосилнокии заминҳои кишвар маврид иҷро рӯи даст доранд.

Масъулони ин созмон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муддати се сол аст, ки лоиҳаҳо дар ин замина дар манотиқи мухталиф Тоҷикистон амал мекунад ва аллакай натиҷа низ додааст. Ба гуфтаи ин масъулон, муҳим он аст, ки аз тариқи иҷрои ин лоиҳащо имкони коҳиш додани хатари хуҳксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ вуҷуд дорад.

Эҳтиёҷот 25 дар сад афзоиш меёбад

Бино ба пешбиниҳои мутахассисони тоҷик, то 5 соли дигар, яъне соли 2020 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад ва талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, мева, картошка, равғани рустанӣ, гӯшту ширу тухм 25 дар сад зиёд мешавад. То 5 соли дигар талаботи аҳолии Тоҷикистон ба маҳсулоти нонӣ 260 ҳазор тонна зиёд мешавад ва барои таъмини ин эҳтиёҷ кишвар бояд ҳар сол бештар аз 14 ҳазор гектар замини нав барои баҳрабардорӣ омода шавад ва ё дасти кишоварзонро бозтар кунад, ки худашон тавлидро афзоиш диҳанд.

Тоҷикистон ҳар сол бештар аз 600 ҳазор тонна гандум ва ғалладонаро аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад, зеро ҳамон гуна, ки таъкид шуд, як миллион тонна ғалладонае, ки дар дохил ҷамъ меоваранд, эҳтиёҷоти кишварро қонеъ намекунад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бар пояи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон, дар соли гузашта ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон аз ҳисоби ворид кардани гандуми бештар, коҳиш ёфтааст. Тибқи омори ин ниҳод, дар соли 2015 воридоти орд ба Тоҷикистон 26 дарсад кам шудааст.

Қазоқистон аз кишварҳои содиркунандаи гандум ва орд мебошад ва дар соли гузашта ба Тоҷикистон 852 300 тонна гандум содир кардааст.

Ҳамакнун коршиносон мегӯянд, аҳолӣ ва ба хусус кишоварзони Тоҷикистонро лозим аст, мавсими кишту кори баҳориро ба таври бояду шояд истифода кунанд, то тавонанд дар сурати эҳтимоли фаро расидани хушксолӣ, захираи орду гандум ва дигар маҳсулоти ғалладонаро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG