Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Тайланд дар Тошканд


Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 4:5 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии нахустинашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ба тими миллии Тайланд бо ҳисоби 4:5 бохт. Ин бозӣ, ки дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и пойтахти Узбакистон баргузор шуд, шоми панҷшанбеи 11-уми феврал ба поён расид.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Некрӯз Алимаҳмадов, Мансур Мамедбобоев ва Раҳмоналӣ Шарифов (2 гол) ба ҳадаф расонданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: 1.Фирӯз Бекмуродов, 7.Муҳаммад Раҳмонов, 10.Мансур Мамедбобоев (капитан), 11.Меҳрубони Тиллозода. 14.Дилшод Саломов.

Бозигарони захиравӣ: 2.Муродулло Алиқулов, 3.Фирӯз Юсуфзода, 4.Собир Гуляков, 5.Раҳмоналӣ Шарифов, 6.Некрӯз Алимаҳмадов, 8.Арсен Фармонбеков, 9.Файзалӣ Сардоров, 12.Акбар Ортуқов, 13.Шавкат Ҳалимов.

Сармураббӣ: Ҳусейн Шодиев.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” рӯзи 13 феврал бо мунтахаби Ветнам ва дар даври ниҳоии гурӯҳӣ 15 феврал бо дастаи Тайван бозӣ хоҳад кард. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и Тошканд баргузор мешаванд.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат аст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбанд. Дар мавриди ба даври чорякфинал баромадан рақиби мунтахаби Тоҷикистон аз гурӯҳи «D» мешавад, ки ба он дастаҳои Австралия, Малайзия, Қатар ва Ҷопон дохиланд.

Бояд гуфт, ки панҷ дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё дар Узбакистон соҳибони роҳхатҳо барои ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2016 оид ба футзал мегарданд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор хоҳад шуд.

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

10 феврал (чоршанбе)

Ироқ – Чин – 6:1

Лубнон – Қирғизистон -4:4

Урдун – Эрон – 0:6

Узбакистон – Арабистони Саудӣ -5:2

11 феврал (панҷшанбе)

16:30 – Тайланд – Тоҷикистон – 5:4

16:30 – Ҷопон – Қатар

19:00 – Ветнам – Тайван

19:00 – Австралия – Малайзия

12 феврал (ҷумъа)

16:30 – Чин – Эрон

16:30 – Арабистони Саудӣ – Лубнон

19:00 – Урдун – Ироқ

19:00 – Қирғизистон – Узбакистон

13 феврал (шанбе)

16:30 – Тайван – Тайланд

16:30 – Малайзия – Ҷопон

19:00 – Тоҷикистон – Ветнам

19:00 – Қатар – Австралия

14 феврал (якшанбе)

16:30 – Эрон – Ироқ

16:30 – Чин – Урдун

19:00 – Узбакистон – Лубнон

19:00 – Қирғизистон – Арабистони Саудӣ

15 феврал (душанбе)

16:30 – Ҷопон – Австралия

16:30 – Малайзия – Қатар

19:00 – Тайланд – Ветнам

19:00 – Тайван – Тоҷикистон

Бозиҳои чорякниҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

16:00 – 1 «А» — 2 «В»

16:00 – 1 «С» — 2 «D»

19:00 – 1 «В» — 2 «А»

19:00 – 1 «D» — 2 «С»

Плей-офф барои ҷойи 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлубшудаи 1 «А»/2 «В» — Мағлубшудаи 1 «С»/2 «D»

16:00 – Мағлубшудаи 1 «В»/2 «А» — Мағлубшудаи 1 «D»/2 «С»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:00 – Ғолиби 1 «А»-2 «В»/1 «С»-2 «D» — Ғолиби 1 «В»-2 «А»/1 «D»-2 «С»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» — 1 «С»/2 «D»

19:00 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» — 1 «D»/2 «С»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

19:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG