Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Аҳмадалиевро ба Тоҷикистон таслим кард


Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба иттиҳоми қаллобӣ таҳти пайгард буд, боздошт карда ва Душанбе фиристодааст.

Русия як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро, ки аз ӯ Мирзоалӣ Аҳмадалиев ном бурда мешавад, ба ҷониби Душанбе таслим кардааст. Додситонии кулли Русия рӯзи 30 ноябр эълон кард, ки Аҳмадалиев моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии Маскав дастгир шуда, то кунун дар боздоштгоҳ буд ва қарор аст муҳокимааш аз сӯи мақомоти додгоҳии Тоҷикистон дар кишвар сурат гирад.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон аз соли 2013 дар пайгарди байнулмилалӣ қарор дошта, барои напардохтани пули як манзили харидааш дар Душанбе айбдор мешавад. Ҷузъиёти аз ин бештари иттиҳомоти алайҳи Мирзоалӣ Аҳмадалиев ва пофишориҳои Душанбе барои оварданаш ба Тоҷикистон иттилои дигар дар даст нест.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз посух гуфтан ба суолҳои мо дар ин бора худдорӣ кард. Аммо Додситонии кулли Русия мегӯяд, Мирзоалӣ Аҳмадалиев дар моҳи марти соли 2010 дар Душанбе аз як соҳибкор манзилеро ба қимати 42 ҳазор доллар харида, вале ин маблағро напардохтааст ва манзилро дубора ба каси дигар фурӯхтааст.

Бар асоси дархости ҷониби Тоҷикистон ва тибқи созишномаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Русия, Додситонии кулли Русия дар мавриди истирдоди Мирзоалӣ Аҳмадалиев ба ин кишвар тасмим гирифтааст.

Истирдоди афроди гумонбар дар ҷиноятҳо ва намояндагони мухолифони давлати Тоҷикистон аз Русия ба Тоҷикистон ҳодисаи тоза нест. Дар зарфи 10 соли охир генерал Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократ ва дар соли ҷорӣ Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҷунбиши “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Ҳамзамон, созмонҳои байналмилалии дифоъ а ҳуқуқи башар такрор ба такрор аз Русия ва кишварҳои дигар даъват кардаанд, ки аз истирдоди афроди гумонбар ба ҷиноятҳои мухталифро ба Тоҷикистон интиқол надиҳанд. Зеро ба эътиқоди намояндагони ин созмонҳо ин афрод дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон мавриди шиканҷа ва азияту озор қарор хоҳанд гирифт.

Дар пайи эътирози созмонҳое чун Amnesty International, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони ҳуқуқи башари СММ, Русияву Украина ва Туркия ба истирдоди Низомхон Ҷӯраев (дар соли 2011), Савриддин Ҷӯраев (соли 2009), Умаралӣ Қувватов, Ҳусейн Ашӯров, Сӯҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидов, раис ва аъзои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” (соли 2013), Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон (соли 2013) розӣ нашудаанд.

Ҳодисаи ахир дар ин росто боздошти Собир Валиев, як тан аз мухолифони давлати Тоҷикистон дар Молдова дар моҳи августи соли ҷорӣ аст, ки дар пайи фишори созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар Валиев ба Тоҷикистон истирдод нашуд.

XS
SM
MD
LG