Ахиран вакилони мардумии Қирғизистон талаб карданд, ки рақамҳои хос барои мошинҳои мансабдорони воломақом аз байн бурда шавад, зеро ба гуфтаи онҳо ронандагони ин мошинҳо бештар қоидаҳои роҳро нақз мекунанд. Бар пояи ин қарор тахминан 140 рақами ба истилоҳ имтиёздор бекор карда мешавад. Тибқи ин дастур танҳо мошини президенти Қирғизистон рақами хос: KG 01 хоҳад дошт.
Гузориши видеоӣ дар ин бора инҷост: