Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гитлер" аз мақомаш барканор шуд


Бархе аз сокинони Тошканд барканории ҳокими ин вилояти Узбакистонро бо хушӣ истиқбол карда, дар ивази ин хабари барояшон хуш гӯсфанд куштаанд.

Аҳмадҷон Усмонов, ки ба далели сангдилияш мардум ба ӯ лақаби "Гитлер"-ро додаанд, рӯзи 4 феврал дар ҷаласаи вакилони халқи Тошканд аз раҳбарии ин вилояти Узбакистон барканор шуд. Сабаби барканории ӯ расман эълон нагардидааст, аммо як манбаи Озодӣ гуфт, ки раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар ин ҷаласа аз кори ҳоло ҳокими собиқи Тошканд интиқод кардааст.

Усмонов зодаи шаҳри Самарқанд буда, рутбаи генерал-майори милисаро дорад ва баъд аз ҳодисаҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 ҳокими вилояти Андиҷон таъин шуд ва то соли 2013 дар ин мақом буд. Баъдан ба раёсати вилояти Тошкнад расида, аммо дар он ҷо дер напоид.

Пештар аз ин, ӯ ба ҳайси сардори раёсати корҳои дохилии ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах кор кардааст.

Бархе аз сокинон ӯро нафари хеле сангдил меноманд ва нашрияи интернетии "Узметроном" низ навиштааст, ки дар замони раҳбарии ӯ дар Андиҷон боздоштҳо ба авҷи аълои худ расида ва баъдан мардум ба ӯ лақаби "Гитлер"-ро додаанд. Бо сокинони вилояти Тошканд низ вай ҳамин муомиларо идома додааст.

"Узметроном" менависад, Аҳмадҷон Усмонов, ки ба итоати бечунучарои атрофиёнаш одат карда буд, ахиран яке аз сокинони ноҳияи Қибрайро бо номи модараш дашном додааст. Дар посух ин сокини ноҳия бо ҳоким даст ба гиребон шудааст.

"Вай бо ҳама бо "ту-ту" ҳарф мезад ва ҳатто деҳқонони 80-соларо дашном медод. Мардумро ғулом медонист ва ба ҳамин хотир тақрибан ҳама аз вай норозӣ буданд. Мо Худоро шукр мегӯем, ки аз ин ҳоким халос шудем," - гуфт яке аз деҳқонҳо дар суҳбат бо Озодӣ.

Ӯ афзуд, "вақте Усмоновро аз мақоми раисии Андиҷон гирифтанд, яке аз дӯстони кишоварзам чил рӯз ба ин муносибат тӯй дод. Ман ҳам ба ин хулоса омадам, ки ба муносибати аз мақоми раиси вилояти Тошканд рафтани Усмонво як гӯсфанд бикушам. Дар тамоми се соли раҳбарии ӯ тамоми кори мо ба оқиб афтод. Ҳатто соли гузашта ӯ ғаллаҳоеро, ки баъди адои нақшаи давлат монда буд, аз мо кашида гирифт."

Қаблан расонаҳо Аҳмадҷон Усмоновро дар қатори Адҳам Аҳмадбоев - вазири умури дохилӣ, Шавкат Мирзиёев - сарвазир, Рустам Азимов - муовини якуми сарвазир ва вазири молия аз атрофиёни наздиктарини президент Ислом Каримов ном мебурданд.

Ҳоло Содиқ Абдуллоев иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Тошканд таъин шудааст. Ӯ дар гузашта раҳбарии вилояти Зангиотаро бар дӯш дошт. Номзадии Абдуллоев аз сӯи Ислом Каримов пешниҳод шуда, рӯзи 4 феварл дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқӣ таъйид шудааст.

XS
SM
MD
LG