Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федератсияи футболи Тоҷикистон - довталаби ҷоизаи AFC


​Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рӯйхати довталабони ҷоизаҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомил шудааст.

Дар рӯйхати довталабон барои дарёфти ҷоизаҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), ки нашр шудааст, Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба номинатсияи “Созмони футболи миллии дар ҳоли рушди сол” (AFC Member Association of the Year – Developing category) шомил гаштааст. Ба ҷуз ФФТ барои ин ҷоиза ҳамчунин федератсияҳои футболи Ҳонконг ва Ветнам довталабанд.

Маросими супурдани ҷоизаҳои AFC («AFC Annual Awards 2015»), ки дар он мавсими имсолаи футбол натиҷагирӣ шуда, лауреатҳои соли 2015 эълон мешаванд, рӯзи якшанбеи 29 ноябр дар пойтахти Ҳиндустон – Деҳлӣ – баргузор мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Хуршед Мирзоев, муовини раиси ФФТ, намояндагӣ мекунад.

Соли гузашта дар маросими супурдани ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Филиппин – Манила – Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҷоизаи президенти AFC барои рушди футболи кӯдакон ва футболи оммавӣ («AFC President Recognition Award for Grassroots Football») қадрдонӣ шуда буд.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳои AFC дар Деҳлӣ лауреатҳои соли 2015 аз рӯи бисёр номинатсияҳо эълон мешаванд. Аз он ҷумла, барои ҷоизаи “Беҳтарин бозигари Осиё” байни мардон се нафар - Чжен Чжи (Чин), Аҳмад Халил ва Умар Абдулраҳмон (ҳарду аз Аморати Муттаҳидаи Араб) ва миёни занон Елисе Келлонд-Кнайҷт (Австралия), Айя Мияма ва Руми Утсуги (ҳарду аз Ҷопон) довталаб мебошанд.

XS
SM
MD
LG