Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Зуҳуров: Мардум ва мақомот бояд якдигарро танҳо нагузоранд


Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар заминаи шарҳи тағйироти ахири кадрӣ дар Вазорати дифоъ гуфт, ки сокинон дар ин шабу рӯзи набояд мақомоти интизомиро танҳо гузоранд.

Саидамир Зуҳуров, сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ ва раҳбари пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз тағйироти кадрии 24 ноябр дар Вазорати дифоъ ва баъзе аз сохторҳои қудратии кишвар истиқбол кард ва афроди тозатаъинро “одамони санҷидашуда” номид. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки акнун дар пеши кадрҳои тозатаъин вазифаи муҳими “аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ” меистад.

Оқои Зуҳуров мегӯяд: "Ҳушёрии сиёсӣ - ин ватанро дӯст доштан, миллатро дӯст доштан, шахси бедор будан аст. Ватандӯст нисбат ба ҳар як коре, ки дар ҷомеа душман мехоҳад анҷом диҳад, набояд бетараф бошад ва бояд пешгирӣ ва фош кунад. Ҳодисаҳои Аврупоро бубинед, ки он ҷо чӣ мегузарад."

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллӣ дар шароите, ки ба қавли ӯ хатарҳои гуногун ба амнияти кишварҳо таҳдид дорад, ҳамкории сокинон бо мақомотро низ муҳим хонд. Ӯ гуфт, “дар ин шабу рӯз мардум бояд дар атрофи давлат, дар атрофи сохторҳои қудратӣ муттаҳид бошанд. Ёрӣ кунанд, ки ягон нохалаф сар нахалонад."

Рӯзи 24 ноябр муовини аввал ва муовинони вазири дифои Тоҷикистон аз мақомҳои худ барканор ва ба ҷойи онҳо афроди нав таъин шуданд. Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода, ки то ин дам фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳ буд, муовини аввал ва Абдулҳошим Ғуломзода, Асрор Латифзода ва Солеҳ Холзода муовинони нави вазири дифоъ таъин гардидаанд.

Ин тағйирот баъди ду моҳи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим ва муовини собиқи вазири дифоъ сурат гирифт. Назарзода ба ҳамлаҳои 4 сентябри соли ҷорӣ дар Ваҳдату Душанбе айбдор шуда, дар пайи амалиёти боздошташ дар дараи Ромит кушта гардид.

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, инчунин, Бобоҷони Абдуқодир фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳ таъин шуда, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, Ҷалолиддин Шарифов сардори раёсати иктишофии (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шудааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки муаррифии афроди тозатаъин дар ин ниҳоди низомӣ 24 ноябр аз сӯи Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои Амният, сурат гирифта, таъкид шудааст, то ҳамеша барои мубориза бо терроризм омода

Фаридун Маҳмадалиев
Фаридун Маҳмадалиев

бошанд. “Ҳеч кас гумон надошт, ки муовини вазири мудофиа, соҳиби ин қадар вазифаи баланд, соҳиби унвонҳои баланд, дар лаб хандаву дар камар ханҷар мегардад. Ҳоло назорат ва баланд бардоштани сифати кори ҳайати шахсӣ хеле ҷиддӣ ҳаст. Бояд ҳар хизматчии низомӣ бидонад, ки дар паҳлӯи ӯ кӣ кор мекунад. Амалҳои террористии моҳи сенятбр нишон дод, ки мақомоти интизомии мо хеле масъулияти баланд доранд. Дар давоми 12 рӯз анҷом додани ин амалиёт хизмати бузурги кормандони мақомти мо буд.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар суҳбати 24 ноябраш бо афроди тозатаъин “аз вазъи ноустувору зуд-зуд тағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, ба низоъҳои таҳмилӣ гирифтор шудани як гурӯҳ кишварҳои мустақил ва аз хиёнати нанговару нобахшидании як зумра собиқ низомиёни тоҷик” ёдоварӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, “таъмини амнияту осоиши ҷомеа, боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз ҳама манофеи дигар, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз вазифаҳои муҳимтарин аст”.

Дар ин суҳбат бо намояндагони тозатаъини сохторҳои низомӣ ва қудратӣ аз сокинон низ талаб шудааст, ки “дар муқобили таҳдиди хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва чолишҳои дигари замони муосир ҳушёру зирак бошанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот пайваста ҳамкорӣ намоянд”.

Рӯзи сешанбе дар баъзе аз сохторҳои қудратии кишвар ва ниҳодҳои дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, Бадриддин Мирзоев муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва Одилбек Носиров муовини сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъин шудаанд.

Инчунин сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иваз гардиданд.

XS
SM
MD
LG