Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 ҷавон дар назди сафорати Амрико дар Душанбе


Ҷавононе, ки дар назди сафоратҳои Олмону Амрико дар Душанбе ҷамъ шуданд, мегӯянд, ки мақомот 5 тани онҳоро барои як соат боздошт кардаанд.

Намояндагони гурӯҳе аз ҷавонон, ки рӯзи 19 ноябр дар назди сафоратхонҳои Олмон ва Амрико дар Душанбе ҷамъ омаданд, мегӯянд, ки мақомоти шӯъбаи дуюми умури дохилаи ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон панҷ нафари онҳоро боздошт намуда ва танҳо баъд аз як соати бозпурсӣ, раҳо кардаанд.

Аммо масъулони шӯъбаи умури дохилаи Сино-2 аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд ва намегӯянд, ки ин 5 нафарро барои чӣ дастгир кардаанд? Ин ҳам маълум нест, ки оё алайҳи онҳо ягон парванда кушода шудааст ё на?

Субҳи 19 ноябр як гурӯҳ, ки худро "ҷавонони фаъол" мехонанд, дар назди сафоратхонаҳои Олмон ва Амрико дар шаҳри Душанбе ҷамъ шуданд. Онҳо мегуфтанд, ки барои дарёфти посухи номаи худ дар мавриди ихроҷи сарони мухолифони тоҷик аз Олмон ва Амрико дар назди сафоратхонаҳои ин ду кишвар дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Ин ҷавонон ҳудуди як моҳ қабл бо супурдани нома ба ин ду намояндагии дипломатӣ, хостори ихроҷи Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев ва Абдулмалик Абдуллоҷонов аз он кишварҳо шуда буданд. Ба иддаои онҳо, ин се мухолифи умдаи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар Олмону Амрико паноҳ бурдаанд ва аз онҷо бо истифода аз пойгоҳҳои интернетӣ алайҳи ҳукумат мубориза мебаранд.

Ин гурӯҳи ҷавонон рӯзи 19 ноябр ибтидо ба назди сафорати Олмон дар Душанбе рафтанд. Як намояндаи сафорати Олмон дар посух ба онҳо гуфтааст, ки онҳо ҳеч мактубе дар ин робита аз онҳо дарёфт накардаанд. Ба онҳо ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳоло сафири Олмон дар Тоҷикистон берун аз кишвари мизбон қарор дорад ва то бозгашти ӯ дар робита ба ин қазия ҳеч маълумот ироа карда наметавонанд.

Боздошти як гурӯҳ аз ҷавонон дар назди сафорати Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Сипас ин ҷавонон ба назди сафорати Амрико дар Душанбе рафтанд, вале, ба гуфтаи онҳо, ба маҳзи расидан ба онҷо, аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Сино барои ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ боздошт шуда ва барои бозпурсӣ ба милисахона интиқол ёфтанд. Яке аз ин ҷавонон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи онҳо ташкили гардиҳамоӣ набуд, балки танҳо барои дарёфти посухи номаи худ дар мавриди ихроҷи сарони мухолифони тоҷик, ки қаблан ба ин сафоратхонаҳо таслим карда буданд, ба онҷо рафтаанд.

Аслиддин, як тан аз ин ҷавонони боздоштшуда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шӯъбаи пулис ҳудуди як соат онҳоро бозпурсӣ намудаанд. Ба гуфтаи вай, аз онҳо дар мавриди ҳадафи таҷаммӯъ суол кардаанд.

Дар гузашта низ чанд дафъа дар назди сафоратхонаҳои Амрико дар шаҳри Душанбе як дафъа бо талаби ба Тоҷикистон супурдани сарвазири собиқи ин кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов, ки бино ба хабарҳо, 20 сол боз дар Амрико ба сар мебарад, чунин як тазоҳурот доир шуда буд. Бори дигар як гурӯҳ дар пайи боздошти Александр Содиқов бо иттиҳоми ҷосусӣ дар назди сафорати Бритониё ҷамъ шуда, ба сӯи бинои сафорат сангандозӣ ҳам карданд.

Аммо дар маҳофил бар ин назаранд, ки ин гирдиҳамоиҳо ташкилшуда буда, ширкаткунандагонаш бидуни ҷазо раҳо мешаванд. Онҳо дар ин робита ба қонунгузории кунунии Тоҷикистон ишора мекунанд, ки барои ташкил ва ширкат дар тазоҳуроти бидуни иҷозат ҷазоҳои сангин муқаррар кардааст, вале ширкаткунандагони раҳпаймоиҳои, ба ақидаи онҳо, "фармоишӣ" танҳо барои зоҳир боздошт ва баъди андаке бо ягон ҷазои сабуке, мисли ҷарима, озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG