Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эсхата" - барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи лигаи аввал


"Эсхата"-и Хуҷанд бо медалҳои нуқраи мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон мукофотонида мешавад.

Дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии даври пеш аз охирин, яъне даври 25-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон бар тими МТО (Марказии тайёрии олимпӣ)-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 7:2 пирӯз шуд, пешакӣ медалҳои нуқраро аз они худ кард.

Футболбозони “Эсхата” ба дарвозаи рақибонашон аз ҳама бештар - 78 тӯб – задаанд. Ду нафари онҳо - Ҳусейнхон Ҷалолов (26 тӯб) ва Абдумалик Шодиев (20 тӯб) – дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд.

Барои медалҳои биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи аввал ду даста – “Панҷшер”-и ноҳияи Румӣ ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ – талош доранд. “Панҷшер”, ки дар даври гузашта дар майдони худ рақиби аслиаш – “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод,бо 49 имтиёз аз 23 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи севум мебошад.

“Саройкамар”, ки дар даври 25-ум дар майдони худ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, бо 44 имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудааст. “Саройкамар” боз ду бозӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, “Ҳосилот”, ки пешакӣ ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи соли ояндаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шудааст.

Футболбозони Фархор таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев баъди пирӯзӣ дар бозии даври 24-уми мусобиқаи лигаи аввал дар майдони худ бар тими «Исфара»-и шаҳри Исфара бо ҳисоби бузурги 7:1, барои рақибонашон дастнорас гаштанд. “Ҳосилот”бо 53 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа садрнишин аст.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 25-ум

«Кӯктош» — «Зарафшон» — 3:0

«Панҷшер» — «Ҳулбук» — 4:1

«Помир» — «Канд» — 3:0

«Исфара» — «Локомотив» — 1:0

«Саройкамар» — «Ҳосилот» — 2:1

МТО — «Эсхата» — 2:7

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

23

17

2

4

51-18

53

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

24

16

4

4

78-33

52

3

«Панҷшер» (Румӣ)

23

14

7

2

45-18

49

4

«Ҳулбук» (Восеъ)

23

13

6

4

43-28

45

5

«Саройкамар» (Панҷ)

22

14

2

6

52-19

44

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

23

13

4

6

61-35

43

7

«Исфара» (Исфара)

23

10

2

11

43-45

32

8

«Чашма» (Шаҳритус)

23

8

2

13

41-53

26

9

«Помир» (Душанбе)

23

7

4

12

39-47

25

10

«Локомотив» (Душанбе)

23

5

4

14

24-53

19

11

«Канд» (Конибодом)

22

4

2

16

27-56

14

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

22

3

5

14

24-45

14

13

МТО (Хуҷанд)

22

2

0

20

26-104

6

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейнхон ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 26 тӯб, Абдумалик ШОДИЕВ («Эсхата») – 20 тӯб, Фирдавс МӮСОЕВ («Исфара») – 15 тӯб.

XS
SM
MD
LG